Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси корона. Трамп вуруди мусофирон аз Аврупоро барои як моҳ манъ кард


Доналд Трамп, президенти Амрико шоми чаҳоршанбеи 11-уми март дар як барномаи телевизионӣ дар бораи паҳншавии коронавирус дар ин кишвар суханронӣ кард. Ӯ дар ин суханронӣ чораҳои ҳукумати Амрико барои мубориза бо паҳншавии ин бемориро шарҳ дод.

Оқои Трамп аз тадбирҳои ҳукумати худ ҳамчун "фарогиртарин" талошҳо барои муқобила бо як вирус, ки аз хориҷ омадааст, ёд кард. Вай дар қисмате аз суханронии худ бо ишора ба паҳншавии вируси корона дар берун аз марзҳои Амрико гуфт, чораҳои аввалияи Амрико дар манъи вуруди мусофирон аз Чин, дар пешгирӣ аз коронавирус дар ИМА, муассир будааст.

Раиси ҷумҳури Амрико дар идома гуфт, вуруди мусофирон аз Аврупо ба Амрико то 30 рӯз мамнӯъ мешавад. Ба гуфтаи Доналд Трамп, ин муқаррарот аз нимаи шаби ҷумъа ба ҳолати иҷро медарояд. Мусофирони бритониёӣ шомили ин мамнуият нахоҳанд шуд.

Доналд Трамп ҳамчунин дар як паёми твиттерӣ навиштааст, маҳдудият барои мусофирон аз Аврупо ба Амрико шомили бахши тиҷорат нахоҳад буд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки ин маҳдудият қарор аст монеи ҳаракати мардум бишавад ва таъсире ба вуруди молу коло нахоҳад дошт.

Пас аз суханронии телевизионии Доналд Трамп, Вазорати амнияти дохилии Амрико ҳам дар баёнияе дар бораи мамнуияти вуруд аз Аврупо ба Амрико шарҳи бештар ироа кард.

Ин мамнуият барои ҳамаи мусофироне аст, ки 14 рӯз қабл аз сафар ба Амрико, ба яке аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо -- ҳавзаи Шенген, рафта бошанд. Ҳамчунин ин мамнуият шомили дорандагони иқомати доими Амрико ё дорандагони "Green card", нахоҳад буд.

Сарпарасти Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфтааст, ки дар 48 соати оянда дар баёнияе шарҳ хоҳанд дод, ки чигуна шаҳрвандони амрикоӣ, ки дар ҳавзаи кишварҳои Шенген сафар кардаанд, аз фурудгоҳҳои муайяншуда ба Амрико сафар кунанд.

Шумораи қурбониёни коронавирус дар Амрико то рӯзи чаҳоршанбе ба 37 нафар расид. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар Амрико 1267 нафар аст.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Амрико тадбирҳои сахтеро барои пешгирӣ аз ин беморӣ рӯи даст гирифтаанд. Дар иёлати Вашингтон, ки аз ҳама бештар ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирус сабт шудааст, мактабҳо ба муддати ду ҳафта баста шудаанд. Ҳокими ин иёлат рӯзи чаҳоршанбе таҷаммӯи беш аз 250 нафарро дар минтақаи Сиэттл манъ кард.

Ҳокими иёлати Ню-Йорк ҳам эълон кардааст, бо афзоиши шумораи гирифторони коронавирус, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ дар ин иёлат таътил ва дарсҳо ба таври онлайнӣ идома меёбанд.

Созмони Лигаи басктетболи ҳирфаии Амрико аз лағви мусобиқаи баскетбол дар ин кишвар хабар додааст.

XS
SM
MD
LG