Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Турсунзода шоири маҳбуби ҳамаи мост!.."


Дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар шаҳри Челябински Русия нишасте бахшида ба 105-умин зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор шуд.

Дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар шаҳри Челябински Русия нишасте бахшида ба 105-умин зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор шуд. Нишасти “Фарҳанги ягона, гузаштаи ягона, фардои ягона” - ибтикори Бунёди рушди иҷтимоиву иқтисодии “Евразийское содружество», Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ аст.

Ирина Околнишникова, профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ ва муовини раиси Бунёди “Евразийское содружество» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 25 апрел гуфт, нишаст, ки дар он донишмандону коршиносон, аҳли фарҳангу адабиёт ва масъулини шаҳрдорӣ ҳузур доштанд, аз намоиши филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” шурӯъ шуд, ки матни таронаҳояшро Мирзо Турсунзода офаридаст.

Хонум Околнишникова афзуд, ки конфаронс фақат бо баррасии мероси адабии шоири маъруф маҳдуд нашуд ва донишмандону коршиносон рӯи масоили сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ҳам тамаркӯз карданд.

Флюза Гайсина, корманди аршади Раёсати кор бо ҷамъиятҳои милливу фарҳангӣ ва динии шаҳрдори Челябинск, дар ифтитоҳи конфаронс таъкид намуд, ки Тоҷикистон маъмулан аз шарикони собиқ ва боэътимоди геополитикии Русия дар қаламрави шӯравии собиқ маҳсуб мешавад. Ӯ ташкили ин гуна нишастҳоро барои таҳияи самтҳои нави ҳамкориҳои байни миллатҳо дар пояи арзишҳои ҳанӯз аз замони шӯравӣ боқимонда муҳим ва муфид хонд.

Дмитрий Глухарев, муаррих ва коршиноси Бунёди «Евразийское содружество», аз воқеъиятҳои муосири геополитикии Тоҷикистон, равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои форсизабон сӯҳбат кард ва таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва Эрону Афғонистон "захираи иловагӣ" барои рушди Тоҷикистон, ва, аз ин рӯ, яке аз самтҳои сиёсати берунаи ин кишвар аст.

Ирина Околнишникова дар ин нишаст аз саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти фарҳанги ҷаҳон сухан гуфт ва таъкид намуд, шоири тоҷик мубаллиғи сулҳ буд ва талошҳояш барои сайёраи амну босубот имрӯз ҳам муҳим аст. Аммо эҷодиёти Мирзо Турсунзода аз кадом ҷиҳат метавонад барои насли ҷавони имрӯзи Русия ҷолиб бошад? Донишманди рус дар посух ба ин суоли мо гуфт, Мирзо Турсунзода инсоне буд, ки ҳам эҷодиёташ ва ҳам мавқеъгирии иҷтимоияш хело ҷолиб буд, зеро "агар бо осори Турсунзода ошно шавед, мебинед, ки ӯ чунин мавқеъ дошт – одам бояд ба дигар гармӣ эҳдо кунад, одам бояд ба ҳар касе, ки рӯ ба рӯ мешавад, дӯстиву рафоқат эҳдо намояд, одам бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ҳар инсон арзишманд аст ва аз ин рӯ бояд ҳамдигарро эҳтиёт кард. Бо ин ақидаҳояш ӯ шоири маҳбуби ҳамаи мост. Ман фикр мекунам, ки ин мавзеъгирии замонавӣ ва олиҷаноб аст ва ҷавонон бояд инро бифаҳманд".

Хонум Околнишникова афзуд, ки конфаронс бахшида ба Мирзо Турсунзода дууввумин нишаст аз силсилаи “Фарҳанги ягона, гузаштаи ягона, фардои ягона” аст: Аз ин пеш ҳамин гуна барномаи ҷашнӣ бахшида ба эҷодиёти Алишер Навоӣ баргузор шуда буд. Мо тасмим гирифтаем, ки ин силсиларо идома диҳем ва мероси адабиву фарҳангии адибон ва рассомони маъруфи Осиёи Марказиро барои дигарон муаррифӣ намоем. Мо мутмаинем, ки мо воқеъан гузаштаву имрӯз ва фардои ягона, фарҳанги ягона ва хотираи ягона дорем, ки он барои ҳамаи мо муҳим аст, гуфт донишманди рус.

Хонум Околнишникова афзуд, айни ҳол онҳо мавзӯъи баргузории нишастҳо оид ба мероси “классикҳои зинда”-и адабиёти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, адибоне чун Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Олжас Сулаймонов, Абдулло Орифов ва дигаронро ҳам баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG