Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти як ба яки Путин ва Трамп баргузор нашуд


Қасри раёсати ҷумҳури Фаронса мегӯяд, дар зиёфати шом, ки Эммануэл Макрон бегоҳи 10-уми ноябр мизбони он буд, раҳбарони Русия ва Амрико дар баробари дигар аз раҳбарони ҷаҳон, "гуфтугӯи озод ва амиқе" дар бораи Сурия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Кореяи Шимолӣ доштанд.

Ин гуфтугӯҳои расмӣ дар ҷараёни ҳамоиши раҳбарони ҷаҳон дар Фаронса барои ширкат дар маросими 100-умин солгарди поёни Ҷанги Ҷаҳонии Якум анҷом шудааст. Дар ин маросим, ки дар шаҳри Порис сурат мегирад, 70 раҳбари ҳукумат ва кишварҳои ҷаҳон ҳузур ёфтанд. Тоҷикистонро дар ин маросим Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, намояндагӣ кардааст.

Мулоқоти як ба яки Путин ва Трамп баргузор нашуд

Эҳтимол мерафт, ки Владимир Путин ва Доналд Трамп, руасои ҷумҳури Русия ва Амрико дар ҷараёни сафар ба Фаронса, дидор ва гуфтугӯи рӯ ба рӯ дошта бошанд. Ин эҳтимол вақте ба воқеият наздиктар шуд, ки дар ҷараёни сафари Ҷон Болтон ба Маскав ва мулоқот бо раиси ҷумҳури Русия, оқои Путин гуфта буд, ӯ ва Трамп метавонанд дар Порис гуфтугӯе дошта бошанд. Болтон ҳам дар ҷавоб гуфта буд, "фикр мекунам президент Трамп алоқаманд хоҳад буд, ки дар ҳошияи маросими 100-уми солгарди поёни Ҷанги Ҷаҳонии Якум бо шумо дидор кунад."

Аммо Кохи Сафед эълом кард, ки ин мулоқот баргузор нахоҳад шуд ва ҳоло эҳтимол меравад, ки ду президент дар ҷараёни нишасти "Гурӯҳи 20" дар Аргентина дар охири моҳи ҷорӣ, дидор намоянд. Дар ҳар сурат, Путин ва Трамп дар ҷараёни зиёфат бо мизбонии Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ҳамроҳи ӯ, Ангела Маркел, нахуствазири Олмон ва Дабири кулли СММ дар як миз нишастанд.

Путин: "Гуфтугӯи хубе буд"

Раёсати ҷумҳури Фаронса гуфтааст, "гуфтугӯҳои озод ва амиқе" дар мавриди масоили муҳими ҷаҳонӣ, Эрон, Сурия, Арабистони Саудӣ ва Кореяи Шимолӣ анҷом шуд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар посух ба пурсиши хабаргузории русии РИА Новости, ки оё муваффақ шудааст дар ин зиёфат бо Трамп гуфтугӯе кунад, посух дод, ки "бале". Ӯ дар вокуниш ба ин, ки ин сӯҳбатҳо чи гуна пеш рафт, низ посух додааст, "хуб буд". Аммо оқои Путин ҷузъиёти бештар ироа накардааст.

Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи шанбе гуфта буд, ки даври мизи зиёфати шом музокироте ҳам дар мавриди мавзӯи Паймои манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз анҷом шудааст. Раиси ҷумҳури Амрико моҳи гузашта эълом кард, кишварашро аз Паймони манъи мушакаҳои миёнапарвоз берун мекунад.

Ин паймон дар соли 1987 байни Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуд ва ҳадафи он, нобудии мушакҳои кӯтоҳпарвоз ва миёнапарвоз буд. Хуруҷи Амрико бо вокунишҳои густурдае дар Аврупо ва низ аз сӯи Русия рӯбарӯ шуда буд. Хонум Сандерз афзудааст, "онҳо музокироти созанда ва хеле хубе тайи ду соате, ки барои шом гирд омаданд, доштанд.

Оташбасе, ки ҷанги хунинро поён дод, 100-сола шуд

Сад сол пеш дар рӯзи 11-уми ноябри соли 1918 дигар садои аслиҳа баланд нашуд ва бо ҳамин ҷанги чаҳорсолае тамом шуд, ки дар ҷараёни он 10 миллион сарбоз ва миллионҳо нафар ғайринизомии дигар кушта шуданд.

Дар маросими таҷлил ва дар зери борони сахт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар назди Арки Пирӯзӣ дар Порис, дар назди гӯри сарбози беном сукут карданд.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар шоме, ки барои меҳмонон рӯзи 10-уми ноябр орост, гуфт, сулҳи бадастомадаро бояд эҳтиёт кард. Ӯ гуфт, "баъзе аз мо дар замони ҷанг дар ҷабҳаҳои муқобил меистодам ва имрӯз якҷо ҳастем. Ва ин беҳтарин эҳтиром ба сарбозони ҷонбохта аст."

XS
SM
MD
LG