Дар Рӯзи ҷаҳонии таҳаммул, 16-уми ноябр, каме аз моҳияти он фаротар рафта, Радиои Озодӣ тасмим гирифт, бо коршиносон дар мавриди таҳаммулпазирии сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон суҳбат кунад. То куҷо дар он ба таври куллӣ созгорӣ ё таҳаммулпазирии сиёсӣ вуҷуд дорад ва сатҳи он дар робита ба ҳукумат ва давлат чӣ қадар аст?
Ҷомеаи Тоҷикистон, ки замоне аз пештозтаринҳои мубориза барои эҳёи миллӣ ва бунёди давлати демократӣ буд, бо гузашти даҳсолаҳо ин вижагии муҳими худро аз даст дод ва ҳамакнун мавриди танқид қарор мегирад. Барои намуна, муҳаққиқи англис Ҷон Хизершоу дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо Радиои Озодӣ тоҷиконро яке аз "ғайрисиёситарин" мардуми дунё донист ва далел овард, ки мардум аз сиёсат ҳарчӣ бештар канорагирӣ мекунанд, ҳатто аз суҳбат дар мавриди он худдорӣ менамоянд.
Мухолифони ин дидгоҳ аз ширкати донишҷӯёни тоҷик дар иқдомоти сиёсии бахшида ба Рӯзи президент, Қонуни асосӣ, парчам, истиқлол, ваҳдат ва ҳамчунин аз эътирозҳо дар назди бинои САҲА ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ном мебаранд. Ширкаткунандагони ин гуна чорабиниҳо пуштибонии ошкорои худро аз сиёсатҳои ҳукумат нишон доданд, ки ҳадди ақал натавонист ба мақомот писанд наояд.
Дар ҳолатҳои дигар вақте сухан аз ҳимояи ҳуқуқи худ дар баробари тасмими мақомоти расмӣ меравад, аҳолӣ бештар бо изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд мешавад. Метавон аз қазияи боло рафтани нархи интернет, дубора гирифтани шиноснома, сарбозшикор, маҳдудияти ришу сатр ва ғайра ном бурд. Дар ин гуна мавридҳо ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳамсояҳои худ дар минтақа ва Шӯравии собиқ ба таври решаӣ фарқ мекунад, ки дар онҳо норозигиҳо аз тасмимҳои сиёсӣ метавонад пайомадҳои иҷтимоӣ, аз қабили эътирозҳои ошкороро дар пай дошта бошад.
Итоаткорӣ ё тарс?
"Кишвари мо ҷанги шаҳрвандиро пушти сар гузошт, ки шоҳидони он то ҳанӯз зиндаанд. Ин аст, ки мардум тоқатпазиранд ва беҳтар мешуморанд, бар пояи усули “сулҳи бад беҳтар аз ҷанги хуб” зиндагӣ кунанд”, -- мегӯяд файласуф ва муаллифи яке аз таърихномаҳои сиёсии тоҷикон Очилбой Зоҳидов. Вай ин гуна амалкардҳоро ҳам бо ҳофизаи таърихии марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам бо зеҳниятҳои шарқӣ пайвванд медиҳад, ки дар он ҳукумату ҳоким вижагии қудсӣ доранд.
Зимнан ба ин гуна омилҳои демографӣ дар асари худ “Қудратгаройӣ дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” сиёсатшиноси рус Станислав Шкел низ таъкид мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ҳофизаи таърихии марбут ба ҷанги хонагӣ дар миёни мардуми калонсол ва муҳоҷирон ба устувории низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон мусоидат кардаанд.
Ҳамчунин кам нестанд онҳое, ки ин гуна тоқатпазирии сиёсиро пайомади тарс дар баробари мошини саркӯбгари давлат медонанд ва ба натиҷаҳои бади он ишора мекунанд. "Шояд ба душворӣ ҷомеаеро метавон пайдо кард, ки мисли мардуми мо дар баробари хатоҳо, беадолатиҳо ва аҳёнан зулми ҳукумат сукут кардаву тоқатпазир бошад. Тоқатпазирӣ ва сукути олуда ба тарс ба ҳеч ваҷҳ дар дарозмуддат боиси устувории низоми сиёсӣ буда наметавонад", -- мегӯяд рӯзноманигори тоҷик Зафари Сӯфӣ.
Ӯ таъкид мекунад, ки иллати падид омадани он асосан таблиғоти густардаи ҳукумат ба роҳу василаҳои гуногун аст ва ёд овардани ҷанги шаҳрвандӣ яке аз намунаҳои он мебошад.
Зимнан, унвони "Асосгузори сулҳу ваҳдат", ки роҳбари давлат дорад, маҳз мубтанӣ ба рӯй овардан ба таърихи навини Тоҷикистон ва даврони муқовиматҳои шаҳрвандӣ аст.
“Таҳаммулпазирии мутлақ вуҷуд надорад”
Сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, таҳаммулпазирии мутлақ шояд дар илм, баҳсҳои фалсафӣ вуҷуд дошта бошад, вале дар олами воқеӣ авлавиятҳои дигар аст. "Вақте сухан дар бораи давлат ва сиёсат, яъне мафҳумҳои чун манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ, оромии шаҳрвандон меравад ва агар кадом андеша, идея, ҳизб ё мавқее, ки мухолифи ин мафҳумҳо бошад, пас, ҷойе барои таҳаммулпазирӣ намемонад", -- мегӯяд Раҳнамо.
Ӯ ишора мекунад, ки тоқатпазирӣ дар баробари сахтиҳо ҷузъе аз фарҳанг ва фалсафаи тоҷикон аст, ки аз қадим ҳатто бо як қатра об ҳам қаноат мекарданд.
Тоқатпазирии иҷборӣ ё хатари мушорикат?
Дар ҳамин ҳол, мухолифат бо пояҳои қудрат дар Тоҷикистон ахиран метавонад ҷазо дар пай дошта бошад. Моҳи июни соли гузашта порлумони Тоҷикистон ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он даъвати оммавӣ дар интернет барои содир кардани ҷинояти дорои хислати террористӣ ва ҳимояи ошкоро аз фаъолиятҳои террористӣ ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай дорад. Мутахассисон он замон гуфта буданд, ки қабули ин тағйирот талаби замон аст, вале ин хатар ҳам вуҷуд дорад, ки меъёри қонун аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нодуруст маънидод шавад ва мутаносибан чораҳои саркӯбгарона бештар шаванд.
Пештар барои гузоштани лайк дар зери матлаби намояндагони мухолифин даҳҳо нафар пушти панҷара рафтанд. Аммо, ахиран баъд аз эълони афв ба хотири Рӯзи Қонуни Асосӣ ин гуруҳи одамон аз зиндонҳо озод шуданд.
Журналист ва шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов омили асосии камфаъолии сиёсии шаҳрвандонро дар иқдомоти бисёр шадиде медонад, ки мақомоти интизомӣ нисбат ба онҳое анҷом медиҳанд, ки талош мекунанд нисбат ба ҳукумат чизе бигӯянд ё интиқод кунанд. Ба назари вай, ин боис шуда, ки мардум метарасанд дар мавриди сиёсат ҳарф бизананд, ҳатто дар доираи хонавода.
"Ғайрисиёсӣ будан аллакай болои зиндагии мардум таъсир гузоштааст. Мо аз сӯйи давлат хеле монеъагузориҳову манъкарданҳоро мебинем. Дахолат ба зиндагии хусусӣ натиҷаи ғайрисиёсӣ будан аст. Мардумро дар чаҳорчӯбаҳои танге ҷой додаанд, зеро ҳеч гуна мушорикати сиёсие вуҷуд надорад", -- изҳор дошта буд дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ коршинос.
Арзёбӣ аз нуқтназарҳои гуногун
Ҳамсуҳбатҳои Радиои Озодӣ тоқатпазирӣ дар баробари ҳукумат дар Тоҷикистонро ҳар гуна арзёбӣ мекунанд. “Мо ҷанги шаҳрвандиро пушти сар гузоштем ва дар баробари ин шоҳиди тағйироти муҳим дар сиёсат ва иқтисод шудем. Агарчи ин таҳаввулот ҳанӯз бо пешрафтҳо дар кишварҳои аврупоӣ қобили қиёс нестанд, вале дар муқоиса бо солҳои 2000 мо хеле пеш рафтем”, -- таъкид мекунад Абдуллоҳи Раҳнамо. Ба гуфтаи вай, ҳамин ки бештари мардум машғул ба кори худ ҳастанд ва давлат ором аст бозгӯкунандаи ризояти мардум аз вазъи худашон аст.
Зафари Сӯфӣ комилан андешаи дигар дорад, ки мегӯяд оромии олуда ба тарс метавонад дар дарозмуддат паёмади вазнине дошта бошад. "Шояд ҷиҳати мусбат он ин аст, ки ҳукумат бо ҳама иштибоҳҳо метавонад сари қудрат боқӣ монад, вале ҷиҳати манфӣ ва фоҷеабор он аст, ки хурдтарин ҷарақа суботро аз ҳам мепошад ва ба сардаргумӣ меоварад”.
Тоқатпазирӣ аз ноогоҳӣ
Миёни коршиносон ва нозирини умур андешае ҳам вуҷуд дорад, ки сатҳи таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа бастагӣ дорад ба сатҳи шуури сиёсӣ ва огоҳии мардум. Фаъоли сиёсӣ ва блогнавис Рустам Гулов мегӯяд, ки дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон на танҳо инро фароҳам мекунад, ки ӯ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро биднад, балки масъулиятҳои намояндаҳои ҳукуматро низ бидонад ва ба маънии паёмҳо аз забони мақомот сарфаҳм биравад ва дучори инҳисор нашавад.
"Мардумро дар кишвари мо ба маънои омми он наметавон аз нигоҳи сиёсӣ босавод номид, аз ин ҷост, ки онро ба осонӣ мешавад дасткорӣ кард. Агар аз як сӯ барои мақомот чунин вазъ мувофиқ бошад, аз сӯйи дигар онҳо бояд нигарон бошанд, зеро агар мардум ба инҳисори яке аз неруҳои сиёсӣ даромад, паси дигар неруҳои сиёсӣ ҳам ба осонӣ метавонанд онҳоро ба инҳисор бигиранд”, - мегӯяд Гулов.
Ӯ мегӯяд, ки оромии мардум наметавонад бозгӯкунандаи он бошад, ки онҳо аз ҳама чиз қонеъ ҳастанд ва сатҳи фасод ва фишорҳои давомдор ҳатто метавонад нафари ботаҳаммултарину ғайрисиёситаринро ҳам ба як шаҳрванди норозӣ табдил диҳанд.
Тоҷикистон дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ як кишвари авторитарӣ эътироф шудааст, ки ба таври мунтазам ҳуқуқи башар дар он поймол мешавад. Сарфи назар аз демократия ва гуногунандешии сиёсии эъломшуда чеҳраи бартаридошта дар сиёсат раисҷумҳури кишвар боқӣ мемонад. Пештози рақобатҳои сиёсӣ ва ҳизбӣ низ ҳизби президентии Халқӣ демократии Тоҷикистон мебошад.