Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, зидди COVID-19 "ҳеч кас набояд тамошобин ва бетараф бошад"


Президенти Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ ба муносибати 9 май, Рӯзи Ғалабаи нерӯҳои Шӯравии пешин бар Олмони фашистӣ бо арҷгузорӣ ба қаҳрамонони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар бораи талошҳо дар муқобили бемории COVID-19 сухан кард ва изҳори бовар намуд, ки Тоҷикистон аз ин мушкилро ба зудӣ пушти сар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳукумат барои наҷоти шаҳврандон аз тамоми чораҳо кор гирифта истодааст ва мардуми Тоҷикистон бояд ба ояндаи нек бовар дошта бошанд.

Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, сирояти коронавирус дар Тоҷикистон аз охирҳои моҳи апрел сар шуд ва "то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд." Ин дар ҳолест, ки нишонаҳои пайдо шудани COVID-19 дар Тоҷикистон ҳанӯз охирҳои моҳи март зоҳир гаштаанд ва ба эҳтимоли зиёд нахустин маргумир 31 март ва 1 апрел рух дода бошанд.

Дар оғоз Тоҷикистон тадбирҳои муҳимеро ҷорӣ намуд, аз ҷумла парвозҳо аз хориҷ ба ва баръаксро қатъ кард. Таҳкими назорат бар марзҳоиТоҷикистон бо Қирғизистон ва Узбекистон ва манъи вуруди хориҷиён ба кишвар дар нимаи дувуми апрел ҷорӣ гашт.

Эмомалӣ Раҳмон аз гирифтор шудани "садҳо" нафар ёд кард, дар ҳоле ки ин адад зери шубҳаи коршиносон аст ва шаҳрвандон мегӯянд, аксари бемористонҳо пур буда, беморонро баъди сарсонии зиёд бистарӣ мекунанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар кишвар то рӯзи 7-уми май вирус ба 461 нафар сироят кардааст ва аз ин миён 12 нафар фавтидаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт: "Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем. Табибон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо сипосу миннатдорӣ баён мекунам."

Бо вуҷуди арҷгузорӣ ба заҳмати кормандони тиб раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сироят ва фавтидани чанде аз онҳо ёдовар нагашт. Ба гуфтаи наздикони онҳо ва кормандони тиб, дар ду ҳафтаи гузашта 9 пизишк ҷон додаанд.

Президенти Тоҷикистон бо муроҷиат ба шаҳрвандон гуфт: "Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлӯи якдигар бошем. Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад."

Дар идомаи паёми худ раҳбари Тоҷикистон аз эҳтимоли коҳиши иқтисодӣ ва пеш омадани сахтиҳои иҷтимоӣ, ба монанди бекорӣ, камбуди ғизо ва монанди инҳо ҳарф зад ва аз афроди сарватманд хост, ба мардум кумак кунанд.

"Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худамонро самараноку оқилона истифода карда, барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ кӯшиш намоем. Хотирнишон месозам, ки агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд."

Дар пасманзари суолу шубҳаҳое, ки чаро раисиҷумҳури Тоҷикистон чандест дар мазҳари ом пайдо намешавад, Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам."

XS
SM
MD
LG