Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбоналӣ Идрисов: Мактаби эроншиносии Русия "зинда" аст


Донишманди тоҷик Қурбоналӣ Идрисов сарпарасти Бунёди байнулмилалии эроншиносӣ дар шаҳри Маскав таъин шуд.

Донишманди тоҷик Қурбоналӣ Идрисов ахиран сарпарасти Бунёди байнулмилалии эроншиносӣ дар шаҳри Маскав таъин шуд. Ӯ фориғултаҳсили факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва аз ин пеш дар Академияи улуми Тоҷикистон кор карда, чанд сол дар Қазоқистон ба тадриси донишҷӯён ва пажӯҳиш дар бахши эроншиносӣ машғул буд.

Қурбоналӣ Идрисов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 3 январ гуфт, ки ӯ алҳол фақат сарпарасти Бунёд аст ва номзадияш ба зудӣ дар нишасти Шӯрои муассисон баррасӣ мешавад.

Донишманди тоҷик иқрор кард, ки пешниҳоди раҳбарии Бунёди байнулмилалии эроншиносӣ барояш ғайриинтизор буд, зеро ба Маскав фақат барои идомаи таҳқиқоту нашри ду дастхати нодир омада буд. Дар маҳофили эроншиносии пойтахти Русия бо ӯву таҳқиқоташ ошно шуданд ва аз ӯ хостанд то раҳбарии Бунёди байнулмилалии эроншиносиро бар ӯҳда бигирад.

Қурбоналӣ Идрисов ҳадс мезанад, ки шояд ду тарҳи илмии ахираш – таҳқиқи ду асари нодир таваҷҷуҳи эроншиносони русро ҷалб карда ва ӯро ба ин мақом лоиқ донистанд. Яке аз тарҳҳои Қурбоналӣ Идрисов китоби “Таъдил-ул-улум” аст, ки аз сӯи донишмандони хонаводаи барҷастаи илмии Маҳбубиҳо дар Бухорои шариф дар қарнҳои 13-14 таълиф шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ин китоб ба забони арабист ва то ҷое, ки хабар дорад, то ҳол онро ягон бор нашр накардаанд. "Чанд соли ахир машғули ҷамъоварии нусхаҳои хаттии ин китоб будам, то дар оянда ба чопи илмӣ-интиқодияш муваффақ шавад ва, хушбахтона, қабл аз Соли нав ҳангоми сафар ба шаҳри Қазон аз китобхонаи донишгоҳи ин шаҳр нусхае аз ин китобро пайдо кардам, ки бо сифати хело хуб маҳфуз мондааст", мегӯяд ӯ.

Ҳамзамон ӯ талоши таҳқиқу нашри рисолаи кӯчаке бо номи “Ал-Ақоид ан-Насафия”-ро ҳам дорад, ки мансуб ба қалами донишманди маъруфи қарни 12 Наҷмуддини Насафӣ аст. Аммо Қурбоналӣ Идрисов мехоҳад, ки нашри форсӣ-тоҷикии ин китобро ба донишмандону алоқамандон муаррифӣ кунад – ин рисола қабл аз арабӣ аз сӯи Наҷмиддини Насафӣ бо забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда буд ва “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат” ном дошт. Рисолаи Насафӣ барои муҳаққиқони таърихи забони форсӣ-тоҷикӣ ҳам бисёр муфид аст, зеро намунаи барҷастаи насри форсӣ дар қарни 12 аст.

Аз Қурбоналӣ Идрисов суол кардем, ки вазъи эроншиносии Русияро чӣ гуна дарёфтааст ва баъд аз сари донишмандони маъруф чун Василий Бартолду Евгений Бертелс ва Иосиф Брагинский бори асосии ин бахши илм рӯи шонаи киҳост? Хушбахтона, мактаби эроншиносӣ ҳам дар Маскав ва ҳам дар Санкт-Петербург "зинда" ва побарҷост ва рӯи шонаи афроде аз қабили Иван Стеблин-Каменский, профессор Наталя Пригарина, Георгий Ежов ва даҳҳо нафари дигар аст, мегӯяд ӯ.

Донишманди тоҷик меафзояд, чанд муддате, ки дар маҳофили эроншиносии Маскав қарор дорад, таваҷҷуҳу алоқаи ҷавонони зиёдеро ба ин бахши илми ховаршиносӣ мушоҳида кардааст.

Бунёди байнулмилалии эроншиносии Маскав як ниҳоди мустақил аст, ки 18 январи соли 2008 аз сӯи вазорати адлияи Русия сабти ном шудааст. Он аз сӯи эроншиносони маъруфи рус Ежов, Рубинчик, Восканян, Пригарина, Стеблин-Каменский ва Имонипур барои пажуҳиши осори хаттии донишмандони ҳавзаҳои илмиву адабии Эрону Афғонистону Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва муаррифии ин осор дар ҷомеъаи Русия таъсис шудааст. Бунёд соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кард ва нахустин раҳбари он донишманди маъруфи эронии муқими Русия Муҳсини Ҳайдарниё буд.

XS
SM
MD
LG