Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти раҳбари мухолифони Узбакистон аз Шавкат Мирзиёев


Раҳбари Ҳаракати мардумӣ ва мухолиф Муҳаммад Солеҳ, ки даврони шӯравӣ барои истиқлолияти Узбакистон мубориза бурда, баъдан зери фишори ҳукумат ин кишварро тарк кард, 23 март бо нашри нахустин изҳороти видеоии худ ҳимояташро аз президент Шавкат Мирзиёев эълон намуд.

"Пештар аз Мирзиёев барои он ки хилофи Қонуни асосии Узбакистон иҷрокунандаи вазифаи президентиро ба зимма гирифт, интиқод кардам ва ҳанӯз ҳам онро нодуруст мешуморам. Вале як қатор корҳои ӯ ҳамчун президент, бахусус гӯш додан ба сухану мушкилиҳои мардуми фаромӯшшудаи Узбакистон дар қалби ман умедеро ба вуҷуд овард, ки вай нияти нек дорад", - мегӯяд Муҳаммад Солеҳ.

Ба гуфтаи Солеҳ, имрӯз мардуми Узбакистон, бахусус вай, аз Мирзиёев тағйирҳои ҷиддиро интизоранд. Мухолифи машҳури узбак ҳамчунин аз Шавкат Мирзиёев даъват кардааст, ки ба эътимоду дастгирии мардуми худ такя карда, ислоҳоти сиёсию иқтисодиро дар ин кишвар оғоз кунад.

"Дар Узбакистон гуруҳи қудратманде ҳаст, ки барои Мирзиёев дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ монеа эҷод мекунад. Вале пушти президент тамоми давлат меистад. Вай бояд ҷасорат нишон дода, давлатро аз ин мафия озод кунад. Барои ин кор солҳо лозим нест, онро бояд зудтар анҷом дод", - афзуд Солеҳ.

Соли 1991 вакили Шӯрои олии Узбакистон ва бунёдгузори Ҳизби "Эрк" (Ирода) Муҳаммад Солеҳ рақиби асосии Ислом Каримов дар интихоботи президентӣ буд. Моҳи июли соли 1992 ӯ бо эътироз аз фишорҳо мандати вакилияшро супурд.. Апрели соли 1993 бо айбномаи "хиёнат ба давлат" дастгир шуд, вале дар пайи фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шарти берун нарафтан аз шаҳри Тошканд озод гашта, баъдан ба Туркия фирор кард. То ҳол дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG