Ба дунболи як гузориши Радиои Озодӣ, Додситонии шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) ба таҳқиқи иддао дар бораи латту кӯби Фазлиддин Сафаров, як зиндонии маҳкум ба ҳабси абад, шурӯъ кардааст. Онҳо ба хешовандони Фазлиддин Сафаров, ки бо гуноҳи қатли зане зиндонӣ шудааст, ваъда додаанд, то куҷо воқеӣ будани гуфтаҳои ӯро дар бораи латту кӯб маълум мекунанд.
Вақте либосашро боло кард, қабурғаҳояш сиёҳ буданд. Гуфт, ҳамаро шикастаед, дигар наметарсам. Сараш варам карда буд ва худаш хам нишаста наметавонист
Як масъули Додситонии шаҳри Бохтар рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ду муфаттиш барои таҳқиқи дурустии иддаои Сафаров масъул шуданд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон баъди мулоқот бо ин зиндонӣ, модару хоҳар ва духтарашро даъват карда, дар бораи вазъи саломатии ӯ хабар додаанд.
Айни замон, ба қавли намояндаи додситонӣ, “ҳеч доғ дар чеҳраи ӯ дида намешавад. Осори латту кӯб ба мушоҳида нарасид ва барои собит намудани ин ҳарфҳо аксҳоро ҳам нишон додаанд.”
Мегӯянд, "падарат мисли асп аст"
Хешовандони Фазлиддин Сафаров мегӯянд, посбонҳои зиндон аз он вақт ӯро ба қавле “чап” гирифтаанд, ки ӯ панҷ сол қабл зимни боздиди намояндагони Созмони Милал аз зиндони Бохтар ба онҳо дар бораи шароити бади зиндон ва бадрафторӣ бо маҳбусон шикоят кардааст. Ба қавли Сумая Сафарова, духтари Фазлиддин Сафаров, муфаттишони додситонӣ ба онҳо гуфтаанд, ки “падарат мисли асп аст ва касе ӯро озор намедиҳад”. Вале ӯ мегӯяд, агар падараш сиҳату саломату бардам аст, чаро як бор иҷоза намедиҳанд, то ӯро бубинанд.
Раъно Сафарова, хоҳари Фазлиддин Сафаров ҳам гуфт, “чӣ хел бардам аст, ки дар аксҳое ба мо нишон доданд, ҳамчунон миёнаш каҷ ва чеҳрааш афсурда аст?”
Суҳбат бе ҳузури посбонон
Наздикони Фазлиддин Сафаров рӯзи ҷумъа ба мулоқоти муфаттишон ба Додситонии кулл рафта буданд. Дар Додситонии кулл ба онҳо ваъда додаанд, ки дар таҳқиқи қазия мусоидат мекунанд.
Муфаттишони додситонӣ қасд доштаанд, санҷишро идома бидиҳанд ва дар дохили зиндон бе ҳузури посбонон бо ӯ суҳбат кунанд. Суҳбат бо он маъмурони зиндон, ки ба азобу шиканҷаи Фазлиддин Сафаров муттаҳам мешаванд, бахши дигаре аз тафтишоти қазияи латту кӯб будааст.
Ба нақли хоҳари маҳбус, вақте онҳо бо муфаттишон сӯҳбат доштанд, муовини аввали додситон дохили утоқ шуда ва аз муфаттишон хостааст, дубора ба зиндон раванд ва “бе ҳузури маъмурони зиндон бо ӯ мулоқот кунанд”. “Модарам дар назди муфаттишон гирист ва хоҳиш кард, ки агар “мисли асп” саломат аст, як бор ба мо нишон диҳед. Гуфтанд, ки ба раёсати маҳбасҳо нома нависед”, - гуфт, Раъно Сафарова.
"Вақте либосашро боло кард..."
Бар асоси қонун, дар Тоҷикистон онҳое, ки ҳукми зиндони якумрӣ гирифтаанд, дар як сол ду дафъа ҳақ доранд, бо наздиконашон мулоқот кунанд. Хабари латту кӯби Фазлиддин Сафаров ҳам баъди мулоқоти ахир дар рӯзи 25-уми июн берун омад. Бибикалон Мӯъминова, модари 69-солаи Фазлиддин Сафаров ба Радиои Озодӣ гуфт, “писарам дар ҳузури посбонҳо бо овози баланд гуфт, ки 13 сол маро шиканҷаву азоб додед. Вақте либосашро боло кард, қабурғаҳояш сиёҳ буданд. Гуфт, ҳамаро шикастаед, дигар наметарсам. Куштан хоҳед, кушед. Сараш варам карда буд ва худаш хам нишаста наметавонист.”
Вале маъмурони зиндони Бохтар ин иддаоро рад карда, гуфтанд, ки хешовандони зиндониён муқаррароти сахти зиндонро намефаҳманд ва фикр мекунанд, ки бо онҳо бадрафторӣ мешавад.
Фазлиддин Сафаров, ки ҳоло 49 сол дорад, соли 2005 бо гуноҳи қатли як зани ронандаи таксӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум шудааст Модараш мегӯяд, писараш зери шиканҷа иттиҳомро эътироф кардааст, вале муфаттишон мегӯянд, далелҳои собит доранд, ки Фазлиддин ҷиноятро содир кардааст.
Шиканҷа дар зиндонҳо: Буд ё набуд?
Масъалаи азобу шиканҷаи зиндониён ва бадрафторӣ бо муттаҳамон ҳамчунон як масъалаи доғ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Моҳи майи соли 2012 Хуан Мендес, гузоришгари хоси Созмони Милал дар мавзӯи шиканҷа ба Тоҷикистон омад ва аз ҷумла ба зиндони Бохтар рафт. Ӯ баъдан бо нашри як гузориши хос гуфт, ки дар Тоҷикистон "Маҳбусони маҳкум ба зиндони якумрӣ дар утоқҳои тангу тори бидуни ҳавокаш ва гарми тоқатфарсо нигаҳ дошта мешаванд. Шароити оддии беҳдоштиро надоранд ва бо ғизои дуруст таъмин нестанд. Ба онҳо кӯмаки тиббӣ ва равонӣ расонида намешавад.”
Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳам чанде пеш дар як арзёбӣ навишт, ки ҳанӯз ҳам дар кишвар шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят ва зиндониён роиҷ аст ва "Латукўб бо бастани дасту пой, гузоштани қувваи барқ ба зери нохунҳои ангуштон, зарбаҳо ба сар, задани зарба ба гурда ва шикам” аз ҷумлаи усулҳоест, ки истифода мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин замина муболиға мекунанд ва ҳар касе, ки бо зиндониён рафтори ғайриқонунӣ дорад, танбеҳ ва ё ҷазо мегирад.