Соҳибон ё гӯяндагони ин забонҳо ҳамеша аз таҳдиди нестшавӣ ҳушдор медиҳанд ва идораҳои давлатӣ ваъда медиҳанд, ки барои аз байн нарафтани онҳо иқдом мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар чанд соли ахир гузоштани номи муассисаҳо ба забонҳои помирӣ маъмул шудааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз то рӯз наворҳои видеоӣ, филмҳо ва филмҳои тасвирӣ ба ин забонҳо бештар пайдо мешавад. Мутахассисон мегӯянд, ин раванд аз боло рафтани худшиносии тоҷикони Помир шаҳодат медиҳад ва забон алакай ба берун рафтан аз доираи хонавода оғоз кардааст.
Ҳифзи забон ва пешбурди тиҷорат
Бо қадам задан дар кӯчаҳои Хоруғ, метавон мушоҳида кард, ки чӣ гуна дар чанд соли ахир муассисаҳо бо номҳои помирӣ зиёд шудаанд. “Ношин боғ” (боғи зардолу), “Боб замин” (замини ниёкон), “Башанд” (хуб, беҳтарин), “Бамаза” (бомазза, маззадор), “Чарс” (зуд, чолок), “Вазмин” (дараҷаи баланди ҳар коре), “Тирчид” (хонаи боло) қисме аз ин муассисаҳо ва дӯконҳое мебошанд, ки ин равандро тасдиқ мекунанд.
“Ин бисёр хуб аст, зеро аксар сокинони шаҳр бо забонҳои помирӣ гуфтугӯ мекунанд ва номҳо дар забони модарии онҳо барояшон наздиктар аст”, -- гуфт Сакина, сокини шаҳри Хоруғ. Ба қавли ӯ, дар оғоз ин номҳо барои сокинон ғайримаъмулӣ буданд, зеро пештар чунин номгузорӣ набуд, вале ба тадриҷ ҳама чиз тағйир кард ва мардум ба ин одат намуданд.
Соҳибони ин муассисаҳо мегӯянд, ки чунин шеваи пешбурди тиҷорат метавонад аз як сӯ муштариёнро бо номи худ ҷалб кунад ва аз сӯи дигар барои ҳамагонӣ шудани забонҳои маҳаллӣ мусоидат намояд.
Муслим, яке аз соҳибони қаҳвахонаи “Чарс” (зуд), воқеъ дар маркази Хоруғ, мегӯяд, ҳангоми номгузории қаҳвахона онҳо талош кардаанд, ба беҳтарин шева маънои бренди “бистро”-ро ба забони шуғнонӣ тарҷума кунанд.
“Ибтидо ин ном вокунишҳои тундеро ба бор овард, ки гӯё вожаи “чарс” дар забони тоҷикӣ маъное яке аз навъҳои мухаддиротро доштааст. Моро ҳатто ба додситонӣ даъват карданд. Дар онҷо маънои вожаро шарҳ додем. Дар натиҷа, маҷбур будем тарҷумаи ин истилоҳро ба чандин забони дигар биоварем”, -- нақл кард соҳибкор.
Дар шаҳр ҳамчунин муассисаҳое вуҷуд доранд, ки ба номи кӯҳна ё қадимии маҳалли ҷойгиршавияшон номгузорӣ шудаанд. Мағозаи “Ношин боғ” (Боғи зардолу), ба гуфтаи моликаш Суҳайлӣ, номи худро маҳз бо ҳамон усул гирфтааст. “Мағозаи мо дар ҷое мавҷуд аст, ки солҳое пеш ин ҷо боғи бузурги зардолу буд. Бо гузашти замон боғ комилан аз байн рафт. Мо бо ҳамин шева тасмим гирифтем, ки номи кӯҳнаи ин маҳалро ҳифз кунем”,- изҳор медорад Суҳайлӣ.
Бедории забонӣ
Профессори кафедраи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ Муқбилшо Аламшоев дар тамоюли маъмул кардани номгузорӣ ба забонҳои помирӣ талоши худҳифозатии забонии гӯйишварони онҳоро мебинад. “Ин маънои онро дорад, ки гӯйишварони ин забонҳо мехоҳанд, онҳо рушд кунанд ва дар ҷомеа ҷойгоҳи худро биёбанд. ЮНЕСКО алакай эътироф кард, ки ин забонҳо дар дами нестшавӣ қарор доранд ва бояд онҳоро ҳифз кард. Мо борҳо талош кардем, ки ба ин таваҷҷуҳи мақомотро ҷалб кунем, вале мушкил то кунун боқист”, -- мегӯяд профессор Аламшоев.
Ба гуфтаи донишманд, онҳо талош доранд, ки ҳамаи забонҳои помирӣ соҳиби алифбои расмӣ омӯзонда шаванд. Сухан дар бораи 7 забон: шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ ва вахонӣ меравад.
Олимон ба таҷрибаи муваффақ дар Афғонистони ҳамсоя ва Покистон ишора мекунанд, ки онҷо тамоми забонҳои помирӣ соҳиби алифбои расмӣ ҳастанд ва дар синфҳои ибтидоии мактабҳо омӯзонида мешаванд.
“Алифбо ҳаст, вале расман тасдиқ нашудааст”
Дар оғози солҳои 2000-ум нисбат ба давраҳои баъдӣ, таваҷҷуҳ ба гуруҳи забонҳои помирӣ қобили мулоҳиза буд. Дар мактабҳо ба сифати лоиҳаи озмоишӣ барои як давраи кӯтоҳ алифбои забони шуғнонӣ (Алифбо хуғнонӣ зив) омӯзонда шуд. Ба ҷуз ин, дар телевизиони маҳаллии Бадахшон барномаҳо ба забонҳои маҳаллӣ ҳамеша рӯйи мавҷ меомад. Вале бо гузашти замон ин таҷриба аз миён рафт.
Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Саодатшо Матробиён, масъалаи алифбои забонҳои помирӣ ҳал шудааст, зеро муҳаққиқон гузинаҳои алифбоҳоро пешниҳод кардаанд, вале ҷараёни таъйиди ин ё он алифбо замон мехоҳад. Матробиён гуфт, “зарур аст, ки ин алифбоҳо барои замони мушаххасе истифода шаванд ва муҳим аст, ки то куҷо аз сӯйи гуйишварони ин забонҳо истиқбол мешаванд. Мо наметавонем ба таври маҷбурӣ ба мардум гӯем, ки ин ё он алифборо истифода кунанд. Агар ин алифбоҳо ба таври мусбат пазируфта шаванд, пас онҳоро таъйид мекунанд.”
Шавқмандӣ - калиди рушд
Бо вуҷуди ин, гӯйишварони ин забонҳо онҳоро фаъолмандона дар асарҳо ва бахши фарҳанг истифода мебаранд. Бо забонҳои помирӣ на танҳо фолклори мардуми помирӣ иҷро карда мешавад, балки жанрҳои муосири мусиқӣ аз қабили рэп, рок, ҷаз, бард-иҷро низ мешавад, ки миёни ҷавонон бисёр маъмуланд.
Моҳи январи соли 2015 Радиои Имрӯз бори нахуст барномаҳоро ба забони шуғнонӣ нашр кард. Барномаҳо дар як шабона рӯз се соат барои бошандагони шаҳри Хоруғ ва деҳаҳои атрофи он пахш мешуданд. Вале бо гузашти чанд муддат онҳо ба далели “мушкилоти фаннӣ” қатъ шуданд.
Дар солҳои ахир як қатор филм, наворҳои видеоӣ ва филмҳои тасвирӣ дар тарҷума ба забони шуғнӣ истеҳсол шуданд. Мубтакир ва пиёдасози фаннии ин идея, коргардони тоҷик Фирӯз Сабзалиев ҳамроҳ бо дастааш ба таври ризокорона тавонист дар 8 сол ду филм (“Ҷавонии субҳи аввал” ва “Кӯдакони Помир”) ва 8 филми аниматсионӣ (филмҳои тасвирӣ) тарҷума кунад.
“Идея он буд, ки мо забони худро на танҳо дар хонавода ва зиндагии рӯзмара, балки дар мавҷи радио бишнавем ва дар телевизиони вилоятӣ ҳадди ақал барномаҳои кӯдакона бошанд. Аз он ҷо ки алифбои расмӣ вуҷуд надорад ва дар мактаб забон омӯзонда намешавад, ба ин шева мо талош кардем, ки таъм ва алоқа ба забони модариро таҳрик диҳем. Фанновариҳои ҷадид барои ин имконоти зиёде фароҳам кардаанд”, -- мегӯяд Сабзалиев.
Ба гуфтаи ҳунарманд, корро ба унвони санҷиши маҳорати ҳирфаӣ аз ҳисоби худ оғоз кард, баъдан ба тадриҷ аз сӯйи дӯстон ва наздиконаш пуштибонӣ ёфт, ки тибқи анъана номи онҳо дар титри филмҳо навишта мешавад.
Дар ҳоли ҳозир мушкили молӣ имкон намедиҳад, ки Сабзалиев ба ин кор ба тамом машғул шавад, зеро иҷрои кори бокайфият ҳузури ҳирфаиҳоро талаб мекунад, ки барои фаъолият ба онҳо бояд маблағ дод. Бо ин вуҷуд, ин коргардон ният дорад, ки як лоиҳаи калони китобҳои гуфтории “Афонаҳои мардуми Тоҷикистон”-ро иҷроӣ кунад, ки фарогири эҷодиёти шифоҳии мардумии тамоми манотиқи Тоҷикистон ба тамоми забонҳо хоҳад буд. Дар интернет алакай баъзе наворҳои афсонаҳои гуфторӣ бо забони шуғнонӣ пайдо шудаанд.
Забонҳое дар маърази хатар
Дар қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфта мешавад, давлат вазифадор аст барои ҳифзи забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ, ки бо онҳо беш аз 200 ҳазор нафар гуфтугӯ мекунад, мусоидат кунад. Вале коршиносон борҳо гуфтаанд, ки барои ҳифзи ин забонҳо таваҷҷуҳи лозим сурат намегирад ва талаботи қонун дар бораи ҳифзи онҳҳо ба андозаи зарурӣ риоят намешавад.
Моҳи июни соли 2017 ин забонҳо дар як атласи мунташирнамудаи забонҳои дар ҳоли марги ЮНЕСКО ворид шуда буданд. Тибқи ин гузориш забонҳои рӯшонӣ ва вахонӣ ба гуруҳи “гирифтори хаттари ҷиддӣ” ва забони шуғнонӣ ба “вазъияти нигаронкунанда” шомил карда шуда буданд.
Пештар, дар соли 2015 хатари аз миён рафтани забонҳои ёдшударо Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон ба таври расмӣ эътироф кард. Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода гуфта буд, комиссия ташкил шудааст ва ин мушкилро меомӯзад. Вале аз он замон то кунун, тавре гузориши ЮНЕСКО таъкид мекунад, вазъ беҳтар нашудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон шумораи гӯйишварони забонҳои помирӣ беш аз 230 ҳазор нафар мебошанд. Аз ҳама забон пургӯйишвар забони шуғнонӣ мебошад. Шумораи гӯйишварони ин забон тақрибан дар ҳудуди 100 ҳазор гуфта мешавад. Дар ҳамин ҳол ба шеваи хуфӣ 2,5 ҳазор, рӯшонӣ - ҳудуди 18 ҳазор, бартангӣ – ҳудуди 2,5 ҳазор, шеваи рошорвии забони бартангӣ – ҳудуди 2 ҳазор, забони язгуломӣ – бештар аз 12-13 ҳазор, забони вахонӣ – бештар аз 15 ҳазор ва забони ишкошимӣ – ҳудуди 2 ҳазор нафар бошандагони Бадахшон суҳбат мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин гӯйишварони забони яғнобӣ умр ба сар мебаранд, ки шумораи онҳо 8 ҳазор нафар гуфта мешавад.