Дар маҳфиле аз Мӯъмин Қаноат, шоири шаҳири тоҷик, ки ду моҳи пеш бар асари беморӣ дунёро падруд гуфт, ёдоварӣ карданд. Ин нишаст рӯзи 5-уми июл дар бинои Иттиҳоди адибони Тоҷикистон баргузор шуд.
- Иштирокдорони маҳфил аз Мӯъмин Қаноат ба ҳайси шахсияти вораста ва бошаҳомате ёд оварданд, ки “барои ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва асолати фарҳангии тоҷикон то охири умраш кӯшид ва дар ин масир чун кӯҳ устувор монд”.
Саттор Турсун, нависандаи тоҷик, гуфт, Мӯъмин Қаноат фарде озодманиш ва бо андешаҳои баланд буд, ки бо вуҷуди таҳаввулоти замон, муқаддасоти миллиро ҳеҷ гоҳ ба молу сарват иваз накард. “Фикр мекунам, агар дар зери пӯсти Мӯъмин Қаноат заррае аз давлатталабию сарватхоҳӣ мебуд, ба бисёр ҷойҳои олитар, аз нигоҳи молу сарват, мерасид.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар ин маҳфил ҳамзамон китоби тозанашри “Ба дида нақши рӯи ту”, ки таъзиянома ва дидгоҳҳои донишмандон, равшанфикрон ва аҳли адаби Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар бораи реҳлати падари шеъри навини тоҷик гирдоварӣ шудааст, муаррифӣ шуд. Ин китоб дар ҳаҷми беш аз сад саҳифа дар нашриёти "ЭРграф" чоп шудааст.
Дар ин китоб ба иловаи сӯгномаҳои аҳли адаб ва ҳунари кишвар, ҳамчунин, паёми тасаллияти шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, Олжас Сулаймонов – адиби маъруфи қазоқ ва дигарон ба муносибати даргузашти Мӯъмин Қаноат ҷой дода шудааст.
Ҳайдаршоҳ Акбаров, масъули нашри китоби "Ба дида нақши рӯи ту" гуфт, “мо дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи ин андешаҳоро ҷамъоварӣ кардем, ки беҳтарин суханҳо, беҳтарин шеърҳо, беҳтарин андешаҳо ҳастанд. Фақат он чизе, ки дар он се рӯз бадоҳатан гуфта шудаст, ҷамъоварӣ шуд. Аз дохил ва аз хориҷи Тоҷикистон.”
Бо гузашти тақрибан ду моҳ аз фавти шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат, ҳанӯз ҳам ҳампешагон ва аҳли адаб дар сӯги ӯ нишастаанд ва сурудани марсияҳо идома дорад. Зулфия Атоӣ, Ҳақназар Ғоиб ва шоирони дигари тоҷик дар ин маҳфил марсияҳои худро дар сӯги Мӯъмин Қаноат қироат карданд.
Ҳамқаламону ҳамнишинони Мӯъмин Қаноат ӯро шоири шинохтатарин дар адабиёти муосири тоҷик меноманд, ки аз шумори шахсиятҳои бузурги адабиёти ҷаҳон, дӯстон ва ҳаводорони бешуморе дошт. Ба қавли Зулфия Атоӣ, Мӯъмин Қаноат дар радифи Мирзо Турсунзода аз шинохтатарин шахсиятҳои Тоҷикистон дар миёни аҳли илму фарҳанги шӯравии собиқ ба шумор мерафт.
Мӯъмин Қанот рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе даргузашт ва як рӯз баъд дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.
Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, "Мавҷҳои Днепр", “Тоҷикистон – исми ман”, “ГаҳвораиСино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” аз маъруфтарин осори ӯ дониста мешавад.
Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон таваллуд шуда, соли 1956 бахши забоншиносии донишкадаи таъриху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳо дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Садои Шарқ” буд ва дар нашриёти давлатии “Ирфон” низ масъулиятҳоеро бар зимма дошт.
Ӯ соли 1968 муовини аввали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳ ва Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро раҳбарӣ намуд. Солҳои 1996-2000 муовини раиси ҳаракати “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”, солҳои 2001 - 2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.
Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Ӯ, дар маҷмуъ, натанҳо дар саҳнаи адабиёт, балки саҳнаи сиёсату иҷтимои Тоҷикистон ҳам фаъол буд ва дар робита ба мушкилоти кишвар чанд дафъа садо баланд кардааст.