Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои "ҷиддӣ"-и Болтон бо мақомҳои рус дар Маскав


Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии президент Доналд Трамп барои анҷоми музокирот ба Маскав рафтааст. Мавзӯи меҳварии гуфтугӯҳои Болтон дар Маскав, масъалаи хуруҷи Амрико аз "Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз" мебошад.

Ҷон Болтон рӯзи душанбеи 22-юми октябр бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва ҳамтои русаш Николай Патрушев мулоқот кард. То ба ҳол тафсилоти ин мулоқоти Ҷон Болтон бо Сергей Лавров маълум нест.

Мулоқотҳои "ҷиддӣ" ва "созанда" дар Маскав

Ҷон Болтон дар мулоқот бо мақомҳои баландпояи рус гуфтааст, Амрико ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки дар сурати хуруҷ аз ин паймон, мушакҳои наве дар қораи Аврупо алайҳи Русия ҷобаҷо кунад. Мақомҳои рус мулоқотҳои худ бо Ҷон Болтонро "созанда" ва "ҷиддӣ" гуфтаанд.

Бар пояи изҳороте, ки Шӯрои амнияти миллии Русия нашр кард, аз байн рафтани ин паймон метавонад зарбаи сахте ба низоми назорати аслиҳа дар ҷаҳон бошад ва Русия ҳозир аст, ки барои ҳифзи он бо Амрико ҳамкорӣ кунад. Се рӯз қабл Доналд Трамп гуфт, аз "Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз" бо Маскав, хориҷ мешавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия таъйид кард, ки Ҷон Болтон бо Владимир Путин ҳам мулоқоте хоҳад дошт. Сергей Рибаков, муовини вазири умури хориҷии Русия қаблан гуфта буд, интизор меравад, Болтон "ба шакли ҳирфаӣ шарҳ диҳад, ки манзури дақиқ"-и Доналд Трамп аз эълони хуруҷ аз "Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз" чист. Рибаков хуруҷи яктарафаи Вашингтон аз ин созишро "бисёр хатарнок" хонд.

Паймоне, ки онро Рейган ва Горбачёв имзо карданд

Ин паймон соли 1987 байни Роналд Рейган, раиси ҷумҳури вақти Амрико ва Михаил Горбачёв, котиби аввали Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ имзо ва як сол баъд иҷро шуд. "Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз" мушакҳои ҳастаӣ бо партоби 500 то 1000 километр ва бурди 1000 то 5500 километрро аз миён бардошт.

Аммо мақомҳои Амрико аз чанд сол ба ин тараф мегӯянд, ки Русия даст ба сохтан ва тавсеаи ин мушакҳо задааст ва дар соли 2014 низ ба таври ошкоро Русияро ба ин кор муттаҳам карданд. Русия борҳо ин иттиҳомрор рад карда ва ҳамзамон гуфтааст, бахшҳое аз системаи дифои мушакии Амрико дар кишварҳои аврупоӣ, хилофи ин паймон ва нақзкунандаи он мебошад.

Вокунишҳо ба тасмими Трамп

Тасмими раёсати ҷумҳури Амрико барои хуруҷ аз ин паймон, бо интиқоди Русия, ҳимояти Бритониё ва ҳушдори Олмон рӯбарӯ шудааст. Михаил Горбачёв, раҳбари вақти Шӯравӣ, ки зери ин паймон имзо гузошта буд, пурсидааст, "онҳо воқеан дар Вашингтон дарк намекунанд, ки чунин иқдоме ба куҷо мебарад".

Вазири умури хориҷии Олмон гуфтааст, "30 сол аст, ки паймон сутуни муҳими сохтори амният дар Аврупо будааст". Вазири дифои Бритониё мегӯяд, Русия ин паймонро ба хатар андохт ва Кремл "бояд назмро дар хонаашр барқарор кунад."

Ҳамзамон бо ин изҳорот, як сенатори ҷумҳурихоҳ бо интиқод аз мушовири амнияти миллии Трамп, дар шабакаи хабарии Fox News изҳори назар карда ва гуфтааст, ин Ҷол Болтон мебошад, ки эҳтимолан раиси ҷумҳурро қонеъ кардааст, ки аз паймони мушакӣ бо Маскав хориҷ шавад.

Интизор меавад, илова бар масъалаи "Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз", тарафҳо дар мавриди масоили дигар, аз ҷумла иқдомоти Русия дар Украина ва Сурия ва низ иттиҳомҳои чандбора ба Маскав дар мавриди "дахолат" дар интихоботи Амрико, гуфтугӯ кунанд.

XS
SM
MD
LG