Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе таҳлили хуну пешоб - ба артиш


Нишасти "Бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо" дар Хуҷанд
Нишасти "Бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо" дар Хуҷанд

Як масъули раёсати тандурустии Суғд гуфт, ки ба далели камбуди пул бештари даъватшавандаҳо ба хидмати ҳарбӣ бе ташхиси ҷиддие мисли таҳлили хуну пешоб ва ташхиси шуш сабт мешаванд.

Як масъули раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, ки ба далели камбуди маблағ бештари даъватшавандаҳо ба хидмати ҳарбӣ бе ташхиси ҷиддии тиббӣ сабтином мешаванд. Ин нукта 26 январ аз забони Фахриддин Ҳакимов дар нишасти "Бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо" дар Хуҷанд садо дод.

Ӯ гуфт, ки "ба сабаби маблағгузорӣ нашудани комиссариатҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои тандурустӣ аксари даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ бе таҳлилҳои хун, пешоб ва ташхиси шуш ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта мешаванд."

Ҳакимов афзуд, бархе ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо барои "муташаккилона" ба роҳ мондани маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ ҳазорҳо сомонӣ пул ҷудо мекунанд, аммо ин маблағҳо то комиссариати ҳарбӣ намерасад.

Ҳамасола комиссариати ҳарбии вилояти Суғд дар марҳилаи ниҳоӣ даҳҳо ҷавонидаъватшавандаро бино ба бемориашон ба ҷойи қисми низомӣ барои табобат ба шифохона мефиристад. Дар Тоҷикистон навҷавонони синни 16 маъмулан дар моҳҳои январ – феврал дар комиссариати ҳарбӣ сабтином мешаванд. Баъди гузаштан аз ташхис ба онҳо шаҳодатномаи уҳдадории хидмати ҳарбӣ дода мешавад. Вале барои адои хидмати ҳарбӣ ҷавонони синни 18 даъват мешаванд.

Музаффар Бобоҷонов, раҳбари созмони ҷамъиятии “Иттифоқи волидайни сарбозон” дар Хуҷанд мегӯяд, норасоии духтурон дар бархе аз шаҳру шаҳракҳо, пинҳон доштани бархе бемориҳо аз ҷонибидаъватшавандаҳо, мисли бемории рӯҳонӣ ва надоштани пешоб низ боис мегардад, дар шаҳодатномаи даъватшаванда “сиҳат” ва “қобили адои хидмати ҳарбӣ” навишта шавад. Ин гуна сарбози бемор аз қадами аввали хидмат барои афсарону табибон ва наздиконаш дарди сар эҷод мекунад ва билохира муҳлати хидматро ним накарда, бозпас мегардад.

Маъруфҷон, як ҷавон аз ноҳияи Зафаробод мегӯяд, кормандони комиссариати ҳарбӣ ӯро ду соли қабл дар даъвати баҳорӣ аз саҳро дошта ва ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд. Аммо баъди ҳамагӣ 3 моҳи хидмат дар қисми ҳарбии ноҳияи Спитамен табибон дар вай нишонаҳои бемории силро ошкор карда барои табобат аввал ба шифохонаи ноҳиява сипас ба табобатгоҳи бемориҳои сили Деҳмой равон карданд. Маъруфҷон аз хидмати ҳарбӣ ба саабаби беморӣ озод шуд. Вале ҳоло соли дуюм аст, ки бо маблағи волидони деҳқонаш табобат мегирад.

Фахриддин Ҳакимов, аз масъулони раёсати тандурустии Суғд мегӯяд, аз он даъватшавандагоне ҳам, ки зимни ташхиси тиббӣ замони сабтиноми аввалия табибон беморӣ ошкор мекунанд, танҳо ҳудуди 75 дарсад бо “чорабиниҳои солимгардонӣ” фаро гирифта мешаванд.

Даъватшаванда бо роҳхати комиссариати ҳарбӣ бояд бепул табобат карда шавад, вале зоҳиран дар Тоҷикистон табобати бепул дар рӯи коғаз мондааст.

Коршиносони суҳбати мизи гирди рӯзи сешанбе дар Хуҷанд гуфтанд, ки дар соли 2015 дар вилояти Суғд мавридҳои ҷалби иҷборӣ ё “облава”-и ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, ки дар соли 2014 ба авҷаш расида буд, хеле кам рух додааст. Ин нишаст таҳти унвони “Бақйдгирии ибтидоии ҳарбӣ - мушкилот ва роҳҳалли онҳо” аз ҷониби созмони “Дафтари озодиҳои шаҳвандӣ” ва бо иштироки намояндагони идораҳои тандурустӣ, маориф, муаллимони фанҳои омӯзиши ҳарбӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG