Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шенгени Осиёи Марказӣ” ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?


Дар ҳоле ки Қазоқистону Узбекистон тарҳи "silk visa"-ро амалӣ мекунанд, Тоҷикистон вазъиятро меомӯзад. Бархе аз коршиносон бовар доранд, “Шенгени Осиёи Марказӣ” сафи сайёҳонро дар минтақа афзоиш хоҳад дод. Вале баъзеи дигар бештар шудани муҳоҷирати ғайрирасмиро сарфи назар намекунанд.

Соли дувум аст, ки баҳсҳо атрофи ҷорӣ кардани раводид (виза)-е ба монанди Шенген (silk-visa) миёни Узбекистону Қазоқистон ва дар идома паҳн шудани он дар тамоми минтақа давом дорад. Коршиносон ба ояндадор будани ин ташаббус таъкид мекунанд, вале ҳамзамон душвориҳоеро, ки эҳтимол аст бо он кишварҳои минтақа рӯбарӯ шаванд, низ сарфи назар намекунанд.

Баҳсҳои тӯлонӣ

Ташаббуси эҷоди як раводиди умумӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи июни соли гузашта аз сӯйи Дариға Назарбоева, раиси пешини Кумитаи муносиботи байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти сенати Қазоқистон матраҳ шуд. Дар мулоқот бо ҳамтоёни худаш аз Узбекистон Назарбоева гуфта буд, ба ин тартиб мешавад сайёҳонеро аз хориҷи дур ҳавасманд кард, ки мехоҳанд мавзеъҳои ҳар ду кишварро тамошо кунанд.

Ин сенатор он замон пешниҳод карда буд, ин раводиди умумиро “silk visa” биноманд. Моҳи октябри соли гузашта мақомоти Қазоқистону Узбекистон созишномаро дар мавриди эътирофи мутақобилаи виза имзо карданд, ки имкон медиҳад хориҷиён бо як виза ба ҳарду кишвар бираванд. Қазоқистон ба Озорбойҷон, Туркия ва Қирғизистон ҳам пешниҳод дод, то дар ин тарҳ ширкат кунанд.

Вале ин тарҳ то ҳанӯз иҷро нашудааст, ҳарчанд оғози ин раванд бояд моҳи феврали имсол баргузор мешуд. “Сабаби асосӣ ин аст, ки ҳар ду кишвар рӯйкардҳои гуногуне ба низоми бераводид бо кишварҳои дигар доранд. Қазоқистон рӯйхати худро дорад, ки ба кадом кишварҳо виза надорад, мо рӯйхати худро дорем. Ба ҷуз ин Қазоқистон ҳам мисли раводиди электронии мо дорад ва он ҷо ҳам рӯйхати давлатҳоеро доранд, ки аз чунин имтиёз бархӯрдоранд. Барои мо муҳим васл шудан ба ин кишварҳост”,- гуфта буд ба расонаҳои Узбекистон дар оғози соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Узбекистон Улуғбек Қосимхоҷаев. Бо ин вуҷуд, мансабдор таъкид кард, ки лоиҳа иҷро мешавад, зеро дар сатҳи боло пуштибонӣ шудааст.

Қазоқистону Узбекистон аз ҳисоби боздиди гардишгарон кишварҳои пештоз ҳастанд. Соли 2018, мувофиқи маълумоти расмӣ ба Қазоқистон ва Узбекистон мутаносибан 8,5 ва 5 миллион сайёҳ рафтааст. Ин дар ҳолест, ки нишондиҳандаи Узбекистон дар чанд соли ахир се баробар зиёд шудаанд.

Қирғизистону Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамсояҳои бузурги худ нишондиҳандаи хеле каме доштанд. Тибқи додаҳои расмӣ ба Қирғизистон 1,4 миллион ва ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион гардишар омадааст.

“Дар кишварҳо муҳимияти ҳамкориро дарк мекунанд”

Сиёсатшиноси узбекистонӣ Рафаэл Сатторов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кишварҳои минтақа дарки зарурати рушди ҳамкориҳо вуҷуд дорад. Ӯ гуфт: “Моҳиятан мушкилоти мо якхелаанд. Ҳар куна мушкил дар яке аз кишварҳо ба ин ё он шева ба амният ва суботи ҳамсояҳо таъсир мегузорад ва ин кишварҳоро маҷбур мекунад, ки вориди иттиҳоду ҳамкорӣ шаванд.”

Сатторов афзуд, барои фаъол кардани лоиҳа зарур аст, миёни маъмурони гумрук, марзбонон ва хадамоти консулии ҳар ду кишвар ҳамоҳангӣ сурат бигирад, ҳамчунин ҳамоҳангӣ бар сари рӯйхат ва ё чеҳраҳои алоҳидае, ки ба ин ё он сабаб ба яке аз кишварҳо ҳаққи вуруд надоранд. Ҳамчун мисол коршинос аз раводиди шенгени кишварҳои аврупоӣ ном мебарад, ки баъди оғози расмӣ солҳост, ки давом меорад.

“Консепсияи фаннии silk-visa зарур нест”

Рустам Бурнашев, коршиноси қазоқ мегӯяд, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели вазъи ҷуғрофиёӣ фоидаовар аст, ки зарфиятҳои худро муттаҳид кунанд ва вуҷуди раводиди умумӣ дар ин росто барои хориҷиён хеле роҳат аст.

“Вале гап сари он аст, ки кишварҳои мо бо бисёре аз кишварҳои рушдёфта низоми бераводиди якҷониба доранд. Мутаносибан худи консепсияи «silk-visa» аз нигоҳи фаннӣ нозарур аст. Барои як нафар чӣ зарур аст раводид, дар сурате ки ӯ метавонад барои як моҳ ба он кишвар бидуни раводид сафар кунад”, -- мегӯяд Бурнашев. Бо вуҷуди ин, коршинос пешбинӣ мекунад, ки чунин таҷриба метавонад ҳамкориҳои мутақобили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ниҳодҳои дигари кишварҳои ёдшударо тақвият диҳад.

“Кишварҳо алоқаманди ин лоиҳа ҳастанд”

Зимнан дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳол рӯйи ҷорӣ кардани раводиди минтақавӣ таваҷҷуҳ карданд. Ҳанӯз моҳи январи имсол Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иттилоияе паҳн кард, ки дар он гуфта мешуд Қирғизистон ин ташаббусро меомӯзад ва дар наздиктарин фурсат бо намояндаҳои Узбекистон дидори коршиносона баргузор мекунад. Пештар, вазири фарҳанг, иттилоот ва гардишгарии Қирғизистон Азамат Жамангулов гуфта буд, ки Қирғизистон барои иҷрои тарҳи «Silk visa» баъд аз ҷорӣ шуданаш, омода аст.

Коршиноси масоили иқтисодӣ аз Қирғизистон Искандар Шаршеев мегӯяд, дар кишвар дар сатҳи қонунгузорӣ шароити мушаххас барои пайвастан ба ин тарҳ вуҷуд дорад. “Агар кишварҳо миёни ҳам шартномаҳои бисёрҷониба имзо кунанду ба тасвиб бирасонанд ва дастурҳои ВКХ ва хадамоти муҳоҷиратро тағйир бидиҳанд, он замон мешавад ба додани раводид пардохт”, - тахмин мезанад Шаршеев.

Дар ҳоли ҳозир барои шаҳрвандони 59 кишвар низоми бидуни раводид бо Қирғизистон амал мекунад ва 68 кишвар метавонанд аз низоми соддакардашудаи раводид истифода кунанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба унвони як тарҳи омӯзишӣ пешниҳод мекунад, ки гирифтани раводидро барои кишварҳои дигар ҳам соддатар кунанд. Ягона талабот - вуҷуди раводиди бисёркаратаи кишварҳои пешрафтаи Аврупо, Шарқи Осиё ва Шарқи Наздик.

Тоҷикистон ин мавзуъро меомӯзад

Моҳи декабри соли гузашта “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ иттилоъ дода буд, ки ҳукумати Тоҷикистон натиҷаҳои лоиҳаи “Шенгени Осиёи Марказӣ”-ро баррасӣ мекунад ва аллакай дар миёнаҳои сол тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад.

Мудири ширкати сайёҳии Pamirsilk Travel Шагарф Муллоабдол мегӯяд, боз шудани марзҳо ва ҷорӣ кардани раводиди умумӣ ба зиёд шудани вуруди гардишгарон ба Тоҷикистон сабаб мешавад, мисле ки ин кор дар Узбекистон рух дод. “Баъди боз шудани марзҳо бо Узбекистон баргузор кардани сафарҳо бисёр содаву осон шудааст”, - мегӯяд ӯ.

Ба унвони мушкили асосии ба рушди гардишгарӣ халалрасон Муллоабдол аз мушкилиҳо дар марзи Чин ва Тоҷикистон, набуди хатти парвоз бо бисёре аз кишварҳои пешрафта ва гарон будани хатсайрҳои мавҷудаву арзиши гарони сӯзишворӣ ва кайфияти пасти зерсохтҳои гардишгариро ном мебарад.

Дар мусоҳибаи чанде пеш бо Радиои Озодӣ роҳбаладони тоҷик эътироф карда буданд, ки бар асари шароити бади зербиноӣ ва арзиши баланди маводи сӯхт онҳо дар рақобат бо ҳамтоёни қирғизи худ, ки сафарҳои байналмилалиро дар минтақа ташкил мекунанд, ҳамеша бозанда мешаванд.

“Ташаббусе, ки бидуни хатар нест”

На ҳама коршиносон ба ҷанбаҳои мусбати раводиди минтақавӣ таъкид мекунанд. Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов ба ҷанбаҳои манфии он ишора мекунад, ки ба гуфти ӯ метавонанд ба муҳоҷирати ғайрирасмӣ рабт дорад.

“Хориҷие, ки раводиди Узбекистонро дарёфт кард, ба таври “автоматӣ” соҳиби раводид ба ҳама минтақа мешавад. Имкон барои муҳоҷирати ғайрирасмӣ аз ҳамин ҷо шуруъ мешавад, пеш аз ҳама аз Чин ва ё кишварҳои ҷаҳони севум. Он чи ки бо минтақаи Шенген мегузарад, суръати муҳоҷирати ғайрирасмӣ беҷо тамоми равандҳои ҳамгироии ин минтақаро таҳти савол қарор надод”, --мегӯяд коршинос. Муллоҷонов бовар дорад, ки ниёз ба коркарди механизмҳои дақиқи назорати равандҳои муҳоҷират дорад, то гуруҳҳои ифротиву террористӣ аз имконоти нав истифода накунанд.

Ӯ таъкид мекунад, ки ҷорӣ кардани раводиди минтақавӣ дар маҷмуъ ба ҳалли мушкили ҷалби гардишгарон намеоварад ва пешниҳод мекунад, ки таваҷҷуҳи бештар рӯйи рушди зерсохтҳои гардишгарӣ дар ҷумҳурӣ сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG