Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди олими тоҷик ба Аврупо писанд омад


Фаррух Сатторов.
Фаррух Сатторов.

Пешниҳоди як донишманди ҷавони тоҷик барои ихтирои таҷҳизоте барои нобиноён, ки метавонад ба ҷои сагҳои раҳбалад ва ё шахсони раҳбалад истифода шавад, дар нишасти олимони ҷавони Аврупо мавриди писанд қарор гирифт.

Рӯзҳои 28-29 апрели соли ҷорӣ дар Берлини Олмон ҳамоиши навбатии “Анҷумани ҷавонон барои Аврупои бузургтар” баргузор шуд. Дар он Фаррух Сатторов, донишманди ҷавони тоҷики муқими Санкт-Петербург низ ширкат дошт. Анҷумани мазкур дар ҳамоишҳои худ равандҳои муҳими бозор дар Аврупои шарқиву ғарбӣ ва имконоти мавҷуда барои истеъдодҳои ҷавонро баррасӣ ва ташвиқ мекунад ва дар он аъзои Маҷмаи парлумонии Аврупо низ ширкат ва суханронӣ мекунанд.

Фаррух Сатторов мегӯяд, ташаббуси баргузории ин ҳамоиш ба худи ҷавонон тааллуқ дошт ва дар он истеъдодҳои ҷавон аз кишварҳои аврупоӣ ва кишварҳои Шӯравии пешин, аз қабили Русияву Украина, Беларусу Гурҷистон ва Озарбойҷону Арманистон ширкат доштанд.

“Барномаи ҳамоиш ин буд, ки истеъдодҳои ҷавон аз Аврупову кишварҳои Шӯравии пешин бо ақидаву пешниҳодҳои худ як ҷо ҷамъ оянд ва бо якдигар табодули афкор намоянд. Мавзӯи ҳамоиш “Фароҳам сохтани шароити беҳтари зист дар оянда” буд. Дар ин ҳамоиш идеяҳо ва лоиҳаҳои наве, ки аз тарафи ҷавонон пешкаш мешавад, ширкаткунандагон онҳоро баррасӣ ва дастгирӣ карда, дар кишварҳои худ ва ё дигар кишварҳо дар ҳаёт амалӣ мекунанд”.

Маъмулан, аксари истеъдодҳое, ки дар ҳамоиш ширкат меҷӯянд, дар бахшҳои мухталиф пешниҳодҳои илмӣ ё ихтироъҳое доранд. Ин пешниҳодҳо ё лоиҳаи ихтироъҳо аз тарафи коршиносони пешрафтаи соҳаҳои дахлдор баррасӣ мешавад. Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳа, анҷуман ба истеъдоди ҷавон кӯмак мекунад, то вай барои амалӣ шудани пешниҳодаш бо ширкатҳо ва ё донишгоҳҳои саросари ҷаҳон ҳамкорӣ кунад.

Фаррух Сатторов мегӯяд, бовар надошт, ки пешниҳоди вай ба созмондиҳандагони анҷуман писанд меояд ва вайро барои ширкат ба Берлин даъват мекунанд. Вай аз торнамои “Анҷумани ҷавонон барои Аврупои бузургтар” саволномаҳо ё анкетаи заруриро пур кард ва барои ширкат дархост фиристод.

“Албатта, ман идеяи худро доштам. Пеш аз Аврупо ман ба Амрико сафар кардам. Ба он ҷо бо даъвати як профессори донишгоҳи Порто Рика рафта будам. Бо вай чанд пешниҳодро баррасӣ ва машварат кардем. Бо ин пешниҳодҳо дар ҳамоиши Берлин ширкат доштам ва онҳо пешниҳоди маро хуш қабул карданд”.

Пешниҳоди донишманди ҷавони тоҷик ба ихтирои таҷҳизоте барои нобиноён ихтисос дошт ва ин таҷҳизот метавонад ҷои сагҳои раҳбалад ва ё шахсони раҳбаладро барои чунин гурӯҳи одамони оҷиз иваз кунад.

Антонио Эскрива, профессори 65-солаи донишгоҳи Порто Рикои Амрико низ ҳамзамон бо Фаррух Сатторов ба таҳқиқи ҳамин масъала машғул будааст. Баъд аз огаҳи ёфтан аз таҳқиқоти якдигар, профессор Эскрива донишманди тоҷик Сатторовро ба Порто Рика даъват кард. Дар мулоқоту баррасиҳо ҳар ду ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориро дар ин самт оғоз мекунанд.

Бо машварати Антонио Эскрива баъд аз бозгашт ба Русия Сатторов дар бораи лоиҳаи худ бо Юрий Колесников-профессори Донишгоҳи давлатии техникӣ, механикӣ ва оптикии Санкт-Петербург ва Павел Падерно-проффесори Донишгоҳи электротехникии ин шаҳр пешниҳоди худро баррасӣ кардааст ва онҳо омодаанд дар донишгоҳҳои худ бо Фаррух Сатторов ҳамкорӣ кунанд. Вале ҳақи муаллифиятро дар ин ихтирои техникӣ Антонио Эскрива ва Сатторов хоҳанд дошт. Пешбинӣ шудааст, ки намунаи ин таҷҳизотро дар яке аз ин ду донишгоҳи номбаршудаи Санкт-Петербург дар ҳамкорӣ бо Антонио Эскрива бисозанд.

Дар анҷумани Берлин намояндагони ширкатҳои бузург ёдоварӣ карданд, ки мехоҳанд барои амалӣ кардани идеяҳои нави истеъдодҳои ҷавон кӯмак кунанд, то чунин ихтироот ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ ёбанд, ки Тоҷикистон низ дар ин радиф истисно нест.

Фаррух Сатторов бори аввал дар ҳамоиши истеъдодҳои ҷавони кишварҳои мухталиф ширкат кардааст ва онро барои таҳқиқоти ояндаи худ судманд медонад: “Хеле чизҳои хубро омӯхтам, бо ҷавонони боистеъдод шинос шудам. Онҳо ба зиндагӣ диди нав доранд, иеяҳои нав доранд. Чунин идеяҳо барои кори оянда ва истифода аз таҷҳизоти фаннии муосир хеле муфид аст”.

Фаррух Сатторов соли 2004 Донишгоҳи давлатии элктротехникии Санкт-Петербургро хатм кард ва дар соли 2010 рисолаи номзадиашро роҷеъ ба таҷҳизоти компютерӣ ҳимоят кард. То сафар ба Амрико дар бахши нархгузории шаҳрдории Санкт Петербург кор мекард ва ҳамзамон бо таҳқиқоти илмӣ машғул буд. Вай мегӯяд, акнун мехоҳад комилан ба корҳои илмӣ баргардад, зеро ба гуфтаи худаш, идеяҳои дигар ҳам дорад ва бояд корҳои марбут ба онро ба поён расонад.

XS
SM
MD
LG