Обид Асомов, ҳаҷвнигори шинохтаи узбекро, ки дар Тоҷикистон ҳам маҳбубияти зиёд дошт, рӯзи 15-уми декабр дар оромгоҳи “Камолон” дар шаҳри Тошканд дафн карданд.
Бино ба гузориши бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар маросими дафни ҳаҷвнигор, ки рӯзи 14-уми декабр даргузашт, садҳо нафар аз сокинони Тошканд ва ҳаводорони ҳунари ӯ ширкат карданд.
Тошбек, яке аз онҳое, ки дар маросими дафн ҳузур доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, хешовандон, аҳли зиё ва садҳо нафар аз сокинони оддӣ барои видоъ ба маросими ҷанозаи Обид Асомов омаданд.
“Волидон, бародари бузурги Обид Асомов дар оромгоҳи Камолон дафн шудаанд, барои ҳамин ҳунарпешаи маъруфро дар канори наздиконаш гӯр карданд” – гуфт, ӯ.
Обид Асомови 55-соларо рӯзи 10-уми декабр бо бемории қалб ба шифохонаи рақами як дар шаҳри Тошканд оварданд ва рӯзи 14-уми декабр хабар расид, ки ӯ даргузаштааст. Бино ба иттилои расмӣ, сабаби марги ҳаҷвнигори шинохта, сактаи қалб будааст.
Обид Асомов аз ангуштшумор ҳунармандони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки дар шоу-бизнеси Русия ҷойи по ёфтааст. Саҳнаҳои ҳаҷвии Асомов солҳои тӯлонист, ки тариқи барномаи “Аншлаг” ва "Оинаи каҷнамо"-и телевизиони Русия намоиш дода мешавад.
Аммо пахши ҳаҷвияҳои Обид Асомов дар телевизионҳои Узбекистон дастикам даҳ сол ва дар замони ҳукумати Ислом Каримов бо дастури нонавишта манъ буд. Асомов гуфта буд, ки эҳтимол тасвири муҳоҷирони узбек дар барномаи “Оинаи каҷнамо”-и телеизиони Русия сабаби чунин дастур шудааст.
Пас аз тағйири ҳукумат дар Узбекистон дар соли 2016 Обид Асомов ба ватан ва ҳамин тавр ба экрани телевизионҳои кишвараш баргашт.
Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманди тоҷик, гуфт, аз марги ҳунарпешаи узбек бисёр ғамгин шудааст. Вай гуфт: “Асомов аз нигоҳи ҳунарӣ ва иҷрои саҳнаҳо ва барномаҳои ҳаҷвӣ дастболо буд. Вақте хостам дар бораи саҳначаи ҳаҷвии худам бо номи “Ҷенталмен” ба ӯ нақл кунам, аллакай огоҳ буд. Шунидани ин хабар бароям ногаҳонӣ ва боварнакарданӣ аст. Беҳад ғамгин шудам”.
Обид Асомов соли 1963 дар шаҳри Тошканд зода шуда, дар Омӯзишгоҳи ҳунарӣ ва Донишкадаи театрии пойтахти Узбекистон таҳсил кардааст. Ӯ дар филмҳои "Шералӣ ва Ойбарчин" (1989), "Марди оҳанӣ" (1991), "Қонуни ҷангал" (1991) ва дигарон нақш бозидааст. Моҳи майи имсол сардори студияи таҳияи мултфилмҳо таъйин шуд.