Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибеки Мурод: Номам ба ҳама забони олам - Айлон


Айлон Курдӣ (чап) бо бародараш Ғолиб
Айлон Курдӣ (чап) бо бародараш Ғолиб

Ҷонибеки Мурод, овозхони маъруфи тоҷик, дар сӯги Айлон - паноҳҷӯи сесолаи курд, ки ҷасадашро дар аввали моҳи сентбяри соли ҷорӣ дар соҳили баҳр дар Туркия пайдо карданд, тарона иҷро намудааст.

Ҷонибеки Мурод, овозхони маъруфи тоҷик, дар сӯги Айлон Курдӣ -- паноҳҷӯи сесолаи курд тарона иҷро кардааст. Ҷасади Айлон рӯзи 2 сентябри соли ҷорӣ аз соҳили рӯдхонаи Туркия пайдо шуда ва вокунишҳои мухталифро дар ҷаҳон ба дунбол дошт.

Ҷонибеки Мурод 30 ноябр дар сӯҳбати телефонӣ аз Маскав ба Озодӣ гуфт, ки ин тарона ҳудуди ду моҳи пеш омода шуда ва аммо тоза ба дасти ҳаводоронаш расидааст. “Ҳамон вақт ин кӯдаки маъсум ба хобам даромада буд ва фикр кардам, шояд барояш шеър эҷод кунем. Гоҳе вақт баъзе тасвирҳо ҳеч аз пеши назар дур намераванд. Аз ҷумла, тасвири Айлони сесола низ. Дидани акси рӯ ба оби ӯ тоқатнопазир аст. Вай дар тамоми умри кӯтоҳаш талош дошт, ки аз ҷангу ҷидол ва хунрезиҳо раҳоӣ ёбад. Ҳадафи мо аз таронаи “Айлон” матраҳ кардани ҳамин мавзӯъ буд," -- афзуд ӯ.

Матни таронаи "Айлон"-и Ҷонибеки Муродро шоири шинохта Озарахш навишта, оҳангашро Даврони Раҳматзод дуруст кардааст. Навори ин тарона рӯзи 28 ноябр дар саҳифаи "Tamoshow" дар Ютуб гузошта шуд ва то кунун ҳудуди се ҳазор нафар онро боздид карда, иддае низ назару андешаҳои худро дар пайи он навиштаанд. Бархе аз корбарони Интернет аз чунин таронаи Ҷонибек истиқбол карда, аммо хостаанд, дар сӯгӣ Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки баъд аз як рӯзи аз модараш ҷудо кардани маъмурони пулис дар Санкт-Петербург ҷон дод, низ таронае хонда шавад.

Ҷонибеки Мурод низ тасдиқ кард, ки то кунун иддае аз мухлисонаш ӯро барои он ки дар сӯги Умаралӣ тарона нахондааст, накӯҳиш кардаанд. Ӯ мегӯяд, “аммо таронаи “Айлон” пештар аз марги Умаралӣ эҷод шуда буд ва марги ӯ низ дардовар аст. Ҳоло дар фикри як тарона барои Умаралӣ низ ҳастем. Қазияи марги умаралӣ дарди ҳамаи мост.”

Вале гуфт ӯ, “бо эҷоди таронаи “Айлон” роҳро боз кардем ва дигар ҳофизони мо метавонанд, ки дар бораи Умаралӣ низ тарона иҷро кунанд. Фақат дар бораи ишқу ошиқӣ нахонанаду як каме ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ низ рӯй оваранд.”

Акси Айлон Курдӣ, ки ҷасадаш 2 сентябр дар соҳилҳои Бодруми Туркия пайдо шуда буд, бисёриҳоро дар ҷаҳон бетараф нагузоштааст. Ин писарбача ҳамроҳ бо падару модар ва бародараш талош дошт аз кишвари ҷангзадаи Сурия ба Аврупо роҳ ёбад, то ки зиндагии навро шурӯъ кунанд. Вале қаиқи қочоқбарон дар роҳ аз Туркия ба Юнон ғарқ шуд ва обҳои баҳр ҷасади беҷони Айлон, бародараш Ғолиб ва модараш Райҳонаро баъди як муддат ба соҳил баровард.

Акси рӯ ба оби Айлонро, ки гӯё дар ҳолати хоб буд, тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ нашр ва ҳукуматдорони Аврупову Ғарбро дар бебандубории сиёсати муҳоҷират гунаҳкор карданд. Акси Айлон ба як рамзи бадбахтии муҳоҷирони кишварҳои ғарқи хуну ҷанг табдил шуд, ки мардуми бегуноҳро саргардону овора кард.

XS
SM
MD
LG