Президент Трамп гуфт, мехоҳад, дар оянда на ҳама, балки беҳтаринҳо тавонанд, ба ИМА ҳиҷрат кунанд. Вай афзуд, бино ба тарҳи нав акнун ҷавонони донишманду боҳунар, донандаи хуби забони англисӣ ва онҳое дар кишвар пазируфта хоҳанд шуд, ки тавонанд аз уҳдаи таъмини зиндагии худ бароянд ва ба рушди Амрико кумак кунанд.
Дар ҳоли ҳозир 66%-и муҳоҷирони қонунӣ дар асоси робитаҳои хонаводагӣ ва танҳо 12% дар асоси ихтисос вориди Амрико мешаванд. Бар пояи тарҳи пешниҳодии Трамп, квотаҳои муҳоҷират барои шахсони дорои ихтисос 5 баробар бояд афзоиш дода шавад.
Низоми нав ҳангоми қабул номзадҳоро аз рӯи ихтисос, синну сол, дониш ва сатҳи донистани забони англисӣ баҳогузорӣ мекунад. "Ин гуна низом дар ҳоли ҳозир дар Австралия, Канада ва Зеландияи нав амал мекунад", -- гуфт Трамп.
Маоши миёнаи солонаи муҳоҷирони қонунӣ дар ИМА соли 2018 наздики 43 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Бар асоси тарҳи Трамп, даромади солонаи муҳоҷироне, ки аз рӯи ихтисос ва дониш қабул мешаванд, тақрибан се баробар зиёд - 126 ҳазор доллар хоҳад буд.
Тарҳи Трамп ҳамчунин қатъи барномаи маъруфи Green Card lottery-ро низ пешбинӣ мекунад, ки ҳамасола дар асоси он ҳудуди 50 ҳазор нафар ҳаққи иқомат дар ИМА-ро дарёфт мекунанд.
Ба ҷои Green Card lottery ташкили барномаи дигаре пешниҳод мешавад, ки ба маҳорати номзадҳо дар ихтисоси муайян бартарӣ медиҳад. Онҳое баранда мешаванд, ки аз рӯйи чанд нишондиҳанда баҳои болотар ба даст оранд.
Соли 2017, пас аз ҳамлаи террористии як зодаи Узбекистон дар Манҳаттени Ню-Йорк, ки дар натиҷаи он 8 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ гаштанд, Трамп талаб кард, барномаи Green Card қатъ карда шавад. Ҳоло пешниҳоди ӯ ин аст, ки шеваи пирӯзӣ дар ин барнома тағйир кунад.
Тарҳи мазкурро Конгресс бояд ба тасвиб расонад. Вале раҳбарони Ҳизби демократ дар Конгресс тарҳи Трампро ҳанӯз пеш аз муаррифияш рад карда буданд. Раҳбари демократҳои Сенат Чак Шумер онро "ғайриҷиддӣ" номид. Ба гуфтаи коршиносон, эҳтимоли ба созиш расидани маъмурияти Трамп бо демократҳо дар робита ба ин масъала, ба хусус пеш аз интихоботи президентӣ хеле кам аст.
Ин бори аввал нест, ки президенти Амрико тағйири сиёсати муҳоҷиратро тақозо мекунад. Ҳанӯз дар маъракаи пеш аз интихобот вай хоста буд, ки вуруди афрод аз 8 кишвари мусалмон қатъ карда шавад. Баъд аз пирӯзияш ӯ дар ин бора дастуре дод, ки сабаби баҳсҳои додгоҳӣ шуд ва иттиҳоми нақзи ҳуқуқи инсон гашт. Инчунин хостори сохтани деворе дар миёни ИМА ва Мексико шуд. Дар ҳамин нишаст Трамп гуфт, бахше аз девор сохта шудааст ва бунёди он идома хоҳад ёфт.