Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов: "Бовар дорам, ки соҳиби камарбанд ва 1 миллион доллар мешавам"


Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик
Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик

Шаби 31-уми декабр ба вақти Амрико, ки субҳи 1-уми январ дар Тоҷикистон аст, дар шаҳри Ню-Йорки Амрико Лоиқ Раҷабов, варзишгари 29-солаи навъи варзиши ММА аз Тоҷикистон бо Натан Шулте аз Бразилия рақобат хоҳад кард.

Ин даври ниҳоии Лигаи касбии ҷангҳои бидуни қоида (Professional fight league-PFL) ва навъе натиҷаи ниҳоӣ дар соли 2019 дар вазни сабук аст.

Рақобат барои Шоҳҷоиза сурат мегирад ва нафари пирӯз соҳиби 1 миллион доллар ва камарбанди Лигаи касбии ҷангҳои бидуни қоида мешавад.

Садҳо нафар дар Тоҷикистон натиҷаи ин мусобиқаро интизорӣ доранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Лоиқ Раҷабов ҳаводорӣ мекунанд.

Лоиқ Раҷабов, чанд соат пеш аз оғози мусобиқа дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар аввал барои соҳиб шудан ба як миллион доллар ҳавас карда буд, вале ҳоло ҳадафаш тағйир кардааст”

“Вақте дидам садҳо нафар пирӯзии маро мехоҳанд, ҳиси ватандӯстӣ боло гирифт ва гирифтани камарбанд дар ҷои аввал шуд. То ҳанӯз чор камарбанд дорам ва чандон ба камарбанди нав завқ надоштам. Вақте дидам, ки ин камарбанд барои мардуми Тоҷикистон муҳим аст, андешаҳоям дигар шуд. Интизор надоштам, ки ин мусобиқа барои мардуми мо муҳим мешавад",--гуфт ӯ.

Ин варзишгар, ки бо тахаллуси "Jaguar Paw” дар рақобатҳо ширкат мекунад, то ҳол, дар 15 рақобати дигар ширкат доштааст ва дар 13 ҳолат пирӯзӣ ба даст овардааст.

Натан Шулта, рақиби ӯ низ аз варзишгарони қавӣ дар ин навъи варзиш дониста мешавад. Ҳарду варзишгар дар собиқаи варзишиашон танҳо як борӣ шикаст хӯрдаанд.

Лоиқ Раҷабов мегӯяд, "ба пирӯзӣ боварӣ дорад".

"Мушкилиҳои зиёдеро пушти сар кардам. Заҳмат кашидам. Бовар дорам, ки заҳматҳо беподош намемонанд",--гуфт ӯ.

Рақобати ин варзишгар бо вақти Тоҷикистон соати 5-и субҳи якуми январи соли 2020 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG