Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соҳиби мактаби роботсозӣ шуд. ВИДЕО


“Кӯдакону наврасони тоҷик акнун метавонанд мустақилона киштиҳои зериобӣ, ракета ва роботу дастгоҳҳои дигари ғайриоддӣ бисозанд”. Бо чунин нақша нахустин мактаби роботсозӣ ва муҳандисӣ дар Тоҷикистон кӯдаконро ба давраҳои махсуси омузиши техникаи роботсозӣ даъват мекунад. Ин мактаб дар доираи як созишнома миёни созмони “Империяи Дониш” ва мактаби муҳандисии шаҳри Маскав дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ихтироъкорони ҷавони тоҷик, ки теъдодашон беш аз 200 нафар гуфта мешавад, ғолибан аз рӯйи коғаз мондани нақшаву заҳматҳои чандсолаи худ ва набуди шароити хуб барои ихтироъкорӣ шиква мекунанд.

Барои омӯхтани техникаи роботсозӣ, муттахасисони соҳаи илмҳои дақиқ ва муҳандисон ҷалб шуданд. Омӯзгорон давоми як ҳафта аз сӯи ҳамтоёни русашон дарс гирифтанд. Таъсисдиҳандагони мактаби роботсозӣ мегӯянд, оянда роботҳо дар кору зиндагӣ дар паҳлӯи инсон қарор гирифта, ба яке аз дастёрони хуб табдил меёбанд, аз ин рӯ кӯдакон аз ҳоло бояд вориди чунин як дунё бишаванд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мактаби роботсозӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Радмир Ғаниев, раҳбари мактаби муҳандисӣ, гуфт, “дар оянда, албатта, ҷойи ронандагонро роботҳо мегиранд. Кӯдакони мо алакай медонанд, ки ин роботҳо чӣ хел кор мекунанд. Мо бо кӯдакон робот-табиб месозем, ки эҳтимол дар оянда ҷойи ҳамшираҳои шафқатро мегиранд ва дар мавзеъҳои масалан барои сиҳатӣ хатарнок метавонанд истифода шаванд. Мо роботи пулисро месозем. Ӯ метавонад дар миёни як оммаи бузург ҷинояткорро пайдо ва безарар кунад. Яъне, роботҳо дар ҳар сурат дар оянда вориди зиндагии мо мешаванд ва мо кӯдаконро бояд ба ин ҷаҳон омода кунем.”

Дар давраҳои омӯзиши техникаи роботсозӣ кӯдакон дарсҳои физикаву математика, технология, биологияро на дар алоҳидагӣ, балки муштарак ва дар амал бо иҷрои ягон кор меомӯзанд. Вераника Коробкина, мудири кулли созмони “Империяи дониш” рӯзи 15 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте кӯдак натиҷаи кори дасти худро мебинад, талош мекунад, ки боз бештару беҳтар омӯзад ва ба дастовардҳои бузургтар ноил шавад.

Ба таъкиди ӯ, “ҳанӯз ним сол пеш мактаби муҳандисӣ ва роботсозӣ дар берун аз Тоҷикистон, диққати маро ҷалб карда буд ва ман тасмим гирифтам, ки онро ба маркази таълимии худамон низ ворид созам. Зеро мехостам, кӯдакони мо, кӯдакони Тоҷикистон тавонанд на танҳо дар муассисахои варзишӣ рушд кунанд ва забонҳои гуногун омӯзанд, балки дар соҳаи илм низ рушд намоянд.»

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони “Империяи дониш” ҳамчунин лоиҳаи Академияи арифметикаи гӯё (Академия ментальной арифметики)-ро роҳандозӣ кардааст, ки ҳадафи аслии он дар кӯдакон бедор кардани шавқи омӯзиши илмҳои дақиқ ва аз худ кардани ин донишҳои мураккаб бо роҳи осону бозиҳои мухталиф аст. “Мактаби муҳандисӣ ва роботсозӣ” лоиҳаи дувуми омӯзишии ин созмон аст.

Назира Бекназарова, ки тавассути эълон аз таъсисёбии мактаби роботсозӣ огаҳ шудааст, мегӯяд, аллакай писари 7-солаашро ба он номнавис кардааст. “Ӯ ба роботсозӣ хеле шавқ дорад. Дар хона аз бозии Лего роботҳои хуб месозад. Вақте ин эълонро дидам, фикр кардам, ин ҳамон чизест, ки барои мо зарур аст. Ӯ дар рӯзи аввали санҷишии ин барнома ширкат кард ва хушҳол буд. Фикр мекунам, дар асри технологияҳои муосир чунин барномаҳои омӯзишӣ хеле муҳиманд.”

Суннатулло Қосимов бо роботи сохтааш
Суннатулло Қосимов бо роботи сохтааш

Масъулони созмони “Империяи дониш”, ки тарҳи мактаби роботсозиро ба Тоҷикистон овардаанд, ба ин боваранд, ки ҳар кӯдак тавони сохтани роботу дастгоҳҳои ҷолиби дигарро дорад, аммо бояд бо ӯ кор ва ин шавқро бедор кард. Зафар Тешаев, муҳандисе, ки ба ин марказ ба ҳайси омӯзгор ҷалб шудааст, мегӯяд, дар ду рӯзи «мастер класс» оид ба роботсозӣ онҳо мушоҳида карданд, ин дарсҳо на танҳо барои хурдсолон, балки ҳатто барои волидони онҳо ҳам ҷолиб аст. “Чунин омӯзишҳо барои рушди кишвар ва оянда бисёр муҳиманд”, - мегӯяд ӯ.

Муассисони лоиҳаи “Мактаби роботсозӣ ва муҳандисӣ” бовар доранд, аввалин таҷрибаи омӯзиши роботҳо дар Тоҷикистон муваффақ хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҳам дар кишвар чанде аз наврасону ҷавонон талоши сохтани дастгоҳҳои ғайриоддӣ ва роботҳои мухталифро кардаанд. Аз ҷумла, соли 2015 Суннатулло Қосимов, як навраси тоҷик роботи худро муаррифӣ кард, ки он бо 3 забон сӯҳбат мекард ва барои посбонии мактабҳо ва кумак ба омӯзгорон дар ҷараёни дарс пешбинӣ шуда буд. Аммо ихтироъкорони ҷавони тоҷик, ки теъдодашон беш аз 200 нафар гуфта мешавад, ғолибан аз рӯйи коғаз мондани нақшаву заҳматҳои чандсолаи худ ва набуди шароити хуб барои ихтироъкорӣ шиква мекунанд ва ин бетаваҷҷуҳӣ маъмулан боис ба дилсардии онҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG