Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоддон: Мардум намехоҳанд сарчашмаи пулро ифшо кунанд


Бархе иқтисоддонҳо аз тасмими нави Бонки Миллӣ истиқбол карданд, ки ба сокинони кишвар ва афроди хориҷӣ ҳақ дод, бидуни зикри манбаи даромадашон долларҳои худро ба Тоҷикистон биёранд.

Ораш Хоҷамуродов, иқтисоддони тоҷик, аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар ҷалби амонатҳо бо асъори хориҷиро ба нафъи низоми бонкии Тоҷикистон донист. Бонки Миллӣ рӯзи 9 ноябр ба сокинони кишвар ва афроди хориҷӣ ҳақ дод, ки бидуни зикри манбаи даромадашон долларҳои худро дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон бигузоранд.

Хоҷамуродов гуфт, "то ба ҳол дар ҷалби амонатҳои мардум як муқаррарот мавҷуд буд. Яъне агар шахс беш аз 70 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор долар) амонат мегузошт, бонк аз ӯ дар мавриди сарчашмаи ин маблағ, яъне декларатсия оид ба даромадҳо мепурсид. Воқеан, мардум намехоҳанд дар бораи сарчашмаи пулашон маълумот диҳанд. Дар мо мақоли "ангура хуру боғаша напурс" маъруф аст."

Ин иқтисоддони тоҷик афзуд, бинобар ин, тасмими аз байн бурдани ин маҳдудиятҳо дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ба умури бонкӣ дар кишвар хуни тоза” ворид хоҳад кард.

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 9 ноябр бо нашри дастури расмӣ аз сокинони кишвар ва хориҷиҳо хост, ки ҳар чӣ қадар имкон доранд ба кишвар доллар ворид кунанд ва ҳақ доранд, ки манбаи онро ифшо накунанд. Масъулони Бонки Миллӣ мегӯянд, ин кор "бо ҳадафи фароҳам кардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, маҳдуд кардани гардиши ғайрирасмии асъори хориҷӣ ва таъмини минбаъдаи рушди низоми бонкӣ" гирифта шудааст.

Ин дастури нави Бонки Миллӣ аз чор банд иборат буда, дар қисми аввали он гуфта шудааст, "шахсони воқеӣ (резидент ва ғайрирезидентҳо) минбаъд метавонанд асъори нақди хориҷиро ба суратҳисобҳои бонкии дар ташкилоти қарзӣ кушодаашон, бе маҳдудияти ҳаҷми маблағ ва бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаи пайдоиши онҳо ворид намоянд."

Дар банди дигари ин дастур ташкилоти қарзӣ муваззаф шудаанд, ки асъори нақди хориҷии барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ пешниҳодкардаи шахсони воқеиро бе маҳдудият ва бо риояи талаботи муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабул кунанд.

Тақрибан як сол боз қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ боло меравад ва як муддат Бонки Миллии Тоҷикистон талош кард, ки қурбро таҳти контроли худ бигирад. Дар он вақт қурби расмии доллар дар саррофиҳо ба 6 сомониву 56 дирам баробар буд. Аммо як моҳи пеш Бонки Миллӣ дубора эълон кард, ки қурбро ташкилоти қарзӣ муайян хоҳанд кард ва баъд аз он якбора қурби расмии доллар дар саррофиҳо то 6 сомониву 70 дирам ва аз он бештар боло рафт.

Қурби расмии як доллари Амрико ду сол пеш дар бозори арзи Тоҷикистон 4 сомониву 76 дирам буд.

Ба дунболи уфти қурби рубл, танга – пули миллии Қазоқистон – танҳо дар соли ҷорӣ ду дафъа таҳти девалватсия қарор гирифт ва ҳар бор аз 25 то 30 дарсад қурбашро аз даст дод. Bloomberg Блумберг, яке аз бунгоҳҳои мӯътабари таҳлили вазъи иқтисодии ҷаҳон, дар моҳи август дар пешбиниҳояш пули миллии Тоҷикистонро низ дар қатори 10 пуле ном бурд, ки дар пайи беқурбшавии танга ба хатари бештари чунин беқурбшавӣ рӯбарӯ мебошанд.

Иқтисодшиносони тоҷик низ мегӯянд, ба таври маъмурӣ ва бо интервенсияҳои арзӣ нигоҳ доштани қурби сомонӣ ба пуфаке мемонад, ки ягон рӯз мисли тангаи Қазоқистон метавонад битаркад ва боиси уфти якбора ва дардноки пули миллии Тоҷикистон шавад. Онҳо мегӯянд, азбаски беш аз 90 дарсади пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ меоянд, ин омил қурби сомониро дар як ҳолати ларзонак нигоҳ медорад.

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ин нигарониҳоро бепоя номида, мегӯяд, “барои воҳимаю ҳангома ягон асос ва замина вуҷуд надорад.” Бонки миллӣ мӯътақид аст, ки сиёсати реҷаи қурби шинокунандаи танзимшавандаи ин ниҳод тавони аз катаклизмҳое, чун уфти башиддати қурбаш дар бозори асъор, нигоҳ доштани пули сомониро дорад.

Дар Бонки миллӣ аз ҷумла ба ин нукта таъкид мекунанд, ки дар пайи иваз шудани раҳбарияти ин ниҳод дар моҳи май уфти қурби сомонӣ тақрибан манъ шуд ва тағйироте ки дар 5 моҳи охир дар қурби пули миллии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, танзимшаванда ва таҳти назорат аст. Ин ниҳод рӯзи 3 сентябр бо Бонки мардумии Чин ҷиҳати ҷалби 3,2 миллиард юан, муодили тақрибан 500 миллион доллар тавофуқ кард, ки як ҳадафаш низ ҳимояти қурби пули миллӣ дар бозори асъор гуфта мешавад.

Қабули пул бе ифшои манбаи он чӣ маънӣ дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

XS
SM
MD
LG