Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллии Тоҷикистон сиёсати пулиро дигар кард


Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Бонки Миллии Тоҷикистон аз бими афзоиши таваррум ва боло рафтани қимати молу коло баҳра ё меъёри бозтамвилро якбора 3.5 фоиз боло бурд, ки дар гузашта бисёр кам дида шудааст. То рӯзи 20 март меъёри бозтамвил 12.5 фоизро ташкил медод ва ҳоло ба 16 дар сад расид. Дар тӯли як моҳи охир ин бори дуву аст, ки меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон боло бурда мешавад.

Бонки Миллӣ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, қарори мазкурро бо назардошти омилҳои берунаи иқтисодӣ қабул кардааст, ки метавонанд сабаби фишор ба иқтисоди Тоҷикистон ва пули миллии сомонӣ бишаванд. Дар ҷаласаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар рӯзи 20 март, аз ҷумла кам будани асъори хориҷӣ бахусус доллар ва афзоиши талабот ба он низ баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти бонк, ба сабаби афзоиши пули нақд “зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ вобаста ба татбиқи иншооти бузург, амалиёти ҳаннотӣ ва фаъолияти ғайрирасмии хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ба раванди беэътидоли он оварда мерасонад”. Бисёре аз тоҷирон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки пайдо кардани доллар дар кишвар сахт шудааст ва қимати молҳои воридотӣ аз ҷумла маводи ғизоӣ ҳам боло меравад.

Ба қавли масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон, сиёсати пулии Бонки Марказии Амрико, ки рӯзи 16 март меъёри фоизии долларро боло бурд, “лаппишҳои қурбӣ ба вуҷуд овард ва мумкин аст, боз ҳам боло бурда шавад ва ин метавонад дар тӯли сол ба қурби пули миллии Тоҷикистон ва болоравии нархҳо сабаб шавад”.

Бонкҳои Тоҷикистон аз ду соли пеш ба далели бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ба мушкили зиёде гирифтор шудаанд ва ҳукумати кишвар охири соли гузашта барои наҷоти чаҳор бонки гирифтори мушкилоти молӣ 500 миллион доллар ихтисос дод. Бо вуҷуди кумак Бонки Миллӣ ду бонки кумакгирифта – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро баст.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои шӯравии собиқ низоми бонкии заифтар дорад. Айни замон 112 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк ва 94 созмони маблағгузории хурд дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG