- Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар 26-уми апрели соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Бар асари садама, ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазорон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи оқибаҳои фалокат сафарбар шуданд, заҳролуд шуданд. Аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои садама рафта буданд.
Қудратулло Ҳасанов яке аз онҳост. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, замоне ба Чернобил бурда шуд, ки сисола буд ва дар корхонаи таъмири мошинҳои боркаш фаъолият дошт.
"Аз идораи ҳарбӣ даъватнома омад. Моро аввал ба Қазоқистон ва аз онҷо ба Новосибирски Русия бурданд. Сипас, бо гурӯҳҳои хурд ба Чернобил фиристоданд. То лаҳзаи расидан ба ҷойи ҳодиса асли қазияро намедонистем. Моро як навъ фиреб карда, ба онҷо бурданд. Агар ҳодисаро медонистам ва ихтиёрӣ мебуд, ба Чернобил намерафтам", -- афзуд ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Дар Чернобил ба чӣ кор машғул будед?
Қудратулло Ҳасанов: “Дар гирди нерӯгоҳи атомӣ пояи бетонӣ мерехтем. Бетони рехтаамон вазифа дошт, ки ба афсарон радиатсияи зиёд таъсир надошта бошад. Агар радиатсия аз меъёр зиёд мешуд, хатари инфиҷор вуҷуд дошт.”
Радиои Озодӣ: Вақте дар Чернобил будед, вазъият чӣ гуна буд?
Қудратулло Ҳасанов: “Дар он ҷо нафаскашӣ хеле сахт душвор буд. Иҷозат намедоданд, ки моҳии сайдшуда дар он маҳалро бихӯрем. Ҳатто себҳои пухтаро намегузоштанд, ки бичашем. Ҳамаи онҳо ба радиатсия олуда шуда буданд. Ҳатто мурғҳову тухмҳояшонро ба ҳамин далел намегузоштанд, ки истеъмол кунем.”
Радиои Озодӣ: Аз рафтанатон ба Чернобил пушаймон нестед?
Қудратулло Ҳасанов: “Гуфтанд, ки рав, бояд равем. Агар мо намерафтем, кӣ он ҷоро ба танзим медаровард? Вале агар ихтиёрӣ мебуд, ҳаргиз ба Чернобил намерафтам. Рафтани мо маҷбурӣ буд.”
Радиои Озодӣ: Худое накарда чунин садама рух диҳад, фарзандону набераҳоро барои бартарафсозии оқибатҳои он мефиристед?
Қудратулло Ҳасанов: “Ҳаргиз. Шаттаи он ҳодисаро хӯрдаам ва намегузорам, ки фарзандонам дар зиндагӣ чунин азият кашанд. Бигзор фарзандону набераҳоям дар наздам бошанд.”
Радиои Озодӣ: Он замон дар Чернобил мардуми зиёде аз ҳама ҷо ҷамъ омада буданд, оё аз Тоҷикистон ҳам одамон зиёд буданд?
Қудратулло Ҳасанов: “Танҳо дар гурӯҳи мо аз Тоҷикистон 130 нафар буд. Аксари онҳоро мешинохтам. Баъзеашон аллакай фавтидаанд.”
Радиои Озодӣ: Баъди бозгашт ба Тоҷикистон аз ташхсиси таббион гузашт ва онҳо чӣ гуфтанд?
Қудратулло Ҳасанов: “Табибон гуфтанд, ки ҳаётатро сӯзондӣ.”
Радиои Озодӣ: Баъди бозгашт аз Чернобил фарзанддор шудед?
Қудратулло Ҳасанов: “Бале. Баъд аз он сафар се фарзанд ёфтем – ду духтар ва як писар. Як духтарам дар гап задан мушкил дорад, “забонаш мегирад”.
Радиои Озодӣ: Вақте аз Чернобил ба Тоҷикистон баргаштед, ҳукумати шӯравӣ побарҷо буд ва оё мақомот барои беҳтар кардани шароити зиндагиатон кумак карданд?
Қудратулло Ҳасанов: “Ҷойи пӯшида нест, хеле кумак мекарданд. Ҳам хӯрок медоданд ва ҳам шароити зиндагиро беҳтар мекарданд.”
Радиои Озодӣ: Ҳоло чӣ?
Қудратулло Ҳасанов: “Ҳозир ҳам кумак мекунанд.”
Радиои Озодӣ: Ҷубронпулӣ медиҳанд?
Қудратулло Ҳасанов: “Ман ба унвони бартарафсози оқибатҳои садамаи Чернобил барвақт ба нафақа баромада, ҳар моҳ 700 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирам. Дар як сол як бор 3200 сомонӣ ҷубронпулӣ медиҳанд. Ҳоло дар мактаби деҳа посбонӣ мекунам.”