Се муовини раисони ҳукумати Исфара, Хуҷанд ва Истаравшан ба гумони даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шудаанд. Дилшод Зарифӣ – як масъули Идораи мубориза бо коррупсияи Суғд, охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи додситонии вилоят гуфт, ин афрод барои гирифтани маблағ дар ивази ҷудо кардани қитъаи замин муттаҳам мешаванд. Вай ба гунаи мисол аз қазияи Додоҷон Абдуллоев, муовини, инак, собиқи раиси Хуҷанд ёдоварӣ кард ва гуфт, "дар ҳамдастӣ бо кормандони идораи замин 75 ҳазор доллари мардумро гирифтааст."
Беморхонаи марказии Хуҷанд дар 8 моҳи соли равон 22 дафъа ва беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29 бор аз сӯи мақомот мавриди санҷиш қарор гирифтаанд.
Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, гуфт, Додоҷон Абдуллоев ва афроди масъули дигаре, ки, ба қавли ӯ, дар ин қазия шарик буданд, аз мақомҳояшон барканор шуданд. Қаблан низ як намояндаи ҳукумати Хуҷанд барои фурӯши замин ба сокинон муттаҳам ва парвандааш то додгоҳ расида буд. Дар Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 7 дар сади масоҳаташ замин аст ва боқӣ - кӯҳистон, таъмини сокинон бо қитъаҳои замин барои бунёди манзил аз мушкилоти рақами аввал ба шумор меравад.
Дар ҷойи аввал - бонкдорҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ
Масъулони додситонии вилояти Суғд гуфтанд, бино ба маълумоти онҳо, "фасоди молӣ дар ҷомеа рӯ ба афзоиш аст" ва бештар мақомоти ниҳодҳои бонкиву ҳукуматҳои маҳаллӣ ба гумони ришвагирӣ боздошт шудаанд. Бино ба хабари ин ниҳод, дар даҳ моҳи гузашта аз тарафи кормандони сохторҳои бонкӣ 106, ҳукуматҳои маҳаллӣ 55, маориф 31, тандурустӣ 26, идораи ҳарбӣ 4, идораи амният 2 ва идораи мубориза бо фасод 1 ҳолати ришвагирӣ сабт шудааст.
Каримҷон Сафаров, сардори шуъбаи тафтишоти додситонии Суғд, низ гуфт, "дар ин муддат дар вилоят 646 ҷинояти фасоди молӣ ва ришвахорӣ ошкор карда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 40 маврид зиёд аст."
"Як беморхонаро дар ҳашт моҳ 29 бор санҷиш кардаанд"
Дар ҷаласаи додситонии Суғд пешниҳодҳо барои ҷилавгирӣ аз афзоиши фасоди молӣ ва ришвахорӣ ҳам садо дод. Дилшод Зарифӣ, аз масъулони Идораи мубориза бо фасод дар Суғд гуфт, тафтишҳои зиёди корхонаву ширкатҳо ва идораву муассисаҳо норизоятии сокинонро ба бор овардааст. Зеро, ба қавли ӯ, "ҳангоми санҷиш мавридҳои берун баромадан аз ҳадд ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ситондани пора ва рӯйпӯш намудани натиҷаҳои санҷиш ҷой доранд."
Зарифӣ ба ҳайси мисол афзуд, "беморхонаи марказии Хуҷанд дар 8 моҳи соли равон 22 дафъа ва беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29 бор аз сӯи мақомот мавриди санҷиш қарор гирифтаанд. Як мақомот натиҷаи санҷиши дигарро беасос ва ғайриқоннӣ эълон мекунад ва ин ҳолатҳо субъектҳои хоҷагидорро нигарон кардааст."
Панҷоҳ дарсад гуфтаанд, ки ришва додаанд
Ахиран Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ (Transparency International) дар гузоришаш оид ба вазъи мубориза бо коррупсия дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна навишт, талоши мақомоти давлатӣ дар амри кам кардан ё пешгирӣ намудани фасод кофӣ нест. Дар як пурсиши ин созмон 50 дар сади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ба намояндагони мақомот ришва додаанд.
Дар таҳқиқоти ахири Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, ки натиҷаҳояш охири моҳи октябри имсол дар ҳузури президент аз ҷониби раиси ин оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ муаррифӣ шуд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини мубориза бо фасодро дар миёни гурӯҳи олудашуда дар коррупсия номбар кард. Дар пурсиши Оҷонсӣ бо иштироки 88 ҳазор нафар, аз ҳар 10 нафар 4 нафар гуфтаанд, ки сатҳи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ баланд аст. Аз ҷумла, ба ақидаи нисфи пурсидашудаҳо мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои прокуратура, гумрук ва мақомоти судӣ мушоҳида мешавад. Яъне, сохторҳои масъули мубориза бо фасод худашон ба фасодкорӣ олуда будаанд.
Коршиносон мегӯянд, баланд будани мизони фасод, пеш аз ҳама, ба вуҷуди фарҳанг ё тафаккури фасод дар зеҳнҳои аъзои ҷомеа ҳам дахл дорад. Вақте шаҳрванд фикр мекунад, ки танҳо аз роҳи фасод, на аз роҳи риояи қонун метавонад масъалаи худро ҳал кунад, худ ҳам дар баробари мақомот як саҳмгузори рушди ин «маризӣ» мешавад.