Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баҳманмоҳ". Инқилоб ё иғво? Нигоҳ ба воқеаи 30 сол пеш. ВИДЕО


"Баҳманмоҳи хунин", ҳодисае, ки аз он чун сароғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ном мебаранд, бо гузашти 30 сол низ мавриди бархӯрди назарҳост. Муфаттишони парвандаи ин ҳодиса, ки ҳоло бознишастаанд, далелҳои гуногун пеш меоранд. Рӯзи 12-уми феврал солгарди 30-юми ҳодисаҳои баҳманмоҳ буд, ки 26 қурбонӣ ва садҳо захмӣ дошт.

Ба гуфтаи шоҳидон, баҳонаи оғози тазоҳурот овозаҳо дар бораи гӯиё ба Душанбе овардан ва дар хонаҳои нави баландошёна ҷой кардани арманиҳои гуреза буд. Дар он солҳо дар Душанбе ҳазорон нафар дар навбати хона меистоданд ва овозаи хона додан ба арманиҳои гуреза гӯё мардумро ба шӯр овард.

Рӯзи 11-уми феврали соли 1990 наздик ба 200 сокини Душанбе дар назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷамъ шуд. Намояндагони давлат ба назди онҳо баромаданд ва пас аз шунидани арзу шикоятҳо ваъда доданд, ки рӯзи дигар, соати 15:00, ба ин шикоятҳо ҷавоб медиҳанд.

Аммо рӯзи дигар, вақте ки зиёда аз 1000 нафар дар ин майдон ҷамъ омад, раҳбарони кишвар ба назди онҳо набаромаданд. Нерӯҳои дохилӣ ва маъмурони амниятӣ ба пароканда кардани гирдиҳамоӣ талош карданд, аммо ин сабаби ошӯби эътирозгарон гашт.

Саиданвар Камолов
Саиданвар Камолов

Саиданвар Камолов, муфаттиши ҳодисаҳои февралӣ дар КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ, мегӯяд, масъалаи таъмини арманиҳо бо хона "танҳо баҳонае буд", ки ба бовари ӯ "аз сӯйи як гурӯҳи махсус барои ба гирдиҳамоӣ кашонидани мардум истифода шуд".

"Як зумра пешвоёни дин буданд, ки ҳамон шабу рӯзҳо дар масҷидҳо кор мекарданд. Дар давоми тафтишот як қисмати инҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Онҳо дар ҳамон шабу рӯз таблиғ карданд, ки мардум омада дар гирдиҳамоӣ иштирок кунанд. Онҳо аз ҳама роҳҳо истифода бурданд", -- нақл кард ӯ.

Аммо бархе муҳаққиқони дигар бовар доранд, ки ин овозаҳоро худи КГБ-и вақт паҳн карда буд. Ин ақидаро сардори гурӯҳи тафтишотии ҳҳодисаҳои февралӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон Солеҳҷон Ҷӯраев низ тасдиқ мекунад.

Ӯ гуфт, як фарзия дар тафтишот ин буд, ки масҷидҳоро ҳам гурӯҳҳои махсуси КГБ ба гирдиҳамоӣ даъват кард: "Ба масҷидҳо ва одамон занг зада мегӯянд, пагоҳ ба митинг бароед. Ягонтои ин афрод муайян карда нашуд. Ин ҳама "провокатор"-ҳои КГБ буданд. Иғвоангезӣ аз ҳамин ҷо сар шуд."

ВИДЕОРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Пас аз 30 сол. Сирру асрори "Баҳманмоҳи хунин"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:38 0:00

Солеҳҷон Ҷӯраев сардори бригадаи тафтишотии ҳодисаҳои февралии соли 1990 ба нақл аз тафтишот гуфт, дар миёни иштирокдорони гирдиҳамоӣ ягон нафар силоҳ надошт ва мардум дар воқеъ ҳалли мушкили худро мехост. Аммо шурӯи тирандозӣ аз ҷониби нерӯҳои "Алфа"-и КГБ-и ССР вазъро баҳам зад ва издиҳоми ба хашмомада нирӯҳои махсуси пулис ва амниятро фишор оварда, минтақаҳои атрофи Кумитаи марказиро ишғол карданд.

