Филми ин рӯзноманигор дар бораи заноне, ки сари роҳе дар Хатлон интизори корфармо менишинанд ва бо пули ночизе корҳои хоси мардонро анҷом медиҳанд, вокуниши зиёд овард. Ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки ҷойгоҳи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон мушаххас нашавад, мушкилотҳои дигари ин қишр, ҳалношуда боқӣ мемонад.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед.
Маҳпора Киромова, ки дар соли равон се филми мустанад сабт кард мегӯяд, ният дорад дар соли оянда дар бораи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ мустанад бигирад, ки се соли пеш рух дода буд. Суҳбати мо бо Маҳпора Киромова дар бораи мустандҳои гирифтааш, мушкилоти занон дар Тоҷикистон ва вазъи озодии баён дар остонаи Соли нав баргузор шуд. Мо нахуст аз Маҳпора пурсидем, ки идеяи таҳияи филми "Мардикор" аз куҷо пайдо шуд ва ҳадафаш аз бардоштани ин мустанад чӣ буд?
Маҳпора Киромова: Идеяи филм ду сол қабл пайдо шуд. Дар бораи мардикорбозори занон пештар аз ман хабаргузории "Азия-Плюс" як навори кутоҳи ду дақиқаӣ таҳия карда буд. Ҳамон вақт ман ҳамчун продюссер дар лоиҳаи "Салом соседи" кор мекардам ва ҳамин видеои кутоҳ дар доираи ҳамон лоиҳа омода шуд. Дидам, бисёр таъсирам кард ва фикр кардам, ин мавзӯест, ки на ду дақиқа, балки фаротар аз он дар доираи як матлаби бузург меғунҷад. Чанд вақт аз паяш будам, аммо ҷуръат намекардам. Чун то ин дам таҷрибаи таҳияи филми мустанадро надоштам ва фикр мекардам, ки шояд аз уҳдааш набароям. Баъдан, вақте аз ҷониби созмони "Интерюс" озмун эълон шуд, фикр кардам, ки вақташ омад, бояд аз паяш шавам. Якбор рафта ҳамроҳи ин занҳо суҳбат кардам ва эътимодам комилтар шуд, ки ин мавзуъ сазовори як филми мустанад аст. Чун вақте шумо дар бораи як мушкилот дар доираи як-ду дақиқа матлаб омода мекунед, намедонам чаро, аммо таъсираш он қадар зиёд нест. Тамошобин метавонад шарҳ гузорад, аммо таваҷҷӯҳи сохторҳои лозимаро ҷалб намекунад. Вақте як чизи ҷиддитар ба монанди филми мустанад омода мекунед, ё ягон сюжети таҳлилӣ, он вақт аҳамият медиҳанд.
"БУДАНИ МАРДИКОРБОЗОРИ ЗАНОН ШАРМАНДАГӢ АСТ"
Радиои Озодӣ: Ҳадаф аз таҳияи филм чӣ буд?
Маҳпора Киромова: Ҳадаф ҳамин буд, ки ба масъалаи мазкур сохторҳои дахлдор таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва аз пайи ҳали ин мушкил шаванд. Ин бозор дирӯз пайдо нашуд, он зиёда аз 10 сол аст, фаъолият мекунад. Занҳо ҳамарӯза аз паси рӯзии худ ба онҷо меоянд. Дар ин солу замон шармандагист, ки занҳо маҷбур шаванд, ризқу рӯзиашонро аз ин роҳ пайдо кунанд.
Радиои Озодӣ: Кадом лаҳзаи филм барои шумо аз ҳама хотирмон буд? Масалан, барои ман ҳамон лаҳзаро дидан дардовар буд, ки чигуна наврасони хурдсол рӯзи дароз модарашонро интизор мешаванд, то барои онҳое ғизое орад.
Маҳпора Киромова: Барои ман ҳам ин лаҳза таъсиргузор буд, аммо паси филм лаҳзаҳои хеле зиёд буданд, ки таъсири бештар доштанд. Масалан, барои ман то имрӯз хеле аламовар аст, ки дар баробари ин занҳо, кӯдаконашон ба мардикорбозор меоянд ва ҳамроҳашон кор мекунанд. Онҳо ҳоло ноболиғ ҳастанд, аммо баробари модаронашон баромада мардикорӣ мекунанд. Фарқ надорад, вай духтар аст ё писар. Масалан, қаҳрамони сеюми филм Бибизиёда духтараш синфи 8 мехонад ва баробари ӯ рафта кор мекунад. Ин бисёр як ҳолати ногувор аст.
Радиои Озодӣ: Як муаллиф то куҷо метавонад ҳамдарди қаҳрамон ё персонажи худ бошад? Шумо худро ҳамчун муаллиф бетараф ва беҳис мешуморед?
Маҳпора Киромова: Дар факултаи рӯзноманигорӣ ва редаксия ба мо меомӯхтанд, ки бояд ҳамчун рӯзноманигор бетараф бошем ва тавозунро риоя кунем. Аммо ба назари ман, вақте шумо аллакай ба ҳайси коргардон ба мавзуъ нигоҳ мекунед, бетарафӣ зоҳир кардан тамоман намешавад. Чун то он даме, ки шумо дарди қаҳрамонро эҳсос накунед, ба пуррагӣ тамоми дардашро нишон дода наметавонед.
Радиои Озодӣ: Баъд аз пахши филми "Мардикор" кӯмакҳои зиёде ба қаҳрамонҳои филм расид. Ба назаратон рисолати Шумо бо ҳамин тамом шуд?
Маҳпора Киромова: Не, мақсади ман, албатта, каме дигар буд. Ман мехостам, ки Вазорати меҳнат таваҷҷуҳ карда, мушкилоти онҳоро ҳал кунад. Дар оғоз Вазорати меҳнат таваҷҷуҳ накард, аммо нафароне буданд, ки хостанд кӯмак расонанд. Ин ҳам хуб аст. Ман то имрӯз бо ин занҳо дар тамос ҳастам. Аз пахши филм зиёда аз 4 моҳ гузашт, то имрӯз одамоне ҳастанд, ки ба онҳо кӯмак мебаранд. Чанд рӯз пеш Ширин Амонзода, вазири меҳнат ҳам ба ман дар Фейсбук навиштанд, ки мехоҳанд, дар робита ба мавзӯи занони мардикор суҳбат кунанд. Рӯзҳои наздик мо аз наздик бо он кас суҳбат мекунем. Ҳоло рисолати ман пурра тамом нашудааст. Агар Вазорати меҳнат таваҷҷуҳ кунаду мушкили онҳо пурра ҳал шавад ва агар як рӯз мо бедор шавем ва фаҳмем, ки ин бозор вуҷуд надорад, ҳамон вақт рисолати ман анҷомшуда ҳисоб меёбад.
"ВАҚТЕ АЗ ПОЙТАХТ БЕРУН МЕРАВЕД..."
Радиои Озодӣ: Дар оғози суҳбат гуфтед, ки вуҷуди бозори кор барои занон шармандагӣ аст. Чаро?
Маҳпора Киромова: Бубинед, мо дар бораи истиқлолият суҳбат мекунем, мегӯем, ки шукргузор бояд бошем, чунки ватанамон имрӯз гул-гулшукуфон аст, мушкилот нест. Вақте шумо инро дар телевизионҳои давлатӣ мебинед, дар тасаввуратон як кишвари хеле обод пайдо мешавад. Аммо вақте аз пойтахт берун меравед, шоҳид мешавед, ки ҳақиқат ва воқеият тамоман чизи дигар аст. Албатта мефаҳмам, ки барои чӣ телевизионҳои давлатӣ ҳама вақт ҷиҳати хуби рӯзгори моро нишон медиҳанд, аммо бояд ин паҳлуи масъала ҳам нишон дода шавад.
Радиои Озодӣ: Суоли баъдии ман ҳам дар ин робита аст. Филми нави шумо "Селканда", ки ҳамин чанд рӯзи пеш пахш шуд, боз ҳам аз зиндагии сахти сокинон дар як деҳаи дурдаст қисса мекунад. Пеш аз он филми "Аличор" ҳам дар бораи зиндагии сахти сокинони як деҳаи дурдасти Бадахшон буд. Фикр намекунед, ки рӯйи душвориҳои зиндагии мардум тамаркуз кардаед ва аз падидаҳои мусбат канораҷӯӣ мекунед?
Маҳпора Киромова: Пас саволи ҷавобӣ, агар ман болои сахтиҳои зиндагии мардум таваҷҷуҳ накунам, пас кӣ бояд таваҷҷуҳ кунад?
Радиои Озодӣ: Шумо каме пештар гуфтед, ки телевизионҳои давлатӣ бештар ба паҳлуи мусбати зиндагии мардум таваҷҷуҳ мекунанд, аммо шумо аз ин тараф. Фикр намекунед, ки кори шумо ва онҳо якхела аст. Онҳо талош мекунанд, ҷаннате нишон диҳанд, аммо шумо мехоҳед дузах.
Маҳпора Киромова: Дар доираи фаъолияти рӯзноманигорӣ хеле зиёд дар бораи паҳлуҳои мусбати ҳаёт дар Тоҷикистон нақл мекардам. Масалан, дар доираи лоиҳаи "Салом соседи" 185 видео омода кардем, ки ҳамаашон мусбат буданд, дар бораи камбудиҳо суҳбат намекардем. Бо ин ҳама гуфтанӣ нестам, ки имрӯз асосан дар бораи камбудӣ суҳбат мекунам, чун то ҳол танҳо 3 филми мустанад таҳия кардаам, ки дар бораи паҳлуҳои сахти зиндагии мардум буд. Аммо ин маънои онро надорад, ки фардо дар бораи паҳлуҳои хубаш нақл намекунам. Албатта, ин гуна маводҳо ҳам мешавад.
Радиои Озодӣ: Филмҳои бардоштаи Шумо дар доираи лоиҳаҳои грантӣ ё маблағҳои бебозгашт бардошта мешаванд. Мавзуъҳои шуморо кӣ интихоб мекунад?
Маҳпора Киромова: Танҳо худам. Дар ҷомеаи мо як андешаи қолаби пайдо шудааст, ки агар грант бошад, пас онҳо дикта мекунанд, ки ту аз паси кадом мавзуъ шавӣ. Ингуна нест. Мавзуъҳо аз ҷониби