Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби расмии доллар аз марзи ҳашт сомонӣ гузашт


Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон аз марзи ҳашт сомонӣ убур кард. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 7 март як доллар ба 8,0049 сомонӣ баробар шуд. То чанд рӯзи пеш қурби расмии як доллар 7 сомониву 94 дирам буд.

Ҳанӯз дар нимаи дувуми моҳи феврали имсол сокинон аз ҷаҳиши якбораи қурби доллар дар саррофиҳои кишвар хабар доданд. Барои мисол, рӯзи 20 феврал дар баъзе саррофиҳо 1 доллари амрикоиро ба 8 сомониву 40 дирам то 8 сомониву 60 дирам табдил мекарданд.

Бонки миллии Тоҷикистон он замон гуфт, ки болоравии нархи доллар дар бозорҳои кишвар муваққатист ва дар моҳҳои оянда вазъ ба эътидол хоҳад омад. Мирзомуддин Мавлонов, сардори шӯъбаи сиёсати қурби асъор ва захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ дар шарҳи ин тамоюл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин кори “нақшаи гурӯҳҳои манфиатдор дар бозори сиёҳ” аст.

Вале ҳоло мақомоти Бонки миллӣ далели болоравии қурби расмии доллар дар баробари сомониро шарҳ надодаанд. Қурби доллар тайи ду соли охир дар бозорҳои Тоҷикистон рӯ ба болост ва соли гузашта мақомот ин тамоюлро ба дӯши саррофиҳои мустақил гузошта табдили асъор дар кӯчаҳоро манъ карданд. Ҳоло ивази пул танҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои қарздиҳӣ имконпазир аст.

XS
SM
MD
LG