Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти "нодухтарон" - хоҳари арӯс ба ҷойи арӯс


Бархе аз арӯсҳоро дар Афғонистон, ки дар шаби аввали никоҳ бокира набуданашон ошкор мешавад, сарнавишти талхе чун таҳқиру озори якумрӣ ва ҳатто марг интизор аст.

Баъзе аз духтаронро дар Афғонистон, ки дар шаби аввали никоҳ бокира набуданашон ошкор мешавад, сарнавишти талхе чун таҳқиру озори якумрӣ ё ҳатто марг интизор аст. Бар асоси анъанаҳои афғонҳо арӯс бояд бокира бошад ва онро дар шаби никоҳ собит кунад. Як духтари афғон, ки бо хабарнигори бахши дарии Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар бархе аз навоҳии Афғонистон то ҳол одати тафтиши рӯйҷойи рахти хоб пас аз шаби аввали никоҳ маъмул аст. Яъне, тибқи ин одат бояд пайвандони шавҳар ба бокира будани арӯс мутақоид шаванд.

Ҳатто дар сурати афтодани камтарин соя дар бакорати арӯс паёмадаш нохуш хоҳад буд. Мавридҳои тақозои ҷониби домод барои "иваз кардани ин гуна арӯс бо хоҳари ӯ" дар Афғонистон ба мушоҳида расидааст. Ҳатто арӯсе, ки бокира будани худро собит карда наметавонад, мумкин аст зиндонӣ шавад.

Як зани афғон мегӯяд, "дар баъзе маворид гӯшу бинии арӯсро мебуранд. Ӯро маҷбур мекунанд, бо либоси касиф ба хонаи падару модараш равад. Ё мӯи сарашро метарошанд. Ба хонаводаи арӯс мегӯянд, ки духтаратон бокира нест. Ҳодисаҳои куштани арӯс ва фиристодани ҷасади ӯ ба падару модар низ рух додааст."

Баррасии ин мавзӯъ дар Афғонистон мамнӯъ аст. Аммо ҳаводиси ахири муҷозоти духтарон дар ҳузури ом ба иттиҳоми бокира набудан таваҷҷӯҳро ба ин мушкил ҷалб кардааст. Дар охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ дар вилояти Ғӯр духтари 26-сола бар асари захмҳое, ки дар муҷозоти ошкор ба зарбаи камарбанд бардошта буд, даргузашт. Ӯро барои фирор аз хона гунаҳкор карданд. Дар моҳи октябр Рухшонаи 19-соларо Толибон ба иттиҳоми равобити ҷинсии ғайришаръӣ сангсор карда куштанд. Дар моҳи август ҷавону духтар ба ҷурми равобити номашрӯъ дар зуҳури ом лату кӯб шуданд.

Дар паси муҷозоти духтар дар бештари ҳолат хонаводаи ӯ қарор доранд. Баъзан ин хонаводаҳо духтарро барои додани муҷозот ба ниҳодҳои қудратӣ месупоранд, ҳатто духтари худро барои "доғдор сохтани шарафи оила" ба қатл мерасонанд.

Марям Зумрадӣ, намояндаи Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ба Озодӣ гуфт, "тибқи одати мавҷуда арӯси нодухтарро ба хонаи волидайн бармегардонанд. Барои ҷилавгирӣ аз шармандагӣ ин хонавода духтари дигари худро ба ҷониби хонаводаи шавҳар пешниҳод мекунад. Дар бархе манотиқ ин гуна духтарро мекушанд. Дар бархе ҳолат шавҳар арӯси нодухтарро то охири умр таҳқиру озор медиҳад."

Марзия, сокини вилояти Парвон мегӯяд, хоҳари ӯ, ки ба ҳангоми шаби никоҳ бокира набуданаш ошкор шуда буд, аз ҷониби шавҳараш таҳқиру азият мешавад.

Ҳолатҳои то ҷашни арӯсӣ иҷборӣ санҷидани бакорати духтар низ вуҷуд дорад. Дар ин гуна шароит пизишкони бемористони давлатӣ бакорати духтарро месанҷанд. Мудофеони ҳуқуқи башари байналмилалӣ ин гуна санҷишро мухолиф ба ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон низ барои домод ва хонаводааш духтур ё нодухтар будани келини оянда бисёр муҳим аст. Соли гузашта гурӯҳе аз мутахассисони бахши тиббӣ-додгоҳии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки қабл аз издивоҷ арӯсу домодҳо ташхис шаванд.

Бино бар омори расмӣ, дар соли гузаштаи 2014 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 кас муроҷиат кардаанд. Ин далел, ки бакорати арӯс аз омилҳои муҳими ояндаи як хонавода дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад, баъзе аз духтаронро, ки воқеан ҳам то издивоҷ бо марди дигар робита доштаанд, маҷбур мекунад, ки амалиёти пластикӣ бигиранд ва “шарафу номус”-и худро дар шаби аввали издивоҷ ҳифз кунанд.

XS
SM
MD
LG