"Снайпери КГБ аз ҳамон ошёнаҳои болои Кумитаи марказӣ чанде аз эътирозгаронро мепаронад. Аз ҳамон ҷо як кинооператор аз Петербург, Матросовро, ки мехоҳад аз бинои рӯ ба рӯ ҳодисаро ба навор гирад, мепаронанд. Ӯ шоҳиди зинда буд. Ин як далеле, ки касе инкор карда наметавонад. Баъдан ҳамла ба Кумитаи марказӣ ва бетартибиҳои оммавӣ сар шуд", -- гуфт Ҷӯраев.

Солеҳҷон Ҷӯраев
Солеҳҷон Ҷӯраев

Саиданвар Камолов, муфаттиши ҳодисаҳои февралӣ дар КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ мегӯяд, дастури истифодаи силоҳ аз ҷониби додситони вақти кишвар ба хотири кам кардани шиддати гирдиҳамоӣ дода шуд. Ба гуфтаи ин чунин иҷозаро прокурори вақти Тоҷикистон Михайлин додааст.

Ба сурати умум, дар ин воқеаҳо 26 нафар кушта ва наздик ба 400 тан захмӣ шуданд. Дар Душанбе вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ эълон гашт. Нирӯҳои Артиши Шӯравӣ вазъро назорат мекарданд.

Вале оё КГБ-и СССР чӣ зарурат дошт, дар моҳи феврали соли 1990 вазъро дар Душанбе баҳам занад? Таърихнигорон рӯйдодҳои Душанберо ҳамсони ошӯбу саркӯбҳо дар кишварҳои соҳили Балтика, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Молдова шумурда, ҳамагиро ба талоши ҳифзи якпорчагии Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста медонанд. Аммо мақсад аз ташкили нооромиҳоро дар феврали соли 1990, ки баъдан ба хунрезӣ ва ба бетартибии оммавӣ табдил ёфт, гуруҳе аз тафтишот кори дасти онҳое медонистанд, ки нақшаи таъсиси давлати исломиро доштанд.

Саиданвар Камолов, муфаттиши ҳодисаҳои февралӣ дар КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ мегӯяд, "дар ҳамон шабу рӯз аз сиёсати бозсозиву демократия ва чизҳои дигар истифода карда, тавассути бозиҳои пасипардагӣ бояд дар Тоҷикистон давлати исломӣ таъсис мешуд. Ин он чизҳое ҳаст, ки ҳамон вақт тафтишот маълум карда буд."

Гурӯҳи дигари тафтишоти ҳодисаҳои февралии соли 1990 ҷараёни он воқеаҳоро тарҳрезишуда ва бо мақсади саркӯбии ҳаракатҳои озодихоҳии сокинони Тоҷикистон унвон мекунанд. Солеҳҷон Ҷураев, сардори бригадаи тафтишотии ҳодисаҳои февралии соли 1990 гуфт: "Ягон нафари онҳо мақсади сохтори давлатро дигар кардан надоштанд. Овезаҳо дар митингро агар бинед, Маҳкамов, Ҳаёев, Паллаев, ба истеъфо мегуфтанд. Онҳо намегуфтанд, ки мо давлати исломӣ месозем."

Ин се нафар ҳукуматро ба "Кумитаи 17" дода, ба истеъфо рафтанд, вале дертар ҷаласаи Ҳизби коммунист истеъфои онҳоро напазируфт ва баръакс аъзои ин кумитаро исёнгар номид ва ҷазо дод.

Дар пайи ин ҳодиса таъқиби дигарандешон хеле афзоиш ёфт ва аз ҷумла даҳҳо нафар ба далели пуштибониашон аз тазоҳургарон аз ҳизб ва кор ронда шуданд. Солеҳҷон Ҷӯраев, сардори вақти гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои февралӣ аз хориҷ шудани Бӯрӣ Каримов, ки он вақт муовини сарвазир буд, Нур Табаров -- вазири вақти фарҳанг, Абдулло Ҳабибов -- муовини вазири корҳои дохилӣ ёдовар мешавад, ки "бо гумони табаддулоти давлатӣ аз ҳизб ва кор хориҷ, аммо дертар ҳама сафед ва барқарор шуданд".

Таърихнигорон ба сурати умум рӯйдодҳои хунини феврали соли 1990-ро натиҷаи вазъи мушкили иқтисодию иҷтимоӣ ва оғози ҳаракати Тоҷикистон аз роҳи хатарноке медонанд, ки дар соли 1992 ин кишварро ба гирдоби ҷанги боз ҳам хунинтар ва пурқурбонитари шаҳрвандӣ тела дод. Дар ин ҷанг, ки аз соли 1992 то 1997 идома кард, ҳазорҳо нафар гурезаву кушта шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG