Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон: “Мағозаи холиро чӣ кор кунем, қарзи бонкро кӣ медиҳад?” ВИДЕО


Бо гузашти ду рӯз аз сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"-и шаҳри Душанбе ҳанӯз ҳаҷми хисороти тоҷирон дақиқ нашудааст. Худи тоҷирон ҳаҷми зарари худро даҳҳо ҳазор доллар мегӯянд. Зараре, ки маълум нест аз кадом роҳ ҷуброн мешавад ва нигаронии тоҷирон ҳам аз ин ҳисоб аст. Азнавсозии мағоза ва ду-се сол озод кардан аз "чек"-пулӣ ба назари тоҷирон ба дарди онҳо марҳаме намешавад.

"Даруни мағозаи холӣ чой нӯшида шинам?"

Иброҳим Ҳусейнов ду рӯз аст, ки мағозаашро аз боқимондаҳои сӯхтор тоза мекунад. Ӯ бо ҳасрат ба амволи сӯхтааш нигоҳ карда, ҳайрон аст, ки бо кадом маблағ дубора корро шуруъ кунад. Ҳусейнов се ҳафта қабл аз хориҷа яхдон, чангкашак, тафдон, "кондитсионер" ва таҷҳизоти дигари техникӣ оварда буд. Умед дошт, аз фурӯши онҳо дар мавсими тобистони имсол даромади хубе ба даст меорад.

Бино ба хулосаҳои ибтидоӣ, сӯхтор дар бозори "Cултони Кабир"-и Душанбе аз "расиши ноқилҳои барқ" сар задааст. Дар сӯхтори шаби 2-юми июн ҳадди аққал 21 дӯкон ва анборҳои ин бозор ба коми оташ рафт.

Ин тоҷири бозори "Султони Кабир" зарари худ аз сӯхторро наздики 200 ҳазор сомонӣ (беш аз 22 ҳазор доллар) тахмин мекунад. "Дар мағозаам ягон чиз намонд, ҳамааш сӯхт. Ду рӯз аст, ки мағозаро аз чирку партов тоза мекунем. Чӣ кор кунем, тақдирамон ҳамин будааст, додамонро ба кӣ гӯем? Ба молҳои овардаам нигоҳ карда, хуни ҷигар мешавам. Қарзи бонкро аз куҷо месупорам?",- гуфт ин соҳибкори тоҷик.

Мағозаи Ҳусейнов яке аз 21 дӯконест, ки шаби 2-юми июн ба коми оташ рафтааст. Ба Иброҳим Ҳусейнов ва чанд тоҷири аз сӯхтор осебидидаи "Султони Кабир" мақомот суҳбат карда, ваъда додаанд, ки кумакашон мекунанд. Ба тоҷирон гуфтаанд, ки то як ҳафтаи дигар мағозаҳои соҳибкорон пурра барқарор мешавад.

Аммо соҳибкорон мегӯянд, бунёди мағоза ва ду-се сол озод кардани онҳо аз "чек"-пулӣ роҳҳалли мушкили онҳо нест. Зеро ба қавли тоҷирон, дар сӯхтор даҳҳо ҳазор долларашонро аз даст додаанд ва барои дубора шуруъ кардани тиҷорат ба маблағ ё ҳадди ақал қарзи бефоиз ниёз доранд. "Мағозаи холиро чӣ кор кунам? Дар дарунаш чой нӯшида шинам? Канӣ маблағ, ки дубора мол харида биорам ва тиҷоратро шурӯъ кунам?" - суол гузошт як тоҷири дигари осебдида дар сӯхтор.

Феълан маълум нест, ки барои ҷуброни зарари тоҷирони бозори "Султони Кабир" чӣ корҳо анҷом шудааст. Масъулини бозор дар ин бора шарҳе надоданд.

Расиши ноқилҳои барқ - Хулосаи ибтидоии сӯхтор дар "Султони Кабир"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

"Тоҷирон бима накунанд, мо аз куҷо маблағи зарар диҳем?"

Ин бор аввал нест, ки тоҷирони зарардида аз сӯхтори бозор дар Тоҷикистон аз ҷуброн нашудани хисороташон шикоят мекунанд. Як соли қабл тоҷирони бозори "Корвон" низ бо чунин мушкил дучор шуда буданд. Дар бисёр ҳолат мақомот худи соҳибкоронро гунаҳкор мекунанд, ки амволи худро бима ё бима намекунанд.

Мақомот мегӯянд, танҳо дар ҳолати бима шудани амволи соҳибкорон, метавонанд дар ҳолатҳои фавқулода зарари онҳоро ҷуброн кунанд. Ба қавли мақомот, барои аксар тоҷирон одат нест, ки моли худро бима кунанд.

Аломуддин Алиев, як масъули идораи "Тоҷиксуғурта" мегӯяд, тоҷирони тоҷик дар аксар ҳолат барои бима кардани амволашон муроҷиат намекунанд ва танҳо баъди муроҷиати сохторҳои бима ба ин кор мераванд.

Ҷаноби Алиев афзуд, агар тоҷирон амволи худро аз қабл бима накарда бошанд, ба онҳо ягон хел кӯмак расонида намешавад. Зеро ба қавли ин масъули "Тоҷиксуғурта", "кӯмак танҳо дар доираи шартномаи бима амалӣ мешавад. Соҳибкорон ба бима кардани молашон таваҷҷӯҳ доранд, вале дар амал ба ин кор кам муроҷиат мекунанд, кор дар сатҳи зарурӣ нест".

Мақомоти тоҷик мегӯянд, феълан агар дар як бозор 100 соҳибкор фаъолият кунад, танҳо 10-15 нафари онҳо амволи худро бима кардаанд.

Дар идораи "Тоҷиксуғурта" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои тоҷирон ҳеҷ гуна бимаи ҳатмӣ вуҷуд надорад ва танҳо бо хоҳиши онҳо амволашон бима мешавад. Дар ҳамин ҳол тоҷирон мегӯянд, маблағи бима дар Тоҷикистон кам аст ва ба ин хотир аксари ин қишри ҷомеа ба он таваҷҷуҳ надоранд ва бовар надоранд, ки дар сурати хисорот, ширкати бимакунанда пардохти баробар бо хисоротро анҷом медиҳад.

"Вақте чекпулӣ ҷамъ мекунанд, бояд кӯмак расонанд"

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳолатҳои фавқуллода соҳибкоронро ба ҳоли худ гузоштан натанҳо чанд ҷойи кориро аз байн мебарад, балки будҷаро аз чанд андозсупоранда маҳрум месозад. Искандар Норматов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ба амволи соҳибкорон дар бозорҳо пеш аз ҳама масъулини бозорҳо ҷавобгаранд. Зеро онҳо аз соҳибкорон барои иҷорапулӣ ва посбон маблағ мегиранд.

"Намояндаи бозорҳо пули иҷора ҷамъ карда метавонанд, Як намоянда барои санҷиш ояд, маблағ ҷамъ мекунанд. Бо маблағи соҳибкор посбон кироя мекунанд, аммо вақте мағоза сӯхт, ҳамаи зарарро бар дӯши соҳибкорон мепартоянд, ки худат роҳатро ёб. Ин кор аз рӯи мантиқ нест ва набояд чунин бошад",-афзуд ин коршиноси тоҷик.

Искандар Норматов гуфт, дар шароите, ки соҳибкор тамоми амволашро дар сӯхтори бозор аз даст медиҳад, ҳадди ақал ба ӯ бояд қарзи бефоиз барои чанд сол ҷудо карда шавад.

Ин коршиноси масоили иқтисодӣ ҳамчунин гуфт, бо баргирифта аз таҷрибаи талхи солҳои ахир бояд ҳамаи бозорҳо ба низомномаи худ тағйирот ворид карда, аз соҳибкорон бимаи амволро талаб намоянд. Шояд ин кор, ба қавли Искандар Норматов, тавонад то ҷое хисороти тоҷиронро ҷуброн намояд.

"Оташсӯзӣ аз расиши ноқил сар зад?"

Таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтори шоми 2-юми июн дар бозори "Султони Кабир" идома дорад. Комиссияи махсус бояд сабабҳои рух додани ҳодиса ва ҳаҷми зарарро мушаххас кунанд.

Бино ба хулосаҳои ибтидоӣ, сӯхтор дар бозори "Cултони Кабир"-и Душанбе аз "расиши ноқилҳои барқ" сар задааст. Дар сӯхтори шаби 2-юми июн ҳадди аққал 21 дӯкон ва анборҳои ин бозор ба коми оташ рафт.

Атрофи бозорро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҳота кардаанд ва шахсони бегонаро намегузоранд, ки наздик шаванд. Масъулони бозори "Султони Кабир" ҳам иҷозат надоданд, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба бино ворид шуда, бо соҳибкорон суҳбат кунанд.

Шаҳрдори Душанбе ба масъулони бозори "Султони Кабир" як ҳафта мӯҳлат додааст, ки дӯконҳои харобшударо бунёд ва ба соҳибонашон супоранд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 дар масоҳати беш аз 1200 метри мураббаъ бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

Бозори Султони Кабир дар Душанбе оташ гирифт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

XS
SM
MD
LG