Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷоҳ ҳазор китоб дар намоишгоҳи "Китоби Душанбе". ВИДЕО


Шурӯъ аз асарҳои Антон Чехови рус то Александр Дюмаи фаронсавӣ, китобҳо аз сарнавишти Отатурку таърихи Узбакистон то рубоиёти Хайёму адибони муосири тоҷикро дар намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии "Китоби Душанбе" пайдо кардан мумкин аст.

Дар ин намоишгоҳ ҳудуди 50 ҳазор китобҳои мухталифи адабиву илмӣ ва таълимӣ ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ рӯзи 18-уми март дар Китобхонаи давлатии кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакар шурӯъ ба кор кард.

Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" дар ҳоле баргузор мешавад, ки бо далели фурӯхтани бино, дари яке аз бузургтарин китобфурӯшиҳо дар маркази Душанберо чанд ҳафта қабл бастанд.

Ҳотами Ҳомид, узви Кумитаи тадорукоти намошгоҳи "Китоби Душанбе" мегӯяд, дар баробари ноширони хориҷӣ, ки теъдоди онҳо аз 50 адад зиёд аст, ҳамчунин аз 7 давлати дунё, аз ҷумла аз Ҳиндустон, Афғонистон, Узбакистон, Русия, Фаронса, Туркия ва ИМА ширкат доранд.

Намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ, ки дар ин намоишгоҳ ширкат доранд, ин маросимро фурсати хубе барои таблиғи забономӯзӣ ва адабиёташон унвон карданд. Бар асоси мушҳоҳидаи онҳо, аксаран кӯдакон ва наврасони тоҷик ба забон ва адабиёти хориҷӣ рағбат доранд.

Этен Лансело, атташеи фарҳангии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар робита ба завқи хонандаи тоҷик ба адабиёти Фаронса гуфт, хонандаи тоҷик асосан ба китобҳои адибони фаронсавӣ, ба монанди Виктор Гюго, Александр Дюма ва дигарон таваҷҷӯҳи бештар доранд.

Вай афзуд, ки онҳо дар гӯшаи китобҳои фаронсавӣ як чанд намунаи ин китобҳоро ба намоиш гузоштанд ва асосан шумораи бузурги китобҳои бачагонаро пешниҳод карданд.

Хонандагон аз баргузории чунин як намоишгоҳи китоб истиқбол карда ва мегӯянд, ҳарчанд инчунин намоишгоҳҳо барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ ва муаррифии китобҳои нав мусоидат мекунад, аммо ҳанӯз ҳам ин барои боло бурдани фарҳанги китобхонӣ кофӣ нест. Абдураҳмони Абдуманнон, адиби тоҷик ба зарурати таблиғи китобхонӣ таъкид кард ва гуфт, ташкили фурӯши китоб ва тарғиби он бояд беҳтар ба роҳ монда шавад.

Ҷавонони дӯстдори китоб мегӯянд, ки дар намоишгоҳ китобҳои беҳтарин ба намоиш гузошта шудааст, аммо на дар ҳар гӯшаи намоишгоҳ китобҳои заруриро ба фурӯш гузоштаанд. Дар ҳоле, ки мегӯянд, он китобҳоро аз китобфурӯшиҳои ангуштшумор дар шаҳри Душанбе пайдо кардан метавонанд, аммо қалб аз он, пайдо кардани худи китобфурӯшиҳо мушкил аст.

Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" дар ҳоле баргузор мешавад, ки бо далели фурӯхтани бино, дари яке аз бузургтарин китобфурӯшиҳо дар маркази Душанберо чанд ҳафта қабл бастанд.

Китобфурӯшоне, ки аз он бино ронда шуданд, мегӯянд, ҷои дигари мувофиқ барои китобфурӯшӣ надоранд ва маҷбуранд, ки шумораи бузурги китобҳояшонро дар манзилашон ва ё ҷои дигар пинҳон аз чашми харидорон кунанд ҷой кунанд.

Панҷоҳ ҳазор китоб дар намоишгоҳи "Китоби Душанбе"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

XS
SM
MD
LG