Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи пеш аз муҳлат. Шӯҳрат Ашӯров раҳбари нави оҳангсозон шуд


Шӯҳрат Ашӯров
Шӯҳрат Ашӯров

Шӯҳрат Ашӯрови 54-сола, оҳангсоз ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, раҳбари нави Иттиҳоди композиторони кишвар интихоб шуда, дар ин мақом Қудратулло Ҳикматовро иваз кард. Номзадии Ашӯров дар ҷаласаи ғайринавбатӣ ё зудҳангоми аъзои Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон рӯзи 6 июн дар Душанбе пешниҳод гардид.

Ӯ баъди интихоб шуданаш ба ин мақом дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ният дорад, ки мактаби махсуси оҳангсозони наврасро ташкил кунад. "Ҷалби наврасон ба ин мактаб аз ҳисоби наврасони болаёқати ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда хоҳад шуд. Аз ин тариқ мешавад, ки сафи оҳангсозонро ҷавон кард," - афзуд Шӯҳрат Ашӯров.

Дар баробари Ашӯров, инчунин, номзадии Сангалӣ Ҳомидов ва Амирбек Мӯсоев матраҳ буд, вале онҳо натавонистанд раъйи заруриро ба даст оваранд. Дар ин ҷаласаи ғайринавбатӣ аз 58 узви Иттиҳоди композиторон 38 нафар иштирок карда, 16 тани онҳо ба тарафдорӣ аз Шӯҳрат Ашӯров раъй доданд.

Бар асоси оинномаи Иттиҳоди композиторони Тоҷикистон ва тасмими ин созмони ҷамъиятӣ анҷумани навбатӣ бояд моҳи декабри соли 2018 баргузор мешуд. Вале аъзояш бо даъвати як ҷаласаи зудҳангом раҳбари нави худро интихоб карданд.

Қудратулло Ҳикматов тақрибан даҳ сол боз раҳбарии Иттиҳоди оҳангсозонро бар уҳда дошт
Қудратулло Ҳикматов тақрибан даҳ сол боз раҳбарии Иттиҳоди оҳангсозонро бар уҳда дошт

Аз соли 2007 то ба ин сӯ раҳбарии ин Иттиҳодро Қудратулло Ҳикматов бар уҳда дошт. Ин композитори саршиноси Тоҷикистон бо собиқаи тақрибан 40-солаи корӣ соҳиби чандин ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Олмон, Шветсия, Русия ва Маҷористон мебошад. Ӯ соли 2001 унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистонро соҳиб шудааст.

Бархе аз аъзои Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 6 июн Қудратулло Ҳикматовро барои камфаъолиятӣ танқид карда ва хостори иваз шудани раҳбарашон гардиданд. Қудратулло Ҳикматов дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аммо ин иддао асос надорад ва ӯ дар тӯли тақрибан даҳ соли раҳбарияш тамоми нерӯи худро барои кори ин иттиҳод сарф кардааст.

Шӯҳрат Ашӯров, раҳбари нави Иттиҳоди композиторони Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, соли 1984 факултаи маданӣ-маърифатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан, соли 1989 дар факултаи дрижёрии хори Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо таҳсиашро идома дода, дар тӯли солҳои 1998-2006 мудири Оркестри давлатии симфонии назди ҳукумати Маскав, пойтахти Русия буд.

Ашӯров соли 2006 ба Ватан баргашта, аз соли 2009 то 2011 ба ҳайси муовини аввали раиси Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ ҳамзамон раҳбарии кафедраи композитории Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва шуъбаи бадеии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айниро бар уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG