Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лама ё гӯсола? Баҳси фавти ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе. ВИДЕО


Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе марги лама, як ҷонвари нодир дар ин боғро рад мекунанд, вале мегӯянд, моҳҳои ахир ҳолати маргу мири ҳайвонот дар ин макон сабт шудааст. Ба қавли кормандони боғ, сирояти бемории COVID-19 ба кори ин муассиса таъсири ҷиддӣ гузоштааст, вале марги ҷонварон аз ин беморӣ нест.

Акси як ҷонвари фавтида, ки болояш бо селофан печонида шудааст, тайи ду рӯзи ахир дар "Фейсбук" баҳси шароити нигаҳдории ҷонваронро дар Боғи ҳайвоноти пойтахт дигарбора доғ кард.

Корбаре бо номи "Nature protection" рӯзи 26 май аз дохили Боғи ҳайвонот ҷонвари фавтидаеро аксбардорӣ намуда, сипас онро дар "Фейсбук" мегузорад. Ӯ бо ин амалаш аз марги лама дар аҳди сирояти коронавирус хабар додааст. Вай аз ҷумла гуфтааст, "як санҷиши ҳафтаина нишон дод, ки пандемия на танҳо одамон, балки ҳайвонотро ҳам бо роҳҳои дигар талаф медодааст".

Масъулони боғ гуфтанд, акси нашршуда на лама, балки гӯсолаест, ки баъди маргаш барои хуроки ҳайвонот ба боғ интиқол ёфта буд.

Ким Елена, муовини директори Боғи ҳайвонот охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ки моҳи май фавти ҷонваре сабт нашудааст, вале дар моҳҳои марту апрели ҳамин сол ду ҷонвар фавтидаанд: "Як шутур килёнка мехурад, вақти хурок хурдан дар байни хурокаш килёнка будааст, ҷарроҳӣ кардем, лекин баъди як моҳи ҷарроҳӣ фавтид. Ҷонвари дигари фавтида маймун аст, ки ба сини 37 расида буд, ташхисҳо нишон додаанд, ки аз манъи тапиши қалб фавтидааст, яъне пирӣ".

Ӯ гуфт, сокинон набояд ба хабари фавти ахир, ки гуё як лама дар боғ фавтидааст, бовар кунанд, зеро он асос надорад. Вай таъкид намуд, ки болои гӯсолае, ки аксбардорӣ шудааст, бо салафан маҳкам буд, бино бар ин волантёри як созмони вобаста ба экология онро лама хаёл карда, акс гирифтааст: "Гӯсола аз тарафи сокинон дере нагузашта барои хуроки ҷонварон оварда шуда буд".

Лама ё гӯсола? Баҳси фавти ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

Кормандони боғ ҷасади гӯсолаеро, ки ба қавли худашон ҳамчун лама иштибоҳан аксбардорӣ шудааст, ба мо нишон надоданд ва гуфтанд, он аллакай хуроки ҷонварон шудааст. Онҳо гуфтанд, дар боғ ҳамагӣ се сар лама аст ва ҳоло метавонед аз онҳо дидан намоед.

Волантиёре, ки аз ҷонвари фавтида аксбардорӣ кардааст, марбути ташкилоти ҷамъиятии "Пешсаф", созмони вобаста ба масоили экологӣ будааст. Умед Улуғов, намояндаи ин ташкилот ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам волантёри онҳо иштибоҳан аксбардорӣ кардааст.

Ӯ таъкид намуд, "дар яке аз рейдҳоямон ҷасади ҷонвареро дидем, ки рӯи замин селофанпеч аст. Онро акс гирифтем, ягона хатое, ки кардем ин буд, ки рӯи онро пурра накушодем. Аммо аз як тараф пурра кушодани он имкон надошт, зеро он дар қисмати хоҷагидорӣ буд ва мо тахмин кардем, ки он яке аз ҷонварони боғ аст. Вале масъулони боғ моро мутақоид сохтанд, ки он ҷасад барои хуроки ҷонварон оварда шуда буд".

Улуғов гуфт, аксро соати 6-и бегоҳ гирифтаанд ва бо далели вақти корӣ набудан натавонистаанд шарҳи онро аз кормандони боғ бипурсанд.

Намояндаи ташкилоти “Пешсаф” таъкид намуд, ки дар ин боғ камбудиҳо зиёд буда, мутаассифона ҷасадҳо ва фавти ҳайвонҳо низ хеле зиёданд. Ӯ мегӯяд, дар ин ҷо ҷонвароне дар макони хурд нигаҳдорӣ мешаванд, ки дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд.

Рӯзи 28 май дар Боғи ҳайвоноти Душанбе тақрибан муштарӣ ва ё дӯстдорони ҷонварон ба назар намерасид. Кормандони боғ гуфтанд, қаблан дар як рӯз беш аз ду ҳазор нафар аз ҷонварон дидан мекарданд, аммо бо пайдо шудани сирояти коронавирус, муштариён кам шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, то нисфирӯзии 28 май ҳамагӣ 30 муштарӣ вориди боғ шудааст.

Бархе аз огоҳон мегӯянд, ҷонварони Боғи ҳайвоноти Душанбе аз ҳисоби ғизо азият мекашанд. Онҳо мегӯянд, бахше аз маблағи хуроки ҷонварон аз ҳисоби даромад аз ташрифи муштариён аст ва бо коҳиши назарраси муштариён эҳтимол аст дар таъмини ҷонварон ба ғизо мушкилтар шуда бошад. Аммо масъулони боғ ба чунин гуфтаҳо розӣ нестанд, пайваста таъкид мекунанд, ки ғизои кофӣ барои ҷонваронро доранд.

Раҳбарияти Боғи ҳайвоноти Душанбе тасдиқ мекунад, ки камбудиҳое ба мисли биноҳои фарсудаи макони нигоҳдошти ҳайвонҳо ва тангии ҷой барои гаштугузори ҷонварон вуҷуд дорад, вале фавт дар сатҳи зиёд нест.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта хабарҳо аз марги ҷонварон борҳо расонаӣ шудааст. Марги гавазн ва шутурмурғ дар моҳи октябри соли гузашта баҳсу танқидҳоеро ба миён гузошт, ки ба думболи он барканории раиси он вақтаи боғ -Маҳмадалӣ Шарифов сурат гирифт.

Бино ба иттилои фаъолони муҳити зист, қабл аз ин ду рӯбоҳ ҳам дар ин боғ нобуд шудаанд.

Чаҳор сол қабл додситонии шаҳри Душанбе баъди талаф шудани ду мор дар сӯхтор, алайҳи як масъули "Боғи ҳайвонот" барои хунукназарӣ парванда боз кард. Марги "Турсунбой" -- ягона баҳмути ин боғ ҳам, ки ба гуфтаи мақомот аз "сактаи дил" мурд, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ин боғ ҷалб кард.

Дар пай маргу мири чунин ҷонварон корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва дӯстдорону ҳомиёни ҳайвонот вазъи нигаҳдории ҷонваронро дар ин боғ ҳузнангез тасвир карда, аз мақомот пайваста талаб мекунанд, ки вазъро ислоҳ кунанд.

Боғи ҳайвоноти Душанбе солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст ва то ин замон бозсозии зиёдеро аз сар нагузарондааст. Масоҳати он ҳудуди 5 гектарро ташкил медиҳад ва дар он ҳоло беш аз 1000 ҷонвар нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳост ҷонваршиносон барои сохтмони як боғи нав бо меъёрҳои замонавӣ садо баланд мекунанд ва ин мавзуъ дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳам баррасӣ шудааст. Барои бунёди боғи нави ҳайвонот ҳукумати шаҳр дар канори Душанбе минтақаи Чорбоғро интихоб кардааст, аммо ҳанӯз маълум нест ин боғ кай ва дар чӣ шакле сохта хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG