Парлумони нави Эрон рӯзи 28 май фаъолияти худро бо маросими савганд шурӯъ намуд. Қарор аст Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ки пас аз интихобот дар моҳҳои феврал ва апрел ташкил шудааст, аз талошҳои раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ барои рушди иқтисод ва ислоҳот дар сиёсати иҷтимоӣ пуштибонӣ кунад. Гуфта мешавад, аз 290 вакил беш аз нисфашон аз барномаҳои ҳукумати Рӯҳонӣ пуштибонӣ мекунанд.
Интихоботи ахири парлумонӣ ба ҳукмронии 12-солаи муҳофизакорон дар Маҷлиси Эрон хотима дод. Аз нигоҳи коршиносон, тағйирот дар Маҷлиси Эрон ба Ҳасани Рӯҳонӣ барои барқарор кардани равобит бо Ғарб, афзоиши озодиҳои шаҳрвандон ва аз ҳуқуқи бештар бархӯрдор шудани занони эронӣ мусоидат хоҳад кард. Зимнан, бори аввал дар парлумони баъд аз инқилоби исломии Эрон 18 тан аз занон соҳиби мандат шудаанд.
Интихоботи парлумонии Эрон – нахустин имтиҳонии сиёсӣ барои Рӯҳонӣ баъд аз имзои созиши ҳастаӣ дар тақрибан як соли пеш ва лағви таҳримҳои байнулмилалӣ дар маҳи январи соли равон буд. Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон баъд аз он лағв шуданд, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар нишасташ дар шаҳри Вена рӯзи 16 январ аз сӯи Теҳрон иҷро шудани ҳама ӯҳдадориҳояш оид ба созиши ҳастаиро тасдиқ намуд. Тақрибан ним сол пеш аз ин Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) баъд аз музокироти тулонӣ ба тавофуқ расида буданд, ки Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.
Алиризо Нуризода, коршиноси масоили сиёсии муқими Лондон, мегӯяд, ки Маҷлиси нави Эрон ба гунае ба маҷлисҳои замони қудрати раисиҷумҳур Муҳаммад Хотамӣ шабоҳат дорад. Дар даврони оғои Рӯҳонӣ парлумоне интихоб шуд, ки дар он акнун ислоҳотхоҳон садои баланд дорад, дар ҳоле, ки дар Маҷлиси пешин садои онҳо аслан ба гӯш намерасид, мегӯяд мусоҳиби мо.
Ӯ меафзояд, муҳофизакорон мутмаинанд, ки дар Маҷлиси феълӣ ҳам аксариятанд, аммо ин тавр нест, зеро мулоқоти ахири Ҳасани Рӯҳонӣ бо вакилон собит кард, ки ҳадди аққал нисф ба изофаи як тамоюли ислоҳотталабона доранд. Аз ин рӯ ин Маҷлис метавонад бо раисиҷумҳур беҳтар ҳамкорӣ кунад ва Рӯҳонӣ, албатта, дар ҳоли мухолифат накардани Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ, имкон хоҳад дошт бо пуштибонии Маҷлис тарҳҳои зиёди ислоҳотталабонаро роҳандозӣ кунад. Алиризо Нуризода ба нақши Шӯрои нигаҳбон таъкид мекунад ва мегӯяд, ҳарчанд аз назари Қонуни асосӣ Маҷлис ваколатҳои зиёд дорад, дар амал Шӯрои нигаҳбон дасти ин ниҳодро бастааст. Ин Шӯро қаблан аз бисёр тарҳҳои ҳукумати ислоҳотталаби Хотамӣ, аз ҷумла, тарҳи қонуни ҷурми сиёсӣ, ҷилавгирӣ карда буд. Ба гуфтаи коршинос, Маҷлиси нав ҳам шояд пойбанди Шӯрои нигаҳбон шавад, зеро ҳайати Шӯро тайи ин солҳо тақрибан тағйире накардааст.
Аз сӯи дигар, чун робитаи раҳбари кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ хело беҳтар аз робитааш бо Муҳаммад Хотамӣ аст, шояд Шӯрои нигаҳбон бо Маҷлис ҳамоҳангии бештар дошта бошад ва аз тарҳҳои ҳукумат пуштибонӣ кунад, ҳадс мезанад мусоҳиби мо.
Зимнан, Ҳасани Рӯҳонӣ ба пуштибонии барномаҳои ҳукумат дар Маҷлиси Эрон сахт ниёз дорад. Рӯҳонӣ, ки дар интихоботи президентии се соли пеш пирӯз шуда буд, мехоҳад бо таъмини рушди иқтисод дар Эрон вориди корзори интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар моҳи майи соли 2017 шавад. Коршиносн шакке надоранд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ талоши дубора дар мақоми президентӣ интихоб шуданро хоҳад кард.