Рустам Ниёзбеков, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, соли 2013 ҳамроҳи оилааш дар "Тоҷиксодиротбонк" тақрибан 45 ҳазор доллар амонат гузошта буданд, то дар вақти дармондагӣ сарф кунанд. Вале замоне ки фарзандон бузург шуданду барои таҳсили онҳо пул даркор шуд, волидон натавонистанд пасандози худро аз бонк бигиранд. Ин мушкили онҳо дастикам се сол сол боз идома дорад.
Хонаводаи Ниёзбековҳо мегӯянд, замоне пулҳои худро дар бонк гузоштанд, ки ҳар рӯз тавассути расонаҳо аз сокинон даъват мешуд пасандозашонро на дар дохили болишту кӯрпа, балки дар бонкҳо бимонанд. Дар баъзе ҳолат ба амонатгузорон фоида ваъда мешуд.
Аммо баъд аз соли 2015 "Тоҷиксодиротбонк" ба буҳрон дучор шуд ва натавонист амонату пасандози муштариёни худро баргардонад, аз ҷумла амонати Ниёзбековҳоро. Масуълони бонк мегӯянд, ҳоло ба муштариён ба қадри имкон пул медиҳанд, вале амонатгузорон аз он норозиянд, ки пасандози худро дар вақти зарурӣ ва ба таври пурра гирифта наметавонанд.
Розия Мазамбекова, ҳамсари Рустам Ниёзбеков, рӯзи 15-уми сентябр дар як суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, талоши онҳо барои баргардондани маблағҳояшон аз соли 2018 то ҳол бенатиҷа аст. "Шавҳарам дар чанд ҷой кор мекард. Гуфтем, ки бачаҳоро мехононем, тӯй мекунем, аммо саргардон шудем. Барои бозпас гирифтани пул хеле вақте сармоя сарф кардем", -- нақл кард ӯ.
Мазамбекова мегӯяд, онҳо барои бозпас гирифтани амонатҳои худ ба баъзе гузаштҳо низ розӣ шудаанд, аммо ҳамчунон дар мушкил дармондаанд.
Ӯ нақл кард, ки "чанд моҳ пеш як корманди “Тоҷиксодиротбонк” бо номи Дилафрӯз Раҳмонова ваъда дод, дар ивази маблағ қисме аз амонатро гирифта медиҳад. Аз бонк 7 ҳазор доллар ҷудо шуд, вале ҳамагӣ чаҳор ҳазор доллар гирифтем. Корманди бонк хост, ариза навишта, аз бонк хоҳиш кунем, боқимондаи пулро ба суратҳисоби шахси дигар гузаронанд. Мо ин корро кардем ва ба ҷойи ҳалли масъала ба мушкил печидем."
Дар идораи марказии "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе гуфтанд, чунин амалиёти бонкӣ дар асоси аризаи мизоҷ сурат гирифтааст. Қурбонназар Восиев, масъули бахши матбуоти "Тоҷиксодиротбонк", дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Асос аризаи мизоҷ аст. Дар аризаи худ нишон медиҳанд, ки маблағ ба кадом суратҳисоб ва чӣ қадар бояд гузаронида шавад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Нигаронии муштариёне ба монанди Ниёзбековҳо дар он аст, ки бонк ба дархости онҳо барои гирифтани қисме аз пасандоз ҷавоби мусбат намедиҳад, аммо рӯёндани он тавассути "миёнравҳо" имконпазир ҳаст. Рустам Ниёзбеков ва ҳамсараш мегӯянд, барои ҷудо кардани “мӯй аз хамир” ба додгоҳ шикоят карданд ва ду ҳафта пеш Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт Дилафрӯз Раҳмоноваро бо гуноҳи қаллобӣ зиндонӣ кард, вале масъалаи онҳо ҳалношуда монд.
Назришо Лутфишоев, намояндаи ҳуқуқии хонаводаи Ниёзбековҳо, гуфт, аз зиндонӣ шудани корманди собиқи бонк розӣ нестанд, балки мехоҳанд пули онҳо пурра ва бо баҳраҳояш баргардонда шавад.
Қурбонназар Восиев, масъули бахши матбуоти "Тоҷиксодиротбонк", мегӯяд, ин муомила берун аз ваколатҳои кории корманди собиқи бонк сурат гирифтааст ва додгоҳ ба он баҳои ҳуқуқӣ додааст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари пайвандон ва ё вакили мудофеи Дилафрӯз Раҳмонова то ин дам бенатиҷа буд.
“Тоҷиксодиротбонк” яке аз бонкҳои калонтарин дар Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб дар пардохти амонатҳои муштариёнаш оҷиз монд.
Мақомот сабаби дучори мушкил шудани ин бонкро ба мудирияти нодуруст марбут дониста буданд. То моҳи ноябри соли гузашта "Тоҷиксодиротбонк" аз муштариён тахминан 46 миллион доллар қарздор будааст.
Бонки Миллии Тоҷикистон дар моҳи июли имсол эълон кард, "Тоҷиксодиротбонк" ҳамроҳ бо "Агроинвестбонк", бонки дигари дучори мушкил, аз аввали сол беш аз бист миллион доллари муштариёнро баргардондаанд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки Миллӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, "Тоҷиксодиротбонк" аз ҳисоби фурӯши амволи худ бо панҷ ҳазор муштариаш ҳисобро баробар кардааст, вале чаҳор ҳазор муштарии дигараш ҳамчунон мунтазири маблағҳои худ ҳастанд.
Ӯ дароз шудани муҳлати баргардондани амонати муштариёнро ба пандемияи коронавирус рабт дод. "Онҳо созишнома доштанд, аммо ҳамон тавр ки медонед, иртибот қатъ шуд, роҳҳо бастааст ва онҳо натавонистанд музокиротро ба поён баранд", -- гуфт Нурмуҳаммадзода.
Ҳукумат се сол пеш барои наҷоти "Тоҷисодиротбонк" 2 миллираду 250 миллион сомонӣ ҷудо кард, аммо мушкили пардохтпазирии ин бонк ҳал нашуд ва ҳанӯз муштариён паси дари бонку додгоҳҳо ҳаққи худро талаб доранд. Маълум нест, ин вазъ то кай идома хоҳад кард, вале аз оғози сол то кунун Сандуқи Байналмилалии Пул ба камияш ду дафъа ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки бонкҳои дучори мушкил -- "Тоҷиксодиротбоонк" ва "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳад.