Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо хонавода ноҳияи Носири Хусравро тарк кардаанд


Даҳҳо хонаводаи муҳоҷирони ихтиёрӣ ва экологӣ баъд аз дарёфти кумак барои бунёди манзил дар ноҳияи Носири Хусрав ин минтақаро тарк кардаанд. Ин хонаводаҳо баъди соли 2002 аз ноҳияҳои вилояти Бадахшон ва Шамсиддини Шоҳину Муъминободи вилояти Хатлон ба онҷо рафта буданд. Ҳоло ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав аз мақомот ва додситониҳое, ки ба минтақаи онҳо муҳоҷирони дохилиро фиристода буданд, баргардондани пулҳои сарфкардаашро талаб намудааст.

Мо муҳоҷирони экологӣ ҳастем ва он замон 74 оила аз деҳаи Дашти Рошқалъа омадем. Дар инҷо оби ошомиданӣ набуд. Баъзе муҳоҷирон ба Бадахшон баргашта, дар онҷо хона сохтанд, ё иҷоранишин шуданд ё ба Душанбеву шаҳрҳои дигар рафтанд.

Муборакшои Бозоралӣ, як масъули ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав, рӯзи 4 феврал гуфт, "ҳоло ба 6 шаҳру ноҳия нома фиристодем. Ҳар касе, ки ба ноҳияи мо омада буд, замин ва кумакпулӣ додем. Вале беш аз 1500 нафаре, ки нахостанд дар инҷо зиндагӣ кунанд, бояд панҷоҳ дар сади пули харҷшударо баргардонанд."

Соли 2002 аз чанд ноҳияи вилояти Бадахшон бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон 160 оила барои идомаи зиндагӣ ва ободкориву ҳосилхез намудани заминҳои фарохи бекорхобида ба Хатлон муҳоҷир шуданд. Ба ин муҳоҷирон дар ҳаҷми 1500 сомонӣ (бо қурби ҳозира тақрибан 200 ва бо қурби солҳои 2000-ум 300-400 доллар) кумакпулӣ дода шудааст. Ҳоло аз миёни онҳо танҳо 25 оила зиндагиро дар макони нав идома медиҳаду бас.

Аз Ашт ҳам оварданд, вале...

Баъди соли 2008 чанд дафъа муҳоҷирон аз ноҳияҳои Ашти вилояти Суғд, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Мӯъминободи Хатлон низ ба ноҳияи Носири Хусрав оварда шуданд. Ҳукумат иддао мекунад, ки онҳо ҳам баъди гирифтани кумакпулӣ ноҳияро тарк кардаанд. Муборакшои Бозоралӣ гуфт, агар то соли 2012 ба муҳоҷирон 1500 сомонӣ дода мешуд, панҷ сол боз 3000 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Рамазон Оймаҳмадзода
Рамазон Оймаҳмадзода

Зоҳиран, аксари ин муҳоҷирони дохилӣ дар пардохти пул дасткӯтоҳанд ва солҳо боз масъалаи бозпас додани маблағҳо ҳалношуда боқӣ мондааст. Рамазон Оймаҳмадзода, раиси ноҳияи Носири Хусрав гуфт, бозпас гирифтани пули муҳоҷирон тасмими чандсола ва ҷиддии онҳост. "Бояд пулро баргардонему ба муҳоҷироне бидиҳем, ки тоза ба ноҳия меоянд", - афзуд ӯ.

Ҳақиқати ҳол - аз забони муҳоҷирони дохилӣ

Шакархони 47-сола, ки соли 2002 аз ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон ба Носири Хусрав омадааст, гуфт, дар муддати 15 соли охир дилаш ба зиндагӣ дар ин макон гарм нашуд. "Бисёр мехоҳам, ба зодгоҳ баргардам, вале набуди ҷойи зист дар ноҳияи Роштқалъа аз ин роҳ бозмедорад. Аксарият ба хотири номусоид будани боду ҳаво баргаштанд", - гуфт ӯ.

Коршиносони маҳаллӣ гуфтанд, шароити ногувор, гармии беш аз 40-дараҷагии ҳаво дар мавсими тобистон, дур будани хонаҳо аз мактаб, камбуди оби ошомиданӣ муҳоҷиронро аз зиндагӣ дар маҳалли нави иқоматашон дилсард мекунад.

Ин муҳоҷири экологӣ афзуд, чанд сол пеш 74 оила аз деҳаи Дашти Рошқалъа ба ноҳияи Носири Хусрав омада, вале ба далели мушкили оби ошомиданӣ ночор ба зодгоҳашон баргаштаанд. Сӯҳроби Некрӯз, сокини дигари ноҳияи Носири Хусрав, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гармии ҳаво, хусусан дар рустоҳои ҷамоати "Наврӯз"-и ин ноҳия, ки мардумаш аз оби кӯлу заҳбурҳо истифода мекардаанд, муҳоҷиронро барои бозгашт ба зодгоҳ водор кардааст.

"Аз Бадашон оварданду дар гармии тақрибан 50-дараҷаӣ гузоштанд"

Ӯ гуфт, "бештари онҳое, ки дар заминҳои дурдасти ноҳия ҷой дода мешаванд, оби тоза надоранд. Мактаб хеле дур аст. Илова бар ин, ҳавои гармии зери 50 дараҷаи тобистон зиндагии онҳоро душвор мекунад ва ба ҳамин сабаб ҳам ноҳияро тарк мекунанд."

Муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2002 то охирҳои соли 2016 дар чанд марҳила ба ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус ва Ҷайҳун оварда шудаанд. Ҳадаф – таъмини нерӯи корӣ дар ноҳияҳо ва истифодаи заминҳои бекорхобида будааст. Вале на ҳама ба шароите ки онҳоро дар хонаҳои навашон интизор буд, тоб оварданд. Бино ба иттилои расмӣ, дар ноҳияи Шаҳритус ҳоло 250 муҳоҷири ихтиёрӣ зиндагӣ мекунанд.

Абдуалим Исмоилзода, раиси ноҳияи Шаҳритус чанд рӯзи пеш гуфт, ки муҳоҷиронро баробари омаданашон ба ин ноҳия бо қитъаи замин барои сохтмони хона таъмин мекунанд, вале ахиран 15 муҳоҷири дохилӣ баъди гирифтани кумакпулӣ ноҳияро тарк кардаанд. «Ҷои пӯшида нест, ки муҳоҷирон мехоҳанд аз гирду атрофи марказ соҳиби замин шаванд. Вале ин имкон надорад. Аз ин рӯ, аз ҳудуди ҷамоатҳо ба онҳо замин медиҳем», - мегӯяд ӯ.

"3 ҳазор ҳатто барои таҳкурсии хона намерасад"

Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ гуфтанд, шароити ногувор, гармии беш аз 40-дараҷагии ҳаво дар мавсими тобистон, дур будани хонаҳо аз мактаб, камбуди оби ошомиданӣ муҳоҷиронро аз зиндагӣ дар маҳалли нави иқоматашон дилсард мекунад. Руҳфари Мункӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ, гуфт, "илова ба ин, 3000 ҳазор сомонӣ пуле, ки ба онҳо дода мешавад, ақаллан барои бунёди таҳкурсии хона кофӣ нест. Агар пули онҳо бештар мешуд, барои зиндагӣ кардан мусоидат мекард. Мушкилоти ҳамаи онҳо умумӣ аст, дар инҷо зиндагиро аз сифр оғоз мекунанд."

Дар деҳаи Наврӯзи ноҳияи Қубодиён аз 50 оилаи муҳоҷир аз Рӯшону Хоруғ, ки соли 2002 оварда шудаанд, беш аз 20 хонавода бозпас гаштаанд. Мақомот мегӯянд, барномаи интиқоли муҳоҷирон собит кард, ки пеш аз ҳама бояд шароити иҷтимоӣ барои ин қишри мардумро таъмин карда ва баъдан мардумро кӯч додан зарур аст.

XS
SM
MD
LG