Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуриддин Саид: "Дипломи Русия ва Чин дар кишвари мо обрӯи баланд дорад" ВИДЕО


Аз миёни сӣ кишваре, ки донишҷӯёни тоҷик имкони таҳсил дар он ҷойро доранд, Русия дар мақоми аввал ва Чин дар ҷойи дувум будааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик беш аз 20 ҳазор нафари онҳо дар Русия ва якуним ҳазори дигар дар Чин ҳастанд.

Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Ғарб бар инанд, ки шароит ва сифати таҳсил дар он ҷо ба маротиб баландтар аст.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дипломи Русия ва Чин дар кишвари мо обрӯи баланд дорад." Рӯшан нест, ӯ ин дипломҳоро бо дипломи донишгоҳҳои Тоҷикистон қиёс намуд ё кишварҳои Ғарбу Осиё.

Нуриддин Саид
Нуриддин Саид

Вазири маориф ва илм ҳамчунин гуфт, ки Русия барои таҳсили ҷавонони тоҷик саҳм ё квотаи зиёд ҷудо мекунад. "Аксар донишҷӯёни мо дар ин кишвар тариқи будҷавӣ мехонанд, яъне аз ҳисоби маблағҳои Русия", - афзуд ӯ.

Ин гуфтаи вазирро коршиносон низ тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, майли ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар Русия бештар ба имтиёзҳои ин кишвар вобаста аст. Барои мисол, ҳар хатмкардаи донишгоҳҳои Русия соҳиби шаҳрвандии он кишвар хоҳад шуд, ки ҳамзамон ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ, дарёфти қарзҳои бонкӣ ва кумакпулиро низ фароҳам мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро ҷавонони тоҷик бештар Русияву Чинро интихоб мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Ҳар сол беш аз 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил дар бахшҳои гуногун ба Русия мераванд. Имсол ин кишвар барои қабули ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳо беш аз 600 ҷой ҷудо кардааст.

Донишгоҳҳои Русия рӯзи 12-уми апрел дар Душанбе имкони қабули ҷавонони тоҷикро дар Душанбе муаррифӣ карданд. Евгений Титов, муовини раиси Донишгоҳи техникӣ ва алоқаи Маскав, гуфт, довталабон дар Тоҷикистон аз онҳо бештар дар бораи имтиёз ва роҳҳои бепули таҳсил пурсидаанд.

Намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Душанбе
Намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Душанбе

Остон Остонаев, сокини ҷавони Душанбе, мехоҳад, таҳсилро дар бахши ҳуқуқшиносӣ дар Русия идома диҳад. Ягона дилгармии Остонаев, ба гуфтаи худаш, ин аст, ки “шароит дар он ҷо хуб аст. Хатм кардӣ, бо ҷойи кор таъмин мешавӣ.”

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз ҷавонон хостаанд, ки баъди хатми донишгоҳҳои хориҷӣ ба кишвар баргарданд ва дар рушди кишвар саҳм гиранд. Аммо чанде аз онҳо қаблан ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки маош дар Тоҷикистон кам аст ва ба зиндагӣ намерасад.

Гузашта аз ин, бархе аз ҷавонони тоҷик аз "фасод" ё "беназмӣ" ҳангоми равона шудани онҳо барои таҳсил ба Русия шикоят доранд. Соли гузашта як гуруҳ аз довталабони тоҷик иддао карда буданд, ки пас аз супурдани имтиҳон дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои таҳсил озими Донишгоҳи технологии Маскав шуданд, аммо дар ин донишгоҳ аз онҳо такроран имтиҳон гирифта, аз 70 нафар танҳо 40 нафарро ба донишгоҳ пазируфтанд.

Дар ҳамин ҳол ҷавононе, ки тавонистанд, ба донишгоҳҳои Ғарб роҳ ёбанд, бар инанд, ки шароит ва сифати таҳсил дар он ҷо ба маротиб баландтаранд. Вале шумораи чунин донишҷӯён кам аст ва онҳо асосан фарзандони қишри доротари Тоҷикистонанд. Як теъдоди аз ин ҳам камтари онҳо тавонистаанд, кумаки созмонҳои байналмилалиро дастрас намоянд.

Аммо яке аз довталабони тоҷик гуфт, барои ӯ муҳим нест, ки дар куҷо таҳсил хоҳад кард. "Муҳим он аст, ки пас аз хатми донишгоҳ ҷойи кор ёбам ва дипломро ба зери болиш нагузорам", - хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG