Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози амалиёти низомии Туркия дар хоки Сурия


Артиши Туркия амалиёти заминии худро дар шимоли Сурия оғоз кардааст. Расонаҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин хабаргузориҳои Туркия мегӯянд, нерӯҳои махсус дар ҳамоҳангӣ бо воҳидҳои зиреҳӣ аз чанд нуқтаи марзӣ убур карда, вориди хоки Сурия шудаанд.

Вазорати дифои Туркия ҳар "Твиттер" эълон кард, ки "нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ва Артиши миллии Сурия (нерӯҳои ниманизомии мавриди ҳимояти Туркия) амалиёти заминии худро дар шарқи дарёи Фурот бо номи амалиёти "Чашмаи сулҳ" оғоз карданд".

Ду рӯз пас аз эълони ақибнишинии нерӯҳои низомии Амрико аз шимол-шарқи Сурия, артиши Туркия амалиёти ҳавоӣ ва заминии густурдаеро алайҳи ин минтақаи курднишин оғоз кард.

Тибқи иттилои хабаргузориҳо, ҳавопаймоҳои низомии артиши Туркия нимаи дувуми рӯзи чаҳоршанбе мавзеъҳои ниманизомиёни гурӯҳи "Воҳидҳои мудофеи халқ"-ро дар шаҳри марзии Раъс-ул-Айн гулӯлаборон карданд.

Хабари оғози ин амалиётро Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия эълон кард ва дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, ки номи ин амалиёт "Чашмаи сулҳ" аст. Вай ҳамчунин навишт, ки ин амалиёти заминаи бозгашти паноҳҷӯёни суриягиро фароҳам мекунад.

Раиси ҷумҳури Туркия таъкид кардааст, ки ҳадафи аслии ин амалиёт, нобудии "терроризм" дар ҷануби Туркия аст ва иддао кардааст, ки ҳамлаи артиши ин кишвар боиси ҳифзи тамомияти арзии Сурия низ хоҳад шуд.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, чандин таркиши сахт шаҳри Раъс-ул-Айнро, ки дар наздикии марзи Туркия қарор дорад, ба ларза даровард. Садои ҳавопаймоҳои низомӣ низ дар минтақа шунида мешавад ва дуд аз чанд бино дар Раъс-ул-Айн ба ҳаво баланд шудааст. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки мардум дар ҳоли фирор аз ин шаҳр ҳастанд.

Мустафо Боли, сухангӯи Нерӯҳои демократи Сурия, ки назорати ин шаҳр дар дасти нерӯҳои он аст, дар Твиттер навиштааст, ки ҳавопаймоҳои низомии Туркия "ғайринизомиён"-ро ҳадаф қарор додаанд. Ба гуфтаи вай, "мардуми минтақа дучори тарсу ваҳшати зиёде шудаанд".

Телевизиони TRT-и Туркия гузориш додааст, ки артиши ин кишвар панҷ мавқеъро дар Раъс-ул-Айн дар шимоли Сурия ва дар наздикии марзи Туркия бамборон кардааст. Ин телевизион ҳамчунин наворе аз парвози ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-и Туркия аз як пойгоҳи низомӣ дар Диёрбакр пахш кардааст ва гуфта, ки онҳо вориди ин амалиёт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Нерӯҳои демократии Сурия аз ҳукумати Амрико хостаанд, ки барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён, минтақаи парвози мамнӯъ эълон кунад. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия дар соатҳои ахири рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки ҳадди ақал 11 нафар дар нахустин соатҳои ин амалиёт кушта шудаанд, ки ҳашт нафари онҳо ғайринизомиён будаанд.

Таҳаввулоти нав дар шимол-шарқи Сурия ва ҳамлаи Туркия ба минтақаҳои курднишин пас аз он суръат гирифт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин минтақаҳо хабар дод. Вале баъдтар оқои Трамп таҳти фишори густурдаи ҷумҳурихоҳон ва мухолифони хуруҷи Амрико аз шимоли Сурия, таҳдид кард, ки агар Туркия " аз ҳадди худ" гузарад, иқтисоди ин кишварро нобуд хоҳад кард.

Ин амалиёти савуми Туркия дар Сурия тайи чаҳор соли ахир аст. Ҳукумати Туркия пеш аз ин ду амалиёти "Сипари Фурот" ва "Шохаи Зайтун"-ро дар минтақаҳои марзии худ бо Сурия анҷом дода буд.

Ин амалиёт дар ҳоле оғоз шудааст, ки чанд соат баъд аз шурӯи он раиси ҷумҳури Фаронса дар дидор бо сухангӯи Нерӯҳои демократии Сурия, аз курдҳо ҳимоят кардааст. Тибқи эъломи дафтари Эммануэл Макрон дар рӯзи чаҳоршанбе, вай ҳамчунин аз тарҳи Туркия барои анҷоми амалиёти низомӣ дар минтақаҳои курднишини Сурия, ба "шиддат" ибрози нигаронӣ кардаст.

Вазорати умури хориҷии Сурия гуфтааст, ки бо истифода аз роҳҳои қонунӣ бо ҳар гуна "ҳуҷум"-и Туркия муқобила хоҳад кард. Ҳукумати Башор Асад дубора таъкид кардааст, ки аз бозгашти курдҳо ба оғӯши Сурия истиқбол мекунад.

Эрон бо амалиёти низомии Туркия дар Сурия мухолифат кардааст. Расонаҳои Туркия рӯзи чаҳоршанбе гузориш доданд, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар бораи амалиёти Сурия телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG