- То баргузории интихоботи президентӣ дар Украина як ҳафтаи дигар мондааст. Баъди интихобот таваҷҷӯҳ натанҳо ба шахси аввал, балки ба ҳамсари ӯ низ бештар мегардад. Телевизиони “Настоящее время” дар як гузориш нақл кардааст, ки номзадҳо ба мақоми президентии Украина тақдири худро бо кӣ пайвастаанд ва онҳо дар бисоташон чӣ доранд.
Елена Зеленская, ҳамсари Владимир Зеленский – номзад ба мақоми президентӣ дар Украина
Елена Зеленская 41-сола аст ва аз рӯи тахассус сохтмончист. Аммо ҳеч вақт аз рӯи касбаш кор накардааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайати эҷодии студияи “Квартал-95” пайваст, ки раҳбарии онро шавҳараш ба уҳда дорад. Ӯ дар онҷо матн менависад.
Елена ва Владимир ҳарду аз шаҳри Кривой Рог ҳастанд. Дар як мактаб хондаанд ва беш аз бист сол боз якҷо зиндагӣ доранд. Соҳиби ду фарзанданд.
Бино ба эъломияи дороии Владимир Зеленский дар соли 2017, ҳамсараш дар нимҷазираи аз тарафи Русия ишғолшудаи Қрим ва инчунин шаҳри Киев хона дорад. Соҳиби чанд соат, ороишоти гаронбаҳо ва худрави навъи Mercedes-Benz аст.
Александр Тимошенко, шавҳари Юлия Тимошенко – номзад ба мақоми президентӣ дар Украина
Александр Тимошенко 58-сола аст ва ҳанӯз дар солҳои навадум тиҷорати масолеҳи нафтиро оғоз карда буд. Ӯ ширкати “Бензини украинӣ”-ро идора мекард, ки дертар ба “Системаи ягонаи энергетикии Украина” табдил ёфт.
Александр Тимошенко ба қочоқи захираҳои энержӣ аз Русия ба Украина ва инчунин тақаллуби молӣ муттаҳам шудааст. Ӯ як муддат дар боздошт буд, вале аз толори мурофиа озод гардид.
Александр Тимошенко соли 2012, ба гуфтаи худаш аз хавфи боздошт ва фишор ба оилааш, Украинаро тарк карда, дар Ҷумҳури Чех паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст. Ҳоло дар онҷо тиҷорати худро дорад. Баъди ҳодисаҳои Майдон ва раҳоии Юлия Тимошенко аз зиндон шавҳараш боз ба Украина бозгашт.
Бино ба эъломияи дороии Юлия Тимошенко дар соли 2017, шавҳараш ба ҷуз аз чанд бино соати швейтсарии Corum ва Vacheron Constantin дорад. Ҳамчунин соҳиби худрави Mercedes-Benz, истеҳсоли соли 2014, ва мошинаи тамғаи ГАЗ-14 аст, ки бештар бо номи "Чайка" маъруф мебошад.
Марина Порошенко, ҳамсари Петро Порошенко – президенти кунунӣ ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ
Марина Порошенкоро бештар бо истеъдоди хӯрокпазиаш мешиносанд. Ӯ 57 сол дорад ва пизишки қалб аст.
Чаҳор фарзанд ба дунё оварда, кори табибиро канор гузоштааст ва баъди савгандёдкунии Петро Порошнеко ба ҳайси раиси ҷумҳури Украина, ба корҳои хайрия машғул аст. Ҳоло Марина Порошенко созмони давлатии “Бунёди фарҳангии Украина”-ро раҳбарӣ дорад. Марина ва Петро Порошенко 35 сол боз якҷо зиндагӣ мекунанд. Онҳо вақте издивоҷ карданд, ки Марина 21 сол ва Петро Порошенко 18 сол дошт.
Дар эъломияи дороиҳои Марина Порошенко барои соли 2017 гуфта шудааст, ки ӯ дар атрофи Киев тақрибан ду ҳазор метри мураббаъ замину хона, ҷавоҳирот ва худрави тамғаи Jaguar дорад.
Юлия Мостовая, ҳамсари Анатолий Гритсенко – номзад ба мақоми президентӣ дар Украина
Ҳамсари Анатолий Гритсенко сардабири нашрияи "Зеркало недели" (Ойинаи ҳафта) аст. Ӯ 30 сол боз ба ҳайси рӯзноманигор кор мекунад ва мунтазам дар рӯйхати занони бонуфузи Украина ворид мешавад.
Мостовая ва Гритсенко тақрибан бист сол боз якҷо зиндагӣ доранд. Соҳиби чаҳор фарзанданд, ки се нафари онҳо аз издивоҷҳои қаблиашон аст.
Бино ба эъломияи дороӣ барои соли 2017, Мостовая дар Киев ду қитъаи замин, чаҳор хона ва инчунин худрави навъи Toyota Rav 4 дорад.
Вера Бойко, ҳамсари Юрий Бойко – номзад ба мақоми президенти Украина
Юрий Бойко ва Вера Бойко тақрибан чиҳил соз боз зану шавҳаранд ва ҳосили издивоҷашон шаш фарзанд будааст. Якдигарро ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи кимиёвӣ ва технологии шаҳри Маскав ёфтаанд.
Вера Бойко раиси ширкати хусусии “Столичная недвижимость” аст. Ба ҷуз ин, ӯ аз ширкати русии “Группа полипластик” фоида мегирад. Вера Бойко дар Русия, Киев ва канораҳои пойтахти Украина чанд хонаву замин дорад.
Гузориши видеоӣ бо забони русӣ дар инҷост: