Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони дарозумри Осиёи Марказиро кӣ иваз хоҳад кард?


Раҳбарони Қазоқистону Узбакистон дар тӯли 25 соли охир аслан иваз нашуда, Қирғизистон - чор, Тоҷикистон - се ва Туркманистон - ду бор раисиҷумҳурашро иваз кардааст.

Дар Осиёи Марказӣ, ки раҳбарони чор кишвараш ба унвони "худкома" ёд шуда, муддатҳои тӯлонӣ боз зимоми қудратро дар даст доранд, дер ё зуд суоли "ҷойгузини онҳо кӣ хоҳад буд?" матраҳ мешавад. Аммо ба далели ношаффоф будани низомҳои ҳоким дар ин кишварҳо ҳанӯз дар ин замина пешгӯии дақиқ мушкил аст.

Барои мисол, дар оғози соли 2016 аз баргузории интихобот ва ё раъйпурсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеч хабар набуд. Дар охири моҳи январи соли ҷорӣ якбора Қазоқистон интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумониро эълон карда ва моҳи март онро баргузор намуд. Тоҷикистону Туркманистон низ баргузории раъйпурсӣ ба хотири ислоҳи Қонуни асосии кишварҳояшонро эълон карданд. Раъйпурсӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22 майи соли ҷорӣ баргузор шуда, дар сурати тасвибаш ба раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон имкон хоҳад дод, ки дар интихоботҳои ояндаи президентӣ бе маҳдудият иштирок бикунад.

Бисёриҳо бо таваҷҷуҳ ба ин талоши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки зоҳиран ивази раҳбарони дарозумри минтақа наздик омадааст. Вале мегӯянд, ки ба далели шаффоф набудани низомҳои ҳоким дар ин кишварҳо дар ин замина ҳанӯз пешбинии дақиқ кардан мушкил аст.

ХАДАМОТИ АМНИЯТ?

Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон, ки ҷузъи 15 давлати бародари Иттиҳоди Шӯравии собиқ буданд, 25 соли пеш истиқлоли худро ба даст оварданд. Раҳбарони Қазоқистону Узбакистон аз замони азҳампошии Шӯравии собиқ аслан иваз нашудаанд. Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов ба камияш 25 сол боз дар сари қудрат дар Қазоқистону Узбакистон нишастаанд ва зоҳиран ивази онҳо кори соддае нест.

Ба қавли Рейд Стендиш, хабарнигор аз Вашингтон, ки бештар сиёсатҳои хориҷиро пайгирӣ мекунад, барои Қазоқистон ҳамчун кишвари содиркунандаи нафт бояд раисиҷумҳури навбатӣ аз қишри "бизнес-элитаҳо" бошад. Дар Узбакистон, ба назари ӯ, вазъ куллан дигар аст: "Агар Шумо ба Узбакистон назар кунед, мебинед, ки қисми асосии пул ва қудрат дар дохил аст. Барои ҳамин... ба эҳтимоли зиёд Хадамоти амният дар сенарияи ҷойивазкуниҳо дар ин кишвар нақши беҳад муҳим хоҳад дошт."

ИСЛОМ?

Аммо мушовири пешини раисиҷумҳури Қирғизистон Одил Байсалов мегӯяд, ки ивазшавии наслҳо дар Қирғизистон аз ҳоло эҳсос мешавад ва маъруфияти як рӯҳонӣ дар ин кишвар беш аз ҳар каси дигар аст. "Дар ҳоли ҳозир аз ҳама одами маъруф дар Қирғизистон як воизест, ки худро "шайх" меномад. Тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки ягон сиёсатмадор ва нафари дигар ин қадар маъруфият дошта бошад. Видеои воизонро дар як ҳафта садҳо ҳазор нафар мебинанд," -- гуфт ӯ.

Дар тӯли қарнҳо Ислом як ҷузъи сиёсат дар минтақаи Осиёи Марказӣ будааст. Бо вуҷуди онки раҳбарони кишварҳои минтақа солҳои охир барои заиф кардани ин раванд талош кардаанд, вале Ислом ҳанӯз дар сиёсати минтақа нақши муҳим дорад.

Тоҷикистон соли гузашта дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро мамнӯъ эълон кард.

РУСИЯ?

Одил Байсалов дар ҳамин ҳол, аз Кремл ба унвони "омили дигари таъинкунанда" дар ивази қудрат дар Осиёи Марказӣ ном мебарад.

Аз замони соҳибистиқлолӣ Қирғизистон чаҳор бор, Тоҷикистон се бор ва Туркманистон дар пайи даргузашти раҳбари пешинаш Сафармурод Ниёзов ду бор раисиҷумҳуриро иваз кардаанд. Ду раҳбари аввали Тоҷикистон - Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев - дар маҷмӯъ каме бештар аз як сол сари қудрат буда, ҳарду ҳам зери фишори мухолифон ба номаи истеъфояшон имзо гузоштаанд. Аммо 24 соли охир зимоми қудрат дар дасти Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва аз соли 1994 то кунун дар чаҳор интихоботи президентӣ ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар бораи шеваи табдили қудрат сӯҳбат намешавад, вале ҳар дафъаи ба мақоми нав ё болотар расидани Рустами Эмомалӣ -- писари калонии Эмомалӣ Раҳмон матбуот ба ин мавзӯъ доман мезананд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон писари худро барои раҳбарӣ омода мекунад ва ҳадаф аз мақомҳояш дар ниҳодҳои мухталиф шояд на худи мансабгирист, балки озмудану дидану пухтан аст.

XS
SM
MD
LG