Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти истихбороти Амрико: Русия ба Толибон кумак мекунад


Дар авохири моҳи сентябри соли гузашта Толибон барои чанд рӯз шаҳри Кундузро тасарруф кард
Дар авохири моҳи сентябри соли гузашта Толибон барои чанд рӯз шаҳри Кундузро тасарруф кард

Бино ба маълумоти Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад.

Як намояндаи Хадамоти ҷосусии амрико ба агентии Associated Press гуфтааст, Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд.

Ин манбаъ гуфтааст, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кумак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ дода ва бо силоҳ таъмин кардааст.

Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба Associated Press гуфтааст: "Русҳо ба Толибон пул ва силоҳ доданд, то онҳо алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, вориди набард шаванд. Бад ин тартиб, дар дасти аъзои гурӯҳи Толибон худкори навтарини "Калашников", ки танҳо дар Русия истеҳсол мешавад, пулемёти "Калашников" ва гранатамётҳои зиддитанкӣ пайдо шуданд".

Ба гуфтаи ин намоянда, ин кумакҳои низомӣ мумкин аст хеле осон аз тариқи Тоҷикистон ба манотиқи шимоли Афғонистон ирсол шавад.

Манбаъи Associated Press муътақид аст, ки Русия аз тариқи пуштибонӣ аз гурӯҳи Толибон мехоҳад, ба ҳукумати дастнишони амрикоии Кобул садама ворид кунад.

Зимнан, музокироту ҳамкориҳои Русия бо гурӯҳи Толибони Афғонистон мавзӯъи тозае набуда ва дар зарфи се моҳи ахир расонаӣ шудааст.

Аз ҷумла, нашрияи бритониёии “The Sunday Times” дар шумораи рӯзи 27 декабри соли гузашта аз қавли як фармондеҳи ҷангии Толибон дар бораи як мулоқоти махфии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари кунунии ҷунбиши Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур хабар додааст. Манбаи нашрия, ки номаш нашр шудааст, гуфтааст, Путин ва Мулло Мансур роҳҳои пуштибонии эҳтимолии Русия аз чирикиҳои Толибонро баҳс кардаанд. Ба иддаои ин манбаъ, дидори онҳо нисфишаб сари хӯроки шом дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон доир шудааст. Ӯ ҳамчунин ба “The Sunday Times” гуфтааст, ки Толибон қабл аз пешрафтҳояш дар вилояти ҷанубии Ҳилманд аз сӯи Русия ваъдаи ёриҳои моливу таслиҳотӣ гирифтааст.

Вале як сухангӯи Кремл ба “The Sunday Times” гуфта буд, ки ин хабар асос надорад. Дар ҳоле ки тасдиқи иддаоҳои омада дар гузориши нави “The Sunday Times” аз сӯи манобеи дигар имкон надорад, вале Владимир Путин рӯзҳои 15-16 моҳи сентябри соли 2015 ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Душанбе қарор дошт.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов пас аз як рӯзи чопи ин матлаб дар “The Sunday Times” дар як сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки “дар миёни Толибон як гурӯҳ толибҳои ба истилоҳ нармтар ҳастанд, ки мехоҳанд бо Русия гуфтушунид кунанд. Бо миёнаравии чанде аз давлатҳо баъзе гуфтушунидҳо сурат гирифтанд, аммо то ҳол ягон натиҷаи мушаххас ба даст наомадааст.” Фролов дар ин маврид аз кадом давлати мушаххас ном набурд ва хабарҳо дар бораи мулоқоти мустақими Путин бо Мулло Мансурро ҳам шарҳ надод.

Аз сӯйи дигар, Замир Кобулов , раҳбари департаменти дуюми Осиё дар вазорати хориҷаи Русия ва намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон дар мусоҳибаи ихтисосие бо хабаргузории ТАСС дар моҳи гузашта гуфта буд, Маскав аз хатти машши ҳукумати Афғонистон барои расидан ба оштии миллӣ пуштибонӣ мекунад ва “омода аст дар масъалаи сабуктар кардани режими таҳримоти Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Толибон бархӯрди нармтар кунад.” Аммо Кобулов илова кардааст, ки “агар ин мухолиф ба манфиатҳои миллии Афғонистон набошад.”

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар як соли пеш ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар моҳи сентябри соли 2015 барои чанд рӯз шаҳри муҳими Қундузро ба даст оварда, ҳоло чанд вулусволӣ дар вилояти Ҳилманд ва дастикам ду вулусволӣ дар марз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ доранд. Аммо дар ин авохир дар баробари ҳукумати Афғонистон бо рақибони худ аз “Давлати исломӣ” низ дастбагиребон шудаанд. Аз ҷумла, аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ дар бораи даргириҳои шадид байни ин ду гурӯҳи чирикӣ дар вилояти Зобул гузоришҳо ба даст мерасанд. Гуфта мешавад, Усмон Одил, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ба “Давлати исломӣ” байъат супурда буд, дар яке аз чунин даргириҳо бо Толибон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG