Ҳазорҳо хатмкунанда дар Тоҷикистон имсол бо мактабҳои худ хомӯшона хайрбод мегӯяд. “Занги камолот”- охирин занг дар ҳайёти мактабии хатмкунандаҳо, ки доираи ҷашнгириаш сол то сол танг мешуд, имсол бо як қарори вижаи вазири маориф пурра аз байн бурда шуд.Дар ин бора рӯзи 24 май таҳти рақами 72 қарори мушовараи вазорати маориф ва илм ба тасвиб расид.
Дар ин қарор, ки нусхааш 25 май ба дасти Озодӣ расид, гуфта шудааст, "дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ (сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ) гузарондани чорабинии "Занги камолот" барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 манъ карда шавад."
Мақомоти вазорати маориф мегӯянд, тасмими ахири онҳо ба хотири риояи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гирифта шудааст. Ба гуфтаи вазорат, рӯзи охирини таҳсил дар мактабҳои миёнаи кишвар 7-уми июн муқаррар шудааст ва дар ин рӯз тамоми хонандагон бояд машғули дарсхонӣ бошанд, на омодагӣ ба шабнишинӣ.
Аз мудирони шуъбаҳои маорифи кишвар тақозо шудааст, ки ин қарорро дар ҷаласаҳои худ қироат карда, "иҷрои саривақтӣ ва ҳатмиашро таъмин намоянд". Ин қарор чанд рӯз боз дар мактабҳои ҳамагонӣ ҳам барои хонандаҳо ва волидон хонда мешавад. Дар сурати иҷро нашудани он, вазорати маориф ва илм гуфтааст, ки нисбат ба сардорони раёсатҳои ин вазорат, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони мактабҳо чораандешӣ хоҳад шуд. Дар мактабҳо аз волидони хатмкунандаҳо барои риояи бандҳои ин қарор забонхат гирифта шудааст.
Азиз Зумратов, омӯзгори мактаби рақами 24- уми пойтахт аз қарори Вазорат истиқбол кард ва гуфт, ки манъи "Занги камолот" ҳам ба манфиати омӯзгорон ва ҳам ба нафъи волидон аст. “Ҳарчанд сол ба сол ин ҷашн маҳдудтар мешуд, вале хонандаҳо боз ҳам бо баҳонаи ҳамон чанд дақиқа ба харҷу марҷи зиёдатӣ роҳ медоданд, аз он ҷумла духтарҳо ба ороишгоҳҳо рафта, мӯйҳои худро бо маблағи зиёд ороиш медоданд, либосҳои хос ва ғайримактабӣ фармоиш медоданд, ки бар зарари оилаҳояшон буд. Ба хотири ҳамин ҳам мо аз ин қарор дастгирӣ мекунем.”
То ба дасти мактабҳои миёнаи расидани қарори 72 - и вазорати маориф, хатмкунандагони синфҳои 11 ба як дарси тарбиявӣ дар рӯзи занги охир омодагӣ мегирифтанд ва умед доштанд, ҳадди аққал дар доираи як дарс ё 45 дақиқа мисли соле пеш, онҳоро табрик ва бо ифтихор гусел хоҳанд кард.
Қарори комилан манъ шудани "Занги камолот" дар мактабҳо, аксари хатмкунандаҳоро, ки барои он дар ҳудуди 45 дақиқа омодагӣ мегирифтанд, рӯҳафтода ва нороҳат кардааст. Ҳарчанд қисми зиёди волидон аз як ҷониб аз ин амри маориф, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз харҷу ҳодисаҳои нохуш аст, тарафдорӣ мекунанд. Аммо Муниса, хатмкунандаи як мактаби шаҳр, ки барои рӯзи "Занги камолот" аллакай сару либоси наву хосе интихоб карда буд ва хеле мехост бо он дар ҷамъомади мактабӣ зоҳир шавад, аз он нороҳат аст, ки наметавонад ин куртаро ба бар кунад ва аз як рӯзи хубу хотирмон маҳрум мешавад.
“Ин куртаро ман хеле мехостам барои “Занги камолот” бихарам. Чанд вақт боз курта мекофтам ва ҳаминрор интихоб кардам. Дирӯз бо модарам омадам, онро як бори дигар пӯшидам, вале каме пуламон нарасид ва ният буд имрӯз онро бихарам. Аммо имрӯз дар мактаб эълон карданд, ки “Занги камолот” намешавад. Албатта каме рӯҳафтода шудем. Дар аксҳои духтарони солҳои пеш мебинем чӣ хел занги охирро хуб таҷлил кардаву аксҳои зебо доранд. Мо ҳам мехостем чунин рӯзе дошта бошем.”
Тоҷирони фурӯшгоҳҳои кишвар ҳам, ки ҳар сол дар ҳар сурат ин шабу рӯз аз миёни хонандаҳо харидорашон зиёд буд ва имсол ҳам бо ин умед сару либоси зебои мактабӣ ва хоси ҷашни “Щанги охир” ворид карда буданд, мегӯянд, акнун ин либосҳо то оғози соли нави таҳсил мунтазири харидор хоҳанд монд. Гулчеҳра Ҳасанова, як тоҷири тоҷик бо таассуф аз ин тасмими вазорати маориф мегӯяд, лаҳзаҳои хушҳолии кӯдакону хонандаҳо торафт камтар мешавнад.
Таҷлили бошукӯҳ аз “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдати ва риояи талаботи қонуни танзими ҷашну маросим соли 2007 бо фармони Вазири вақти маориф Абдуҷаббор Раҳмонов манъ шуда буд. Аммо то соли равон, мактабҳо имкон доштанд бо хатмкунандаҳои худ дар як ҷамъомади калон дар саҳни мактаб бо ширкати ҳама хонандаҳо, худоҳофизӣ кунанд. Дар ин маросими 45 дақиқаи шеъру сурудхонӣ ҳам мешуд ва бо вуҷуди таъкидҳои вазири маориф бархе аз хонандаҳо баъд аз хатми мактаб ва супурдани имтиҳонот шабнишиниҳои пинҳонӣ меоростанд.