Дар чанд ҷумла
Ҳалокати даҳҳо кас дар таркиш дар Гулшани Иқбол

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки бар асари таркиш дар боғи фароғатии шаҳри Лоҳур дасти кам 25 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ба иттилои Ҷом Саҷҷод Ҳусайн, сухангӯи хадамоти наҷотбахшии Покистон, таркиш рӯзи 27 март дар боғи серодами Гулшани Иқбол рӯй дод. Хабаргузории AFP аз нақли Муҳаммад Усмон, як мансабдори ҳукумати Лоҳур навиштааст, ки марги дасти кам 25 нафар тайид шудааст, аммо сабаби таркиш то ҳол рӯшан нест. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди маҷрӯҳон дасти кам 61 нафар аст.
Дар ҳамин ҳол баъзе хабаргузориҳо аз афзоиши теъдоди қурбониёни ин ҳамла иттилоъ медиҳанд.
Полис мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки маргталабе худро тарконидааст ё таркиш тавассути дастгоҳи идорашаванда ба вуқӯъ пайвастааст.
Лоҳур, пойтахти Панҷоб, сернуфустарин вилояти Покистон ва такягоҳи сиёсии нахуствазир Навоз Шариф аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти блогери тоҷик Усмон Мирзомуродов дар Душанбе

Усмон Мирзомуродов, блогери 33-солаи тоҷик, дар шаҳри Душанбе дастгир ва бо қарори додгоҳ ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум шудааст.
Масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел ӯро ба нашри наворҳои “пур аз алфози қабеҳ” ва истифодаи маводи мухаддири навъи "метамфетамин" (кристалл) муттаҳам карданд.
Мавқеи худаш ва ё наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Ӯ пештар ба шарҳҳои корбарон дар бораи истифодаи маводи мухаддир гуфта буд, ки зидди нашъамандӣ аст.
Усмон Мирзомуродов дар Инстаграм саҳифа дорад ва сафи корбаронаш ба тақрибан 900 ҳазор нафар мерасад.
Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе гуфтааст, Мирзомуродов мунтазам наворҳои таҳқиромез нашр мекард ва бар асоси шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуд.
Наворҳои Усмон Мирзомуродов дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар гузашта чанд бор сабаби баҳсу ҷанҷол шудаанд.
Соли гузашта Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербурги Русия ин блогерро ба “содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ дар самти муҳоҷират” муттаҳам донист.
Вай дар наворе аз муҳоҷирон хоста буд, ки билети қалбакии донишҷӯӣ бигиранд ва бо ин васила аз тафтиши мақомоти рус ва супурдани патент халос шаванд. Баъдан, дӯстонаш гуфтанд, ӯ ҷарима супурд ва аз Русия ронда шуд.
3 кушта ва 31 захмӣ. Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба Днепри Украина

Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Днепр дар ҷанубу шарқи Украина се кас кушта шуд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 17-уми апрел гуфт, ки дар миёни кушташудагон Вероника, духтари ҳабдаҳсола, низ ҳаст.
Сергей Лисак, волии Днепропетровск, дар Телеграм хабар дод, ки 31 тани дигар, аз ҷумла панҷ кӯдак захмӣ шуданд.
Мақомоти Украина мегӯянд, ҳамла дар масофаи сад метр аз идораҳои шаҳрӣ рух дода, камаш 15 бинои истиқоматӣ вайрон гаштааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Русия рӯзи 17-уми апрел иддао кард, ки низоми дифои ҳавоии ин кишвар дар шабонарӯзи гузашта 71 ҳавопаймои бидуни сарнишини украиниро дар шаш минтақа сарнагун кардааст.
Ҳамлаи васеъмиқёси Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 оғоз шуд.
Муҳоҷирон барои супурдани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл додаанд

Муҳоҷирони корӣ дар Русия барои супурдани имтиҳони забони русӣ ба буҷаи ин кишвар 2,5 миллиард рубл супурдаанд.
Владимир Василев, вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби “Русияи воҳид” рӯзи 16-уми апрел гуфтааст, ин пуле буд, ки дар гузашта ба фасодкорон дода мешуд ва ҳоло ба буҷаи давлат ворид мешавад.
Охири соли гузашта Михаил Мишустин, нахуствазири Русия қарореро имзо кард, ки бар асоси он барои гирифтани шаҳрвандии Русия нархи ягонаи имтиҳонҳои забони русӣ ва таъриху асосҳои давлатдории Федератсияи Русия таъйин шуд.
Бино ба ин, барои супурдани имтиҳони забони русӣ аз ҳар хориҷӣ бо ҳадафи гирифтани шаҳрвандии Русия 2950 рубл талаб мешавад.
Барои онҳое, ки мехоҳанд иҷозаи зисти муваққатӣ бигиранд, нархи имтиҳони забони русӣ ё таъриху қонунгузории Русия 5900 рубл аст. Барои иҷозаи кор ё гирифтани патенти кор 3800 рубл барои як имтиҳон таъйин шудааст.
Мақомоти Русия муҳоҷиронро барои надонистани забони русӣ пайваста танқид мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия то охирин тангаи муҳоҷиронро бо баҳонаҳои гуногун меситонад, вале дар баробараш ба онҳо шароити дурусти корӣ фароҳам намеорад ва ба онҳо бо ҳар роҳ фишор меорад.
Таъсиси ниҳоди нав барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон

Барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон ниҳоди нав таъсис додаанд. Тибқи фармони раисҷумҳур, Оҷонси назорати давлатии энергетика баъд аз як моҳ ба кор сар мекунад.
Дар фармон аз 17-уми апрел ҷузъиёти бештаре дар бораи кори ин ниҳод наомадааст.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки то охири моҳи апрел "низомнома, сохтори дастгоҳ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ" дар бораи кори Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика таҳия шаванд
Ниҳоди нав дар пайи он ташкил мешавад, ки ҷазо барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар Тоҷикистон низ сахттар шудааст. Бар асоси тағйироти нав ба Кодекси ҷиноӣ, ки ин ҳафта ба иҷро даромад, барои дуздии барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Дуздӣ ё корбурди ғайриқонунии барқ то ин вақт гуноҳи маъмурӣ ба шумор рафта, ҷазояш то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима буд. Мақомот бовар доранд, ки бо сахттар кардани ҷазо, дуздии барқ камтар мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз мардумро гунаҳкор мекунанд, ки ҳаққи истифодаи нерӯи барқро намедиҳанд ва ё онро бидуни ҳисобкунак истифода мебаранд. Сокинон, баръакс, даъво доранд, ки ҳар моҳ нозирон пули барқро аз онҳо меситонанд, вагарна бе гармиву рӯшноӣ хоҳанд монд.
Хатсайрҳои нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон тасмим доранд ду парвози нав байни ду кишвар роҳандозӣ кунанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ, ин масъала зимни мулоқоти Ҳабибулло Назарзода ва Дониёр Бостонов, роҳбарони ниҳодҳои ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистон, баррасӣ шудааст.
Парвозҳои нав аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон ба самти Иссиқкӯли Қирғизистон роҳандозӣ мешаванд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо хостори зиёд шудани шумори парвозҳо аз Душанбеву Хуҷанд ба Бишкек шуданд.
14-уми март пас аз 4 соли қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ширкати "Сомон-Эйр" аввалин парвозро дар самти Душанбе-Бишкек-Душанбе, анҷом дод.
Пас аз он, 16-уми март ширкати "Asman Airlines"-и Қирғизистон аввалин парвозро дар самти Бишкек-Хуҷанд-Бишкек, анҷом дод.
Ҷавони тоҷикро барои баҳс бо пиразани рус ҳабс карданд

Кумитаи тафтишотии Русия нисбати як ҷавони тоҷик ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Александр Бастрикин, раиси ин Кумита дастур додааст, ки аз рафти тафтишот шахсан ба ӯ маълумот диҳанд.
Тайи чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори даъвои як ҷавони тоҷик бо пиразани рус, ки мехост ниқоби ҳамсарашро аз сараш бикашад, чарх мезанад.
Баҳсу даъво дар метрои "Филатов Луг" рӯзи 31 март сар задааст, аммо навор рӯзи 15 апрел расонаӣ гардид.
Дар ин навор пиразани рус аз ниқоби ҷавонзани тоҷик эрод мегирад ва талош мекунад онро аз рӯяш бардорад ва инро аксбардорӣ мекунад, аммо ҳамсараш, ки ҳамроҳаш буд, ба ин амали зани рус вокуниш карда, ӯро тела мекунад ва дастгоҳи наворбардориашро аз дасташ мегирад.
Нисбати Ибодзода М, шаҳрванди 21-солаи тоҷик парванда боз шуда, бо қарори додгоҳи ноҳияи Шербинский ӯро 13 шабонарӯз ва ҳамзамон пиразани русро низ 7 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карданд.
Расонаҳои рус навиштанд, ки ин пиразан Наталя Медведеваи 61-сола, собиқ рӯзноманигор аст. Вай ба нашрияи "Осторожно новости" гуфтааст, ки "аз чунин таблиғи дин дар Маскав ба ҳайрат афтода, хостаст, ки занро огоҳ карда, ӯро аксбардорӣ кунад".
Пас аз он, ки расонаҳои русӣ аз ҳодисаи Медведева навиштанд, тафтиши қазияро худи раиси Кумитаи тафтишотии Русия ба ӯҳда гирифт.
Як ноболиғи русро ба куштани кӯдаки 9-солаи қирғиз айбдор карданд
Мақомоти Русия як ноболиғи 14-солаи русро ба куштани кӯдаки 9-солаи қирғизистонӣ айбдор ва нисбат ба ӯ парванда боз кардаанд.
Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки ноболиғ ба хонандаи муҳоҷир бо корд зад ва ӯ дар роҳ ба бемористон ҷон дод.
Дар наворҳо дида мешавад, ки худи гумонбар ҳам мелангад ва ӯ иддао дорад, ки гуё муҳоҷири навраси қирғизистонӣ аввал ба ӯ ҳамла намуд. Хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки ноболиғ бо корд ба пойи худ зада, саҳнасозӣ кардааст.
Мақомоти Русия ба расонаҳо ангезаи кушторро "бадбинии миллӣ" номидаанд.
Ба навиштаи расонаҳо, дар телефони мобилии ноболиғи рус наворҳои дорои ангезаҳои миллатбадбинӣ ёфт шудааст.
Навраси рус ва кӯдаки муҳоҷири қирғиз дар як мактаб мехонданд ва ҳамдигарро мешинохтанд.
Ҳамла ба муҳоҷирон ва миллатбадбинӣ дар ҷомеаи Русия афзоиш ёфтааст.
"Сова", маркази назорат бар экстремизм дар як гузориши худ гуфтааст, ки аз баҳори соли 2023 "хушунатҳои нажодпарастона" дар Русия бо суръат афзоиш ёфтааст. Коршиносон мақомот ва матбуоти Русияро барои тарғиби нажодпарастӣ айбдор мекунанд.
Амрико як мансабдори Маҷористонро аз рӯйхати таҳримҳо берун кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 15-уми апрел таҳримҳоро алайҳи як мансабдори баландпояи Маҷористон ё Венгрия лағв (бекор) кард.
Ин таҳримҳо дар моҳи январи имсол ба зидди Антал Роган, раиси дафтари сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, бо иттиҳоми фасоди молӣ ва хешутаборбозӣ эълон шуда буд.
Вазорати молияи Амрико дар паёме дар торнамои расмияш навишт, ки Роган аз рӯйхати таҳримҳо берун карда шуд.
Сухангӯйи Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико Тэмми Брюс гуфт, котиби давлатӣ Марко Рубио рӯзи 15-уми апрел дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто ӯро аз ин тасмим хабардор кардааст.
Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон аз ҷумлаи ҷонибдорони фаъоли президенти Амрико Доналд Трамп дар Аврупост.
Ҳамла ба Одесса ва Херсон; як кас кушта ва чанд нафар захмӣ шуд

Нерӯҳои Русия шаби 15 ба 16-уми апрел бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Одессаи Украина ҳамла кардаанд.
Бахши украинии Радиои Озодӣ навишт, ки дар чанд гӯша сӯхтор сар зад ва камаш се кас маҷруҳ шуд.
Дабири кулли НАТО Марк Рютте рӯзи 15-уми апрел дар Одесса буд ва бори дигар пуштибонии созмонро аз Украина иброз дошт.
Дар ҳамин ҳол, субҳи 16-уми апрел дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба шаҳри Херсони Украина як кас кушта шуда, се нафар осеб дид.
Раиси маъмурияти низомии шаҳри Херсон Роман Мрочко ҳангоми сабти як паёми видеоӣ ба мардум мавриди ҳамлаи Русия қарор гирифт.
Вай осеб надидааст. Дар ин бора худи Мрочко дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод.
Қатар аз Тоҷикистон коргар меҷӯяд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як эълон шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати "Jusour" дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир, даъват кардааст.
Намояндагони Вазорати меҳнат мегӯянд, маблағи чиптаи ҳавопаймо барои рафту омад, раводид, ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ, нақлиёт ва хизматрасонии тиббӣ, аз сӯи корфармо пардохт мешавад.
Аз довталабоне, ки дар ин вазифа кор кардан мехоҳанд, доштани 2 сол таҷрибаи корӣ дар самти фурӯшу хидматрасонӣ ба муштариён ва озод суҳбат кардан бо забонҳои русиву англисӣ, талаб карда мешавад.
Ба навиштаи ин ниҳод, музди меҳнат барои як моҳ 700-750 евро ё беш аз 8 ҳазор сомонӣ буда, беш аз 50 нафар барои кор дар ин вазифа қабул карда мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад.
Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ахир барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи онҳо хеле кам аст.
Зилзила бори дигар бахшҳое аз Тоҷикистонро такон дод

Субҳи 16-уми апрел зилзила шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки заминларза соати 04:15 ба вақти маҳаллӣ рух дод ва қувваи он дар шаҳри Душанбе 3 дараҷа буд.
Намояндагони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ гуфтанд, "маркази заминларза 320-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе ва дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир буд."
"Дар марказ, яъне дар ҳудуди Афғонистон қувваи заминларза 5-6 дараҷа, дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими ВМКБ 4 дараҷа ва дар Душанбе 3 дараҷаро ташкил дод. Хисороти ҷонӣ ва молӣ сабт нашудааст," -- гуфтанд дар Кумита.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки зилзила вилоятҳои Хайбар-Пахтунхоҳ, Кашмир ва Панҷоби он кишварро низ такон додааст.
Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Покистон, маркази он дар кӯҳҳои Ҳиндукуш дар вилояти Бағлони Афғонистон будааст. Қувваи заминларза дар марказаш 5,6 дараҷаро ташкил дод.
Давоми як ҳафтаи охир бори чандум аст, ки зилзила қаламрави Тоҷикистонро такон медиҳад. Бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.
Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.
Барканории раиси Суми пас аз ҳамлаи мушакии Русия

Баъд аз ҳамлаи мушакии Русия ба Суми, ки беш аз сӣ кушта барҷой гузошт, Владимир Артюх, раиси маъмурияти низомии ин минтақаи Украинаро аз кор гирифтанд.
Ҳукумати Украина дар ин бора рӯзи 15-уми апрел қарор қабул кард. Олег Григоров раиси нави маъмурияти низомии вилояти Суми таъйин шуд.
Дар ҳамлаи мушакии Русия ба Сумии Украина дар рӯзи 13-уми апрел зиёда аз сад нафар, аз ҷумла понздаҳ кӯдак низ захмӣ шуданд.
Баъзе аз мансабдорони Украина Владимир Артюхро муттаҳам карданд, ки ӯ дар рӯзи ҳамла маросими ҷоизасупорӣ ба сарбозони нерӯҳои марзбонии Сумиро ташкил кард ва ҷони бисёриҳоро дар хатар гузошт. Ба гуфтаи онҳо, нерӯҳои Русия аз маърака хабардор шуда, ба шаҳр зарба задаанд.
Артюх эътироф кард, ки маросими ҷоизасупорӣ буд, аммо иддао дорад, ки ӯ созмондиҳанда набуд.
Вазорати дифои Русия дар гузориши худ дар бораи ҳамла ба Суми дар бораи маросими супурдани ҷоиза ёдовар нашудааст. Вазорат иддао дорад, ки ҳадафи ҳамла "нишасти ситоди фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина" буд, вале ягон далеле пешниҳод накард.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон рафтааст

Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки тақрибан се моҳ пеш ба ин мақом таъйин шуд, дар раъси як ҳайат ба Эрон рафтааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина хабар надоданд.
Ба гузориши расонаҳои Эрон, ӯ рӯзи 14-уми апрел бо волии Форс ва рӯзи 15-уми апрел бо вазири дифои Ҷумҳурии Исломӣ мулоқот кард.
Ҷузъиёти суҳбатҳои ду тараф дастрас нест.
Бар асоси он чи расонаҳои Эрон навиштанд, Эмомалӣ Собирзода ва ҳамтои эронияш Амир Насирзода ба ҳамкории бештар, талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва ҷиноятҳои созмонёфта таъкид кардаанд.
Душанбеву Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд.
Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва сарнавишти пулҳои тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ баҳси дигари тарафҳо буд.
Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.
"Ислоҳталаб ва тағйирпазир нест." Нишасти мухолифони "Толибон"

Мухолифони сиёсӣ ва низомии ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон рӯзи 14-уми апрел дар як нишаст ба муборизаи мусаллаҳона алайҳи ин режим таъкид карданд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, гурӯҳи "Толибон"-ро ба "зулм ва террор" муттаҳам кард ва афзуд, ки ҳеч ҳукумат бе пуштибонии мардум бақо надорад.
Вай иддао кард, ки ирода ва хоҳиши мардум барои мубориза бо ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Нишаст дар пайванд ба дувумин солгарди куштори ҳафт нерӯи зидди "Толибон" ба таври маҷозӣ ё интернетӣ баргузор шуд.
Ёсин Зиё, раҳбари Ҷабҳаи озодӣ, гуфт, "Толибон" як гурӯҳи ислоҳталаб ва тағйирпазир нест ва ягона роҳи ҳал "сарнагун кардани ин гурӯҳ аст".
Зиё ин ҳарфҳоро дар вокуниш ба баста шудани дафтари Ҳизби исломӣ дар вилояти Кундуз баён дошта, Гулбуддин Ҳикматёр, раҳбари ин ҳизбро даъват кард, ба ҷабҳаи зидди "Толибон" бипайвандад.
Ҳукумати "Толибон" то ҳол дар бораи ин иддао изҳори назар накардааст.
Ҳамла ба Курск: Як зан кушта ва нуҳ нафар захмӣ шудаанд

Мақомоти Русия рӯзи 15-уми апрел иддао карданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини украинӣ дар шаҳри Курск як зани 85-сола кушта ва 9 нафар захмӣ шудаанд.
Раиси вилояти Курск дар Телеграм навишт, ки "шаҳри Курск дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҳамлаи густурдаи душман қарор гирифт."
"Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин чанд хонаи бисёрошёна оташ гирифт," – гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Курск Сергей Котляров дар Телеграм.
Ӯ афзуд, сокинон ба бинои мактаб кӯчонда шуданд.
Маъмурияти минтақа мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба гаражи мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" низ зарба зад ва ба 11 мошин зарар расонд.
Ба навиштаи саҳифаҳои Baza ва SHOT дар Телеграм, ки аксаран аз манобеи амниятӣ ва интизомии Русия иттилоъ пахш мекунанд, зиёд аз 20 таркиш Курскро такон додааст.