Интихоботи президентии Фаронса таҳти чораҳои шадиди амниятӣ ҷараён дорад ва 11 номзад барои соҳиб шудан ба курсии раиси ҷумҳур дар ҳоли рақобатанд. Агар дар даври аввал ҳеҷ яке аз номзадҳо 50 дар сади раъйи мардумро ба даст наёранд, даври дувум рӯзи 7-уми май бо иштироки ду довталаби аслӣ баргузор мешавад.
Баъд аз Брекзит Фаронса ҳам аз иттиҳод берун равад, эҳтимоли инки иттиҳодия бакуллӣ фурӯ мепошад, хеле зиёд хоҳад шуд. Аз ин назар, ин интихобот на фақат барои Фаронса, балки барои ҳамаи Иттиҳоди Аврупо ва ҳатто ҷаҳон аҳамият дорад.
Раъйдиҳандагон аз соати ҳашти субҳ ба тарафи 60 ҳазор марказҳои раъйдиҳӣ рафтанд. Яке аз онҳо ба хабарагузории Рейтерс гуфт, "ин як рӯзи муҳим ва бузург аст. Ин интихобот сабаби тағйирот дар Фаронса ва ҷойҳои дигар хоҳад шуд. Ин бисёр хуб аст ва мо мунтазири натиҷа хоҳем буд."
Интихоботи рӯзи 23 апрел яке аз интихоботҳои пешгӯинашавандаи Фаронса дар даҳсолаи ахир будааст. Ин интихобот ҳамагӣ се рӯз баъди кушта шудани як маъмури пулис дар хиёбони марказии Порис сурат мегирад, ки масъулияташро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар уҳда гирифтааст.
Мақомоти Фаронса мегӯянд, барои муҳофизат аз раъйдиҳандагон 50 ҳазор пулис ва 7 ҳазор низомӣ дар гӯшаҳои ин кишвар даст ба кор шудаанд. Баъд аз силсилаи ҳамлаҳои соли гузашта дар Фаронса, ки дар натиҷаи он беш аз 230 нафар кушта шуд, ин кишвар дар вазъияти фавқулода қарор дорад.
Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки аз миёни 11 номзад раҳбари ростгароҳо Марин Ле Пен ва марказгаро Эммануэл Макрон шонси рафтан ба даври дувуми интихоботро доранд. Ҳарчанд имкони пирӯзии Франсуа Фийон ва Жан Лук Мелешони низ ҳаст. Коршиносон натиҷаи интихоботи Фаронсаро на танҳо ба сарнавишти ин кишвар, балки ояндаи Иттиҳоди Аврупо ва муносибати Ғарб бо Русия низ муҳим мешуморанд.
Арманд Муставфӣ, раҳбари Радиои Фардо, ки ҷараёни маъракаи интихоботро аз наздик пайгирӣ дорад, гуфт, "далелаш ин аст, ки ин интихобот як таъсири муҳим ва умда ба сарнавишти Иттиҳоди Аврупо хоҳад дошт. Табиатан тақдири Иттиҳоди Аврупо дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ таъсир мегузорад. Медонед, ки Бритониё тасмим гирифт, аз Иттиҳод берун шавад. Аз чаҳор номзаде, ки дар маъракаҳои интихоботи Фаронса пешсаф ҳастанд, ду нафарашон – Марин Ле Пен ва Жан Лук Меланшони – ошкоро барои хуруҷи Фаронса аз Иттиҳоди Аврупо мавзеъгирӣ доранд. Баъд аз Брекзит Фаронса ҳам аз иттиҳод берун равад, эҳтимоли инки иттиҳодия бакуллӣ фурӯ мепошад, хеле зиёд хоҳад шуд. Аз ин назар, ин интихобот на фақат барои Фаронса, балки барои ҳамаи Иттиҳоди Аврупо ва ҳатто ҷаҳон аҳамият дорад.”
Озодӣ: Дар ин интихобот бори аввал аст, ки Марин Ле Пен, яке аз сиёсатмадорони миллатгаро аз номзадҳои аслист. Назарсанҷиҳо чиро нишон медиҳанд?
Арманд Муставфӣ: “Дар ин интихобот 11 номзад дар даври аввал иштирок доранд ва ду номзаде, ки раъйи бештарро ба даст меоранд, ба даври дувум мераванд. Масъала инҷост, ки дар назарсанҷиҳо ҳисоби чаҳор номзад – раҳбари ростгароҳо Марин Ле Пен, номзади марказгаро Эмануэл Макрон, номзади муҳофизакор Франсуа Филлон ва чапгаро Жан Лук Меланшони – тақрибан баробар аст.”
Озодӣ: Масоили аслие, ки номзадҳо дар корзори интихобот барои ба даст овардани дили раъйдиҳандаҳо баҳс карданд, чӣ буд? Амният, кор ё чизи дигар?
Арманд Муставфӣ: “Муҳимтарин масъала дар Фаронса масъалаи кор аст. Барои онки ин кишвар яке аз болотарин нархҳои бекорӣ дар миёни давлатҳои ғарбиро дорад. Масъалаи дувум масъалаи қарзҳои Фаронса аст. Давлати Фаронса беш аз ду ҳазор миллиард евро бидеҳӣ дорад ва ҳар сол чизе ҳудуди 50 миллиард евро фоизи ин қарзҳоро мепардозад, ки ба буҷа сангинӣ мекунад. Масъалаи дигар масъалаи амнияту мубориза бо терроризм аст.”