Парвиз Саидраҳмонов, ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки бо номи Абу Довуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин созмонро таблиғ мекард, пас аз ду соли нопадид будан бо наздиконаш тамос гирифтааст. Дар навори савтие, ки наздиконаш иддао мекунанд, ба Абу Довуд тааллуқ дорад, ӯ тақозо мекунад, ба як дӯсташ дар ҷазираҳои Малта пул фиристанд. Гуфтааст, ки барои дуруст кардани шиноснома ва роҳкиро 6 ҳазор доллар лозим аст. Вале ӯ ибрози пушаймонӣ накарда ва ҳам нагуфтааст, ки бо ин пул ба Тоҷикистон меравад.
Тамоси ӯ моҳе пеш, замоне сурат гирифтааст, ки охирин пойгоҳи ДИИШ дар минтақаи Бағузи Сурия суқут кард. Он вақт расонаҳо гуфтанд, бархе аз ҷангҷӯён тавонистаанд, аз он ҷо фирор кунанд ва дар манотиқи дигар пинҳон шаванд. Маълум нест, Саидраҳмонов дар он ҷо буд ё на ва ҳоло куҷост.
Сӯҳроб Раҳимов, яке аз наздикони Парвиз Саидраҳмонов, ки дар Русия қарор дорад, рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, модар ва хоҳарони Абу Довуд тақозои ӯро рад карда ва фавран ба мақомоти тоҷик ва рус хабар доданд.
Парвиз Саидраҳмонов аз ҷониби Русия ба воситаи Интерпол барои созмон додани чанд ҳамлаи террористӣ дар хоки ин кишвар ҷустуҷӯ мешавад.
"Се-чаҳор бор навори савтӣ фиристод, вале вақте ба ӯ пул равон накарданд, дигар тамос нагирифт. Модару хоҳаронаш тарсиданд, ки агар пул фиристанд, барои маблағгузории терроризм ҷавобгар мешаванд. Ба сабаби он ки ҳамчун террористи хатарнок ҷустуҷӯ мешавад, зуд мақомотро хабардор карданд", -- гуфт ӯ.
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ҳарчанд, модару хоҳаронаш исрор карданд, вале Саидраҳмонов макони буду бошашро нагуфтааст.
Пайвандонаш тахмин мезананд, ки эҳтимол ӯ аз Сурия, дар ҳоле бо онҳо тамос гирифтааст, ки гурӯҳи тундрави ДИИШ охирин пойгоҳашро дар ин кишвар аз даст медод. Артиши озодибахши Сурия, ки иборат аз курдҳо ва арабҳои минтақа аст, даҳҳо ҷангиеро он замон боздошт кард, ки қасди фирор доштанд. Дар миёни онҳо тоҷикон низ буданд.
Дафтари матбуотии Артиши озодибахши Сурия дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни боздоштшудаҳо бо чунин ном касе нест. Аммо дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навиштанд, аксари ҷангҷӯёни боздоштшуда ному насаб ва зодгоҳи воқеиашонро нишон намедиҳанд.
Занони тоҷике, ки дар паноҳгоҳе дар вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия қарор доранд, гуфтанд, шаш моҳ пеш зани қафқозитабори Абу Довуд ба дасти курдҳо асир афтод ва ҳоло бо духтари чаҳорсолааш ҳамроҳи онҳост. Ҳамсари Абу Довуд ба занони тоҷик нақл кардааст, ки шавҳараш замони боздошти ӯ ба дигар минтақаи Сурия рафта буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Парвиз Саидраҳмоновро ҳамчун “ҷинояткори хатарнок” ҷустуҷӯ мекунад. Дар ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, намедонанд ӯ дар куҷост. Соли 2015 алайҳи ӯ бар асоси моддаи “зархаридӣ” парванда боз шудааст.
Парвиз Саидраҳмонов, сокини шаҳри Душанбе охири соли 2014 дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки дар ҳудуди таҳти назорати гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” қарор дорад. Ӯ аз шаҳрҳои Раққаи Сурия ва Мавсили Ироқ, ки дар зери назорати ДИИШ буданд, пайваста навор нашр мекард ва ҷавононро ба ҷанг даъват менамуд.
Дар наворҳои соли 2015 дида мешуд, ки ӯ Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро ба дигар ҷангҷӯёни ин созмони тундрав муаррифӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, мақомот ӯро як нафари калидии ДИИШ дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон унвон мекарданд. Дар ин байн борҳо хабари марги ӯ мерасид, вале дурустии он тасдиқ намешуд.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик, ки маълумоти марбут ба ҷангҷӯёни тоҷики гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро меомӯзад, гуфт, ин созмон талош мекунад, таблиғгарони фаъолашро бо ҳар қимате наҷот диҳад, чун онҳо ба сафи ин созмон аъзои нав ҷалб мекунанд.
Ӯ гуфт, хабаре ҳаст, ки бо пардохти маблағе ба ҷангиёни курд пайравони гурӯҳи тундрав озод мешаванд ва ин ба навъе аз тиҷорати пинҳонии гурӯҳҳои хурди курд табдил ёфтааст.
“Шояд ба ҳамин хотир ӯ пул пурсидааст. Курдҳо метавонанд онҳоро раҳо кунанд, то вориди Туркия шаванд. Далеҳои зиёд ҳаст, ки бисёре аз ҷангҷӯёни ДИИШ ба Туркия, Афғонистон ва ҳатто Аврупову кишварҳои дигар рафтаанд," -- гуфт ӯ.
Номи Абу Довуд дар парвандаҳое марбут ба терроризм дар Русия, Шветсия ва Тоҷикистон сабт шудааст. Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Узбекистон, ки соли 2017 дар Шветсия ҳамлаи террористӣ анҷом дод, дар додгоҳ гуфт, бо ташвиқи Абу Довуд- ат-Тоҷикӣ ва тамошои наворҳои ӯ узви созмони тундрави ДИИШ шуд.
Моҳи июни соли 2017 Абу Довуд ба Радиои Озодӣ навор фиристода, хабарнигоронро, ки дар бораи духтари ӯ навор таҳия карда буданд, таҳдиди куштан кард.
Радиои Озодӣ дар бораи Сумая, духтари хурдсоли ӯ, ки Шаҳриёр, як сарояндаи тоҷики шабеҳи падарашро падар мехонд, гузориши видеоӣ нашр карда буд.
Ду соли ахир Абу Довуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо намешуд ва бо хонаводааш низ тамос надошт. Бисёриҳо тахмин мезаданд, ки кушта шудааст, вале тамоси охираш нишон медиҳад, ки ӯ ҳанӯз зинда аст. Ё ба камияш дар рӯзҳои суқути Бағуз зинда буд. Сарнавишти баъдияш номаълум мемонад.