То имрӯз сохтмони садди обанбори нерӯгоҳи Роғун ба 50 метр расидааст. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон 19 июл дар нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ бобати раванди сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ гуфт, ки "сохтмон бо суръат идома дорад ва баландии садди обанбор ба 50 метр расида, сохтмони толори агрегатҳо дар ҳоли анҷомёбӣ аст".
Ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадзода, "интизор ҳастем, ки агрегати нахустини нерӯгоҳи Роғун дар моҳи декабри соли 2018 мавриди истифода қарор дода мешавад". Вай афзуд, ки ба далели бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун, анҷоми бархе аз тарҳҳои дигари сохтмонӣ дар Тоҷикистон ба таъхир дароварда шудааст, зеро "бештаре аз маблағҳо барои идомаи Роғун ихтисос шудаанд".
Нерӯгоҳи Роғун аз шаш агрегат иборат буда, дар сурати пурра ба кор даромаданаш то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои интиқол ба минтақаҳое дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Бар асоси нақша, чархаи аввал ва дувуми нерӯгоҳи Роғун дар солҳои 2018 ва 2019 фаъол шуда, чархаҳои дигар марҳила ба марҳила ба кор андохта мешаванд.