Муфаттишон дар Узбекистон ду зани муттаҳам ба дуздиро бо таҳқиру тавҳини зиёд бараҳна карда, ба навор гирифтаанд. Ҳодиса дар Идораи милисаи шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд рух додааст ва навори он дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст. Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 4-уми июл гуфт, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Занҳо ба додситонӣ шикоят карда, ҳодисаро бо тамоми ҷузъиёташ нақл кардаанд. Баъди таҳқиқи парванда онро барои баррасӣ ба додгоҳ хоҳанд фиристод
Дар навори видеоӣ дида мешавад, муфаттише як зани тақрибан 35-соларо дар кунҷи утоқ монда ва маҷбур мекунад, ки либосҳояшро бикашад. Ин зан ба тадриҷ либосҳояшро бадар карда ва илтиҷо мекунад, ки баъзе либосҳояш бимонад. Аммо дар навор садои марде шунида мешавад, ки мегӯяд, “бикаш, то охир бикаш” ва зану модари ӯро дашном медиҳад.
Дар навори видео шунида мешавад, ки зан мегӯяд, “бародар ман ин корро накардам”. Аммо муфаттиш амр медиҳад, ки ӯ бо тани луч ба берун барояд.
Дар ҳамин ҳол, садои марди дувум шунида мешавад, ки ба зани дигари боздоштшуда амр медиҳад, ӯ низ бараҳна шавад. Ин зан, ки чеҳрааш намоён нест, аз маъмури милиса илтимос мекунад, беҳурматӣ накунад, аммо дар посух ҳақорати зиёде мешунавад.
Як корманди ниҳодҳои интизомии Узбекистон, ки видеоро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, гуфт, ҳодиса рӯзи 3-юми июни имсол дар роҳрави Идораи милисаи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд сурат гирифтааст. Ба қавли мусоҳиби мо, марде, ки занҳоро барои бараҳна шудан амр кардааст, муфаттиши шуъбаи кофтукоби ҷиноии шаҳри Каттақӯрғон аст.
“Рӯзи 3-юми июн бо раҳбарии муфаттиш Санъат Умаров ба идораи милиса ду занро оварданд, ки ба дуздӣ муттаҳам мешуданд. Онҳо аз минтақаи дигар ба бозори Каттақӯрғон омадаанд. Занҳоро луч карда, пулҳои гӯиё дуздишударо ҷустуҷӯ намуданд. Аммо аз онҳо ҳеч пул наёфтанд ва баъдан озод карданд. Дар бораи боздошти онҳо ҳеч санаде таҳия нашудааст. Ному насаби ин занон дар дафтари боздоштшудаҳо низ сабт наёфтааст”, - гуфт мусоҳиби мо.
Вай афзуд, навор аз тарафи худи муфаттишоне сабт шудааст, ки занҳоро таҳқир кардаанд. “Бо гузашти чанд рӯз ин видео дар миёни кормандони милиса паҳн шуд ва аз даст ба даст мегашт”, - гуфт ин корманди интизомӣ.
Муфаттиш Санъат Умаров рӯзи 4-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳодисаро тасдиқ кард. Вай гуфт, аз занҳо барои чунин рафтораш узр пурсидааст.
“Дар ин замина Додситонии вилояти Самарқанд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин занҳо ба додситонӣ шикоят карда ва ҳодисаро бо тамоми ҷузъиёташ нақл кардаанд. Баъди таҳқиқи парванда онро барои баррасӣ ба додгоҳ хоҳанд фиристод”, - афзуд ӯ.
Санъат Умаров гуфт, бо вуҷуди онки таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад, ӯ ба кораш дар шуъбаи кофтукоби ҷиноӣ идома медиҳад. Дар Додситонии кулли Узбекистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тафтишот идома дорад, аммо “ба хотири ҳифзи обрӯ ва шарафи инсон” тафсилоти бештар надоданд.
Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки муфаттиши дувум дар ин қазияро маълум кунад. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки моҳи феврали имсол раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз рафтори кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба шиддат интиқод карда ва гуфт, бисёре аз мардум аз кори милисаҳои узбек норозиянд.
Ҳомиёни ҳуқуқ муфаттишони милисаро барои бадрафторӣ ва таҳқири занон маҳкум кардаанд.