Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Симои зебои ориёӣ." Чаро Шаҳноз ба мулоқоти президент роҳ наёфт?


Акси Шаҳнози Ниёзбоқӣ аз саҳифаи Фейсбукаш
Акси Шаҳнози Ниёзбоқӣ аз саҳифаи Фейсбукаш

Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ дар як ҷаласаи изтирорӣ мавзӯи чаро ба мулоқот бо раисиҷумҳур роҳ наёфтани як сокини ин ноҳияро баҳс кардаанд.

Зайнура Умарзода, муовини раиси Мастчоҳ, барои он ки гуфтааст сокини ин ноҳия Шаҳнози Ниёзбоқӣ ба далели "надоштани симои ориёӣ" натавонист дар назди раисиҷумҳур сухан гӯяд, рӯзи 29 апрел мавриди муҳокима қарор гирифтааст. ​

Ғайрат Азизов, раиси ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, то ин дам танҳо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ се бор тамос гирифта ва аз ӯ асли қазияро пурсидааст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, "ягон меъёр ё озмун барои суханронӣ дар назди раисиҷумҳур набуд. Бибинед, чанд пирамард ҳам баромада сухан гуфтанд. Касе онҳоро аз озмун гузарондааст?"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи марти соли ҷорӣ аз Мастчоҳ боздид карда дар шаҳраки Бӯстон бо сокинон суҳбати рӯбарӯ анҷом дод. Ғайрат Азизов дар сӯҳбаташ бо Озодӣ тасдиқ кард, ки Шаҳнози Ниёзбоқӣ пеш аз ин сафари оқои Раҳмон ба назди ӯ омада ва хоҳиши иштирок дар мулоқот бо раисиҷумҳурро карда будааст. "Вале вақте ӯ омада буд, алакай рӯйхати 5 ҳазор иштирокдорро ба мақомот супурда будем. Мо аз пеши худ наметавонем ҳар касро ба он рӯйхат ворид ё ҳазф кунем," - афзуд раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Садои Шаҳнози Ниёзбоқӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамин ҳол, як мақоми дигари ҳукумати Мастчоҳ гуфт, субҳи 29 апрел дар робита ба ин қазия ҷаласаи изтирорӣ низ баргузор шуда ва Зайнура Умарзода танбеҳ шунидааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, аз муроҷиати Шаҳнози Ниёзбоқӣ ба мақомот барои суҳбат бо раисиҷумҳур ҳам огоҳ аст: "Ман ин шаҳрвандро хуб медонам. Омада ва гуфта буд, ки мехоҳад фақат арзи сипосашро ба раисиҷумҳур бигӯяд. Гуфт, як вақте бо дастгирии раисҷумҳур донишҷӯ шудааст ва бародараш низ таҳсил кардааст. Аризааш ба номи раиси ноҳия ва раиси вилоят ҳам дар ин бора буд."

Аммо ин ҳамсӯҳбати мо вуҷуди кадом озмун барои суханронӣ дар назди раисиҷумҳурро дар Мастчоҳ рад кард ва гуфт, ки онҳо намедонанд ин критерия ё меъёри баромад дар назди Эмомалӣ Раҳмонро кӣ эҷод кардааст?

Шаҳнози Ниёзбоқӣ, сокини ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” шикоят кардааст, ки бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрораш масъулони ноҳия иҷозаи суханронӣ дар назди раисиҷумҳурро надоданд. Ӯ гуфт, қарор буд, рӯзи 23 март, дар ҷараёни сафари раисиҷумҳур дар қатори духтарони дигар ӯ ҳам сухан бигӯяд, вале номаш хат зада шуда, ҳатто иҷозаи вуруд ба маҳалли мулоқотро надодаанд.

Ин сокини Мастчоҳ мегӯяд, баъдан муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода ба ӯ ҷавоби расмии чаро иштирок карда натавонистани ӯро фиристодааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "Дар озмуни баромад дар назди Президент зиёда 30 довталаб ширкат варзидаанд, ки аз ин танҳо 3 нафар гузашт. Шартҳои озмун чунин буданд: Симои зебои ориёӣ, қомати баланд ва суханронии бурро."

Ниёзбоқӣ Ниёзов. Акс аз саҳифаи Шаҳнози Ниёзбоқӣ
Ниёзбоқӣ Ниёзов. Акс аз саҳифаи Шаҳнози Ниёзбоқӣ

Шаҳнози Ниёзбоқӣ рӯзи 29 апрел дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, дар зиндагӣ ягон мушкил надорад ва танҳо мехост, ки барои таҳсилаш дар донишгоҳ ба раисиҷумҳур сипос бигӯяд. Аммо ба гуфтаи ӯ, "мақомот бештар аз ҳама аз он ҳарос доштанд, ки мабодо ман дар бораи падарам Ниёзов Ниёзбоқӣ Аҳмадчонович ҳарфе нагӯям. Падарм моҳи нобяри соли 1998, дар ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев ба шимоли кишвар кушта шудааст."

Ин бори аввал нест, ки сокинон барои роҳ наёфтани худ ба мулоқоти раисиҷумҳур шикоят мекунанд. Вале ин бори аввал аст, ки ба сокинон гуфта шудааст, нафарони дорои симои ориёӣ ва қадбаланду сухангӯ ҳаққи баромадро доранд.

XS
SM
MD
LG