Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Opel", "Mercedes" ва "Audi" -- мошинҳои дӯстдоштаи занон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


"Opel", "Mercedes C-class" ва "Audi" - интихоби занони мошиндӯстдори тоҷик бештар рӯйи ҳамин тамғаҳо будааст. Ин натиҷаи як пурсиш аст, ки дар арафаи Рӯзи Модар, миёни ҳазор зани тоҷик анҷом шудааст.

Гулнора Амиршоева, зани фаъол ва хеле пуркор аст, ки шаш сол боз мошин меронад. Дар ин муддат ду маротиба худрави худро иваз кардааст, вале ин ду дафъа ҳам интихобаш рӯи тамғаи "Опел" буд. Ӯ мегӯяд замоне, ки мехост мошин харад, дӯстонаш "Опел"-ро тавсия доданд, чун каммасраф асту барои пайдо кардани қисмҳои эҳтиётии он ва устои мошин ҳам мушкиле пеш нахоҳад омад.

Шумори дақиқи ронандаҳои зан, маълум нест, аммо ба фарқ аз даҳ соли пеш ҳоло бештар аз 60 дар сади муҳассилини мактабҳои ронандагиро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Гулнора гуфт, ин мошин ҳеҷ гоҳ ӯро ба мушкил рӯбарӯ накардааст ва ин мошинро соли 2014 харид ва то ҳанӯз ягонбор ҳам дар роҳ аз кор намондааст. Мегӯяд, дар интихоб иштибоҳ накард ва медонад, ки ин мошин ҳам барояш ҳамеша содиқ аст. "Занҳо бисёр зудбоваранд ва дар интихоби мошинҳо ҳам бояд эҳтиёткор буд. Фикр мекунанд, ки агар зан маблағ дорад, ба ӯ дилхоҳ мошин пешниҳод шавад, ӯ мехарад",-мегӯяд вай.

Интихоби ин тамғаи мошини сохти Олмонро мисли Гулнора даҳҳо зани дигар ҳам меписанданд. Як назарпурсии хадамоти таксии "Максим" дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд рейтинги худравҳои маъруф барои бонувонро муайян кардааст. Бар асоси пурсиши ин ширкат, худравҳои тамғаи Opel Astra, Opel Vectra, Opel Zafira, Mercedes C-class ва Audi A4 мошинҳои писандидаи бонуҳо будааст.

"Опел" -- интихоби бештари занон

Ҳамин тавр автомобили аз ҳама машҳур "Opel", дар зинаи аввали рейтинг қарор гирифтааст. Аз миёни ҳазор зани пурсидашуда 53 дарсадашон ҷонибдори доштани ин тамғаи автомобил будаанд. Ин тамғаи мошини сохти Олмон вобаста ба навъ ва соли барориш дар Тоҷикистон аз як то даҳ ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад. Воридоти ин мошин ҳам ба кишвар зиёд будааст. Занон ҳам вобаста ба ҷайби худ "Опел" харидорӣ мекунанд.

Онҳое, ки ин навъи мошинро интихоб кардаанд, мегӯянд, рондани он соддаву роҳат аст ва чандон гарон нест. Ин назарпурсӣ нишон додааст, ки 11 дарсади бонувон ба доштани автомобили тамғаи Mercedes C-class бартарӣ доданд. Дарсади боқимондаи занон худравҳои гуногунро ном бурданд. Худи бонувоне, ки мошинҳои калону гаронро интихоб карданд, мегӯянд, ба фарқ аз мардон, онҳо дар интихоби мошин ҳам мисли интихоби сару либосу ороишот бархӯрди хос доранд.

Занони ронанда "Опел"-ро меписанданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

"Занон дӯст доранд пушти фармони мошини зебо биншинанд"

Мушаррафахон Абдураҳимова, як мусоҳиби дигари мо, ки тоҷир аст, мегӯяд, воқеан занон дар паси чанбари мошини зебову диққатҷалбкунанда нишастан мехоҳанд. Худи ӯ, ки соҳиби мошини "Лексус" аст, мегӯяд ба мошинронӣ хеле шавқ дошт ва талош кардааст, то бо меҳнати худ ин орзуяшро амалӣ кунад.

Мушаррафахон гуфт, давоми ҳафт соле, ки мошин меронад, ҳамеша худравҳои калонҳаҷму гаронарзиш дошт. Мегӯяд, дар оғоз "Хундай" дошт, баъд "Элантра" гирифт. Ба гуфтаи ин соҳибкор, чун дар соҳаи тиҷорат фаъолият дорад, мехоҳад, ки мошинҳои мувофиқи дилаш гирад. Ба Мушаррафхон мошинҳои баланд писанд аст ва бар ин бовар аст, ки ин мошинҳо ҳеҷ гоҳ мушкили ҷиддӣ надоранд.

Мушаррафахон Абдураҳимова.
Мушаррафахон Абдураҳимова.

Дар Тоҷикистон аксаран занони аз нигоҳи иқтисоди мустақил, аз ҷумла мисли Мушаррафахон соҳибкор, кормандони созмону ширкатҳои хориҷӣ ва ё хонаводаҳои доро мошинронӣ мекунанд. Дилбар Раҳматова ҳудуди 10 сол аст аз нақлиёти умумӣ истифода намекунад. Ӯ мегӯяд, бо мошини "Хундай Элантра"-и худ, роҳат ва сари вақт ба тамоми корҳояш мерасад. Дилбар ба ҷинси латиф бештар автомобилҳои бо шеваи худкор ё автоматикаро тавсия медиҳад.

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, бояд занон ҳангоми интихоби мошин шароити роҳҳо ва ҷой барои гузоштани мошинро ҳам ба назар бигиранд. Чун ба гуфтаи вай, ҳоло дар пойтахт ҷойҳое барои нигаҳдории мошинҳо зиёд нест.

Мошинронии занон -- аз зарурат ё ҳавову ҳавас?

Агарчӣ дар Тоҷикистон дидани занон дар паси чанбари мошин дигар ягон падидаи ғайримаъмулӣ нест, аммо доштани мошин барои як зан ҳамоно чун як мояи ифтихор ва аз дигарон фарқ кардани ӯ дониста мешавад. Худи занон иқрор мекунанд, на аз рӯи зарурат, балки бештар аз рӯйи ҳавову ҳавас мошинронӣ мекунанд. Аммо гурӯҳи дигари занон, ки аз хонаводаҳои оддӣ ва ё занони бешуғланд, мегӯянд, ба хотири таъмини рӯзгори худ дар баробари мардон ба рондани таксӣ ва бо ин роҳе пеш бурдани зиндагии худ пушти чамбари мошин менишинанд.

Шумори дақиқи ронандаҳои зан, маълум нест, аммо ба фарқ аз даҳ соли пеш ҳоло бештар аз 60 дар сади муҳассилини мактаби ронандагиро занону духтарон ташкил медиҳанд. Масъулини соҳаи нақлиёти кишвар мегӯянд, афзоиши мошин ва дастрас шудани он дар Тоҷикистон боис ба зиёд шудани сафи занҳои мошиндор ва таваҷҷӯҳи онҳо ба мошинронӣ шудааст.

Як таҳлили пойгоҳҳои интернетии фурӯши воситаҳои нақлиёт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам охири соли 2018 муайян намуд, ки тоҷикистониҳо ба худравҳои калону қимат таваҷҷӯҳ доранд. Ҳамин тавр навъи мошинҳои "Merсedes С", "Opel Astra", "Daewoo Matiz", "BMW 5" ва "Toyota Camry" ба серхаридортарин дар Тоҷикистон шомил шудаанд.

Масъулини ҳаракат дар роҳ мегӯянд, занон дар муқоиса бо мардон боэҳтиётанд ва қоидаҳоро камтар вайрон мекунанд. Дар кишвар беш аз 500 ҳазор воситаи нақлиёт дар ҳаракат аст ва танҳо дар шаҳри Душанбе дар як рӯз ҳудуди 80 ҳазор мошин равуо мекунад.

XS
SM
MD
LG