Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Камарбанд"-и Чин барои Тоҷикистон: тахтабанд ё роҳи шукуфоӣ?


Меҳмондории махсуси раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Сӣ Ҷин Пин ва ҳамсараш. Акс аз моҳи сентябри соли 2014
Меҳмондории махсуси раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Сӣ Ҷин Пин ва ҳамсараш. Акс аз моҳи сентябри соли 2014

"Як камарбанд – як роҳ"-и Чин ба назари коршиносони тоҷик дар шароите метавонад барои Тоҷикистон фоидаовар бошад, ки агар манфиатҳои стратегии ҷумҳурӣ ба назар гирифта шаванд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ният дорад, дар форуми сарони кишварҳои "Як камарбанд - як масир", ки 26-27-уми апрели имсол дар Пекин баргузор хоҳад шуд, ширкат кунад. Ӯ дар баробари 40 раҳбари давлат ва ҳукуматҳои дигар бо даъвати раиси ҷумҳури Чин Сӣ Ҷин Пин ба Пекин меравад. ​

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз ин ташаббуси ҷаҳонии Пекин пуштибонӣ мекунад ва талош дорад, аз он фоидаҳои ҳадди аксар бардорад.

Чин шомили сегонаи шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва аз соли 2013 мақоми шарики стратегиро дорад.

Коршиносон дар дохил рӯи зарфиятҳо ва имкониятҳои сармоягузории Чин таъкид мекунанд. Вале мегӯянд, комёбии кишварҳо аз иштирок дар ин тарҳ ба тавонмандии пешбурди ҳадафҳои стратегии худ бо истифода аз манфиатҳои Чин вобаста аст, дар ғайри сурат гирифторӣ дар асорати қарзӣ ногузир аст.

Имконоти "Камарбанд ва масир"

Тарҳи "Як камрбанд - як масир" соли 2013 дар анҷумани XVIII Ҳизби коммунисти Чин эълон шуд, ки дар худ ду тарҳи бузург -- "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" (КИРА) ва "Роҳи абрешими баҳрии асри XXI"-ро муттаҳид мекунад. Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энержӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик, нигаронида шудааст. Дар солҳои гузашта натиҷаҳои ин тарҳ бисёр чашмгир будааст.

Дар доираи ташаббуси Пекин 118 санади ҳамкорӣ бо беш аз сад кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расидааст. Ҳаҷми умумии гардиши моли Чин бо шарикони "Як камарбанд - як масир" ҳудуди 5 триллион долларро ташкил дода, барои 25 кишвари узв Чин бузургтарин шарики тиҷоратӣ гардидааст. Ва ҳаҷми сармоягузорӣ дар кишварҳои масири "Як камарбанд - як масир" бо рушди миёнаи солонаи 7,2 дарсадӣ марзи 70 миллиард долларро убур кардааст.

Мавқеи Тоҷикистон дар тарҳ

Соли 2014 Душанбе ва Пекин меморандум "Дар бораи пешбурди эҷоди Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим"-ро ба имзо расониданд ва комиссияи марбутаи байнидавлатиро таъсис доданд, ки муваззаф буд нақшаи ҳамкориҳоро коркард намояд.

Ба назари профессори кафедраи Минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати дохилии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Гузел Майтдинова алоқамандии Тоҷикистон ба ин тарҳ ба далели вазифаҳои гузошташудаи раҳбарият буд. "Ҳадафи стратегии Тоҷикистон то соли 2030 расидан ба кишвари саноатӣ-аграрӣ аст. Барои мо дар ин марҳила ҳама гуна манбаъҳои сармоягузорӣ барои дастёбӣ ба ин ҳадаф хеле муҳиманд", - мегӯяд коршинос.

Қисми хушкии масири роҳи оҳани "Як камарбанд ва як масир" аз масирҳои шимолӣ, марказӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Масири шимолӣ аз Чин тавассути қаламрави Қазоқистон ба Русия меравад. Масири марказӣ аз Чин тавассути Қирғизистон, баъдан ба Узбекистон ба василаи ҳудудҳои Озарбойҷону Гурҷистон ба кишварҳои аврупоӣ мерасад. Масири ҷанубӣ пайванди ҷануби Чинро бо Шарқи Наздик тавассути ҳудудҳои Қирғизистон, Узбекистон, Эрон ва Туркия пешбинӣ менамояд.

Тамоми масирҳои пешбинишудаи роҳи оҳан ба ҷуз роҳи мошингарди Душанбе-Қулма аз ҳудуди Тоҷикистон намегузаранд. Бо вуҷуди ин професср Майтдинова чунин меҳисобад, ки ташаббуси "Як камарбанд - як масир"-ро танҳо бо иртиботот намешавад муайян кард. "Ин тарҳ дорои мазмунҳои хосе аст. Он муколамаи сиёсии равобити зербиноӣ, тиҷорати будуни монеа, маблағгузорӣ ва мубодилоти мардумиро пешбинӣ менамояд", - таъкид мекунад Майтдинова.

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма.
Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма.

Ба назари ӯ, тарҳ имкон медиҳад, ки зерсохтҳои роҳи оҳан тавассути қаламрави Тоҷикистон аз тариқи "даҳлези Вахон" ба Покистон ва Ҳинд, ки кишварҳои дигар ҳам барои ин манфиатдор мебошанд, сохта шавад. Коршинос ҳамчунин бовар дорад, ки барои Тоҷикистон ҳамкориҳо дар соҳаи рушди зерсохтҳои сайёҳӣ ва фанновариҳои электронӣ бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти зарфияти лозим дар ҷумҳурӣ, манфиатовар аст. Барои ин ба назари Майтдинова зарур аст, ки барномаи хоси мувофиқсозии Стратегияи миллии Тоҷикистон ва тарҳи "Як камарбанд - як масир" таҳия шавад.

Ҳамсояи хеле наздик

Ҳанӯз то эълони ташаббуси "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" равобити Чину Тоҷикистон бисёр бо суръат рушд карда, соҳаҳои нақлиётӣ, энержӣ, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, тиҷорат ва ғайраро дар бар мегирифт.

Вижагии асосии ҳамкориҳои танготанг марбут ба он буд, ки маблағҳои қарзӣ бо фоизҳои бисёр поин ва барои муҳлатҳои дароз, асосан барои зерсохтҳо ва маҷмӯаи маводи хом пешбинӣ мешуданд. Дар натиҷа, бино ба маълумоти соли 2018, қарзи Тоҷикистон аз Чин 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки тақрибан ниме аз қарзи хориҷиро дар бар мегирад. Қарздиҳандаи аслӣ аз ҷониби Чин "Эксимбонк"-и Чин аст. Соли гузашта ҳудуди нисфи сармоягузориҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон низ марбут ба ин кишвар буд.

"Чин ба рушди саноат дар Тоҷикистон манфиатдор нест"

Гароиши иқтисодии берунии беш аз ҳадди Душанбе ба сӯи Пекин аксаран интиқодҳоро дар доираи коршиносони мустақил ба бор меоварад, ки дар тарҳи нави Чин афзоиши вобастагии молӣ ба ин кишварро мебинанд. Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи "Як камарбанд-як масир" хосияти геостратегӣ дорад ва ба дастёбӣ ба захираҳои арзон ва эҷоди зерсохтҳои логистикӣ барои кашонидани онҳо ба Чин нигаронида шудааст:

Парвиз Муллоҷонов.
Парвиз Муллоҷонов.

"Пештар молҳои чинӣ ба далели арзиши ками қувваи корӣ хеле рақобатпазиртар буданд. Ҳоло дар Чин синфи миёнаи коргарон дар ҳоли шаклгирист, ки аллакай барои кор бо музди кам розӣ нест. Ин мутаносибан арзиши маҳсулотро гарон ва рақобатпазирии онро поин мекунад",- мегӯяд Парвиз Муллоҷонов

Муллоҷонов таъкид мекунад, ки дар марҳилаи ҳозир барои Тоҷикистон эҷоди саноат зарур аст, ки тавони ба кор таъмин кардани аҳолии рӯ ба рушдро таъмин менамояд, вале Чин ба унвони як кишвари содиркунанда барои ин манфиатдор нест.

Афзоиши қарзи Тоҷикистон аз Чинро сиёсатшинос таҳдиде барои дастёбӣ ба муваффақият медонад ва пешниҳод мекунад, ки дар роҳандозии равобит бо Чин рӯйкардҳои бохирадона бояд дошт.

"Авлавиятбандии манфиатҳои кишвар лозим аст ва дар гирифтани қарзҳо ҳам бояд маҳдудият ҷорӣ кард. Ҳар тарҳе пеш аз иҷроӣ шуданаш бояд аз диди стратегии манофеи миллиии Тоҷикистон ташхис карда шавад. Илова бар ин, маблағҳои асосӣ бояд барои рушди саноат дар дохили Тоҷикистон масраф шаванд. Агар танҳо зери султаи Чин пеш биравем, пас дастёбӣ ба ин ҳама номумкин хоҳад буд",-хулоса мекунад коршинос.

Ду дидгоҳ дар мавриди ҳамкориҳо бо Чин

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва Тоҷикистон рушди бесобиқае доштааст. Ба ҷуз ҳамкориҳо дар соҳаҳои дар боло зикршуда, гардиши мол миёни кишварҳо дар даҳсолаи ахир даҳ баробар афзоиш ёфта, бино ба маълумоти гуногун дар баъзе мавридҳо марзи миллиард долларо убур кардааст.

Дар соли 2018 ҳаҷми он бино ба додаҳои расмӣ 651 миллион долларо дар бар гирифтааст. Ба ҷуз ин, Чин шомили сегонаи шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва аз соли 2013 мақоми шарики стратегиро дорад.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон дар мавриди ҳамкориҳо бо Чин ду дидгоҳ вуҷуд дорад. Бархеҳо дар симои Пекин ҳамсояи боэътимодеро мебинанд, ки ба суботу оромӣ дар Тоҷикистон манфиатдор аст, ки омили асосии ҳавасмандӣ барои сармоягузориву ҳамкорӣ аст ва дигарҳо бар ин назаранд, ки сиёсатҳои Чинро ба унвони ғасби иқтисодӣ марбут медонанд, ки метавонад Тоҷикистонро ба як майдони ашёи хом барои Чин табдил диҳад.

XS
SM
MD
LG