Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ду раҳбарро аз ҷаласаи ҳукумат "ҷавоб додааст"


Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи ҳукумат.
Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи ҳукумат.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”-ро аз маҷлиси солонаи ҳукумат ҷавоб додааст.

Яке аз ширкатдорони ҷаласа бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон баъди шунидани гузориши Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” ва Хайрулло Раҳимов, раиси “Тоҷик Эйр” дар бораи кори ниҳодҳояшон дар соли 2018 ҳардуро сахт танқид карда ва гуфтааст, ки аз толор хориҷ шаванд.

Ҳарчанд дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар бораи гузоришҳои раҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик эйр” хабар додааст, аммо ба танқиди фаъолияти ин ду ниҳод ишорае накардааст.

Фармони барканории онҳоро ҳам нашр накардаанд, аммо тибқи иттилои манобеи огоҳ, рондани ҳарду мақом онҳо аз толори ҷаласа маънои барканориашонро дорад.

Хайрулло Раҳимов, директори ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” ба сабаби буҳрон дар кори ширкат ва қатъи парвозҳояш интиқод мешунавад. Ширкат аз 2-юми январ парвозҳояшро қатъ кард ва тақдири он номаълум аст.

Сабабҳои рондани Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” аз толори маҷлиси ҳукумат маълум нест. Аммо як корманди ин бонкро барои дуздии пули бонк ба 14 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Мақомот гуфтанд, Салоҳиддин Зоирзода, аз соли 2015 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ фаъолият карда ва дар ин муддат аз роҳи сохтакорӣ 600 ҳазор сомониро тасарруф кардааст.

Интиқод аз Талко ва дастур барои афзоиши истеҳсол

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарияти ширкати "Талко" нуҳ моҳ муҳлат додааст, то тавлиди алюминийро афзоиш дода, ба ҳукумат ҳисобот диҳанд. Президент аз коҳиши тавлиди алюминий дар кишвар сахт интиқод карда, фаъолияти корхонаи "ТАЛКО"-ро ғайриқаноатбахш хондааст.

Ҷаласаи солонаи ҳукумат
Ҷаласаи солонаи ҳукумат

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, интиқоди Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ҳисоботи роҳбари Шӯрои директорони "ТАЛКО" дар ҷаласаи солонаи ҳукумат садо дод. Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, тавлиди алюминий нисбат ба соли гузашта 7,1 фоиз ва нисбат ба соли 2012 қариб се баробар кам шудааст.

Ду муовини нахуствазир ва вазорату идораҳои дахлдор низ муваззаф шудаанд, ки "ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳо ва афзоиш додани истеҳсол ва содироти алюминий ва ҳамзамон бо ин, доир ба роҳҳои таъмин намудани рушди минбаъдаи ширкати мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд ва дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2019 ба Ҳукумат ҳисобот манзур намоянд."

Алюминий яке аз ду маҳсулоти асли содиротии Тоҷикистон мебошад. Корхонаи тавлиди алюминиюм "Талко" - дар 10 соли охир ҳаҷми истеҳсолро аз 419 ҳазор тоннаи соли 2007 то ба 103 ҳазор тонна дар 2017 коҳиш дод.

"Дастур барои ҳалли мушкили ду бонки калонтарин"

Дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки то бегоҳи 21-уми январ идома дорад, мушкили низоми бонкии кишвар низ баррасӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия дастур додааст, ки барои ҳалли мушкили “Тоҷиксодиротбонк” ва "Агроинвестбонк", ду бонки калонтарини кишвар тадбирҳои қатъӣ андешанд. Раисҷумҳур ҳамчунин аз камбуди пули нақд дар муомилот интиқод карда, онро монеа дар роҳи фаъолияти соҳибкорон унвон кардааст.

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, масъалаи вазъи низоми бонкӣ рӯзи 21-уми январ дар ҷаласаи васеи ҳукумат баррасӣ гардид.

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта аз кишвар ба хориҷ 93 ҳазор тонна нахи пахта бо арзиши 165 миллион доллар, содирот шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Дар лаҳзаи интиқоди президент аз низоми бонкдорӣ, ки тариқи телевизионҳо намоиш дода шуд, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ ва муовинаш Ҷамолиддин Нуралиев ва Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" рост истода буданд. Роҳбарони "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар ҷаласа дида намешуданд.

Мушкили "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" аз се сол ба ин тараф идома дорад. Ин ду бонки калонтарини кишвар охири соли 2015 ба мушкил печида, натавонистанд саривақт пули муштариёнро дастрас кунанд. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норозиятҳо аз бонк сабаб гардид.

Мақомоти Бонки миллӣ қаблан гуфта буданд, ки як гуруҳи вижа суду зиёни "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро таҳқиқ дорад ва масъалаи мондан ё барҳам хӯрдани онҳоро то аввали соли 2019 маълум хоҳад кард. Аммо зоҳиран тақдири ин ду бонк ҳоло маълум нест.

Қаблан чанде аз созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷиикстон машварат дода буданд, ки бонкҳои дучори мушкилро муфлис эълон карда ва дигар дар фикри наҷоти онҳо набошад.

"Нигаронӣ аз коркард нашудани нахи пахта"

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон субҳи 21-уми январ шуруъ шуд ва эҳтимол то рӯзи дигар идома кунад. Интиқоди дигаре, ки дар ин ҷаласа садо дод, коркард нашудани нахи пахта дар дохили кишвар мебошад.

Ба қавли Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар давоми соли 2018 танҳо 21 дарсад нахи пахтае, ки дар Тоҷикистон истеҳсол шуд, дар корхонаҳои дохилӣ коркард шудаасту тамом. Ба далели пурра коркард нагардидани нахи пахта дар дохил, содироти он ба хориҷ афзоиш ёфтааст.

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта аз кишвар ба хориҷ 93 ҳазор тонна нахи пахта бо арзиши 165 миллион доллар, содирот шудааст.

Гузориши дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, яке аз сабабҳои пурра корканд нашудани нахи пахта дар дохили кишварро ба фаъолият накардани корхонаҳои ресандагӣ ё қисман аз кор мондани ин корхонаҳо, рабт додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар як соли гузашта аз ҷумла, корхонаҳои "Олим Текстайл" ва "Вализода Мастчоҳ" дар ноҳияи Мастчоҳ ва корхонаҳои "Самар" дар ноҳияи Восеъ ва "Бофандаи Норак"-и шаҳри Норак, умуман фаъолият накардааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯянд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон навбати дувуми корхонаи нассоҷии "Ҷунтай-Данғара" ба кор андохта шуд, ки имкони коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як солро дорад.

Маҷмааи нассоҷии "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил" дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин бунёд шуда, маҳсулоти ин корхона ба Русия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон ба фурӯш меравад. Қарор аст ин ширкат то соли 2020 корхонаи бофандагӣ ва рангуборкунии матову дӯзандагиро фаъол кунад.

XS
SM
MD
LG