Таҳлилгарону сокинони минтақаҳои наздимарзӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, номуайянӣ ва ё пинҳон будани нуқтаҳои минкоришуда дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ҳамоно доғ ва фоҷиабор боқӣ мемонад.
Мавзӯи хатари минаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дар ҳоле рӯ мезанад, ки ахиран 2 сокини ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон бар асари таркиши мина ҷон бохтаанд. Ин ҳодиса рӯзи 16 октябр дар ағбаи Ҷумон, ҳаммарз бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд рух додааст. Сокинони деҳаи Фароби Панҷакент, ки шахсияташон муайян нашудааст ҳангоми убури марз бо мина бархӯрдаву фавтидаанд.
Мақомоти расмӣ ҳадафи ба тарафи Узбакистон гузаштани ин ду нафарро ҳанӯз рӯшан накардаанд. Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев -- сардори дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таҳқиқи ин ҳодиса ҳоло идома дорад.
"Аз сабаби он ки минтақаи баландкӯҳ ҳаст ва боду ҳаво ҳам номусоид буд, ҷасадҳо ҳоло ба Тоҷикистон оварда нашудаанд ва муайян нест, ки онҳо кӣ ҳастанд. Вале то ҷое маълум шудааст, онҳо хатти сарҳадро ғайриқонунӣ гузашта, дар заминҳои Узбакистон дар натиҷаи таркиши мина фавтидаанд," – афзуд ӯ.
Ҷаноби Улуғхоҷаев хабарҳо дар робита ба эҳтимоли боздошт шудани чанд сокини дигари Тоҷикистон ва ҳамчунин тирпаронӣ дар марзро рад кард.
Сокинони деҳаи Фароб низ ин эҳтимолро истисно намедонанд, ки шояд кушташудаҳо бар асари номусоид ё абрӣ будани боду ҳаво ноогоҳона ба минтақаи минкоришудаи Узбакистон по гузоштаанд. Зокирбой Урунов, раҳбари деҳоти Фароб, мегӯяд, тайи 2-3 соли ахир дар ин минтақа мавзеъҳои хатарноку минкоришуда аломатгузорӣ шудаанд ва мардум ҳам дигар аз убури ин гузаргоҳҳо худдорӣ мекарданд.
Тоҷикистону Узбакистон то имрӯз дар мавриди таъин кардани 80 дарсади сарҳади муштаракашон ба созиш расидаанд. Аммо ба далели пурра мушшахас ва аломатгузорӣ нашудани хатти марз, сокинони ин ду кишвар зимни чарондани чорво ва ё ҷамъоварии ҳезум ноогоҳона аз манотиқи марзӣ убур карда, дар минаҳо таркида ва ҷони худро аз даст додаанд. Узбакистон сар аз соли 1999-ум ба гуфтаи мақомоти ин кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди афроди муссалаҳ марзҳояш бо чанд кишвари ҳамсоя мингузорӣ кард.
Бо вуҷуди сар задани фоҷиаҳои зиёд дар марз, то имрӯз кишварҳо натавонистаанд дар муайян кардани хатти марз пурра ба тавофуқ расанд. Як мушкили аслии Тоҷикистон ҳам ин дар ихтиёр надоштани нақшаи қитъаҳои минкоришудаи марз бо Узбакистон аст. Ҷӯра Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд маҳз ҳамин номуайянии хатти марз боис ба марги фоҷиабори даҳҳо сокини Тоҷикистон шудааст. Вай мегӯяд як сабаби аслии ҳамоно доғ боқӣ мондани ин масъала ҳам дар заиф будани кори Комиссияҳои муштарак аст, ки барои рафъи ин мушкилот таъсис ёфтааст.
Бино ба иттилои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба поккорӣ аз минаҳо, 11,2километри мурраббаъ замин дар кишвар аз мина ва дигар маводи тарканда тоза нашудааст. Аммо дар маҷмӯъ тайи даҳ соли ахир 190 майдони минадор дар 14 ноҳияи кишвар, ба вижа дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон поксозӣ шуда, беш аз 12 километри мурраббаъ аз мина озод карда шудааст. Шумори қурбониёни таркиши минаҳо дар 15 сол дар Тоҷикистон беш аз 800 нафар арзёбӣ мешавад, ки 90 дар сади онҳо мардуми осоиштаанд. Аз ин теъдод беш аз 300 нафар дар пайи таркиш фавтида, боқӣ маҷрӯҳ шудаанд.
Бино ба маълумоти созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ҳоло 350 ҳазор нафар дар минтақаҳои хатар ба сар мебаранд. Тоҷикистон узви Аҳдномаи Оттава мебошад ва тибқи он бояд то якуми апрели соли 2020 ҳама минаҳову маводи тарканда ошкор ва поккорӣ шавад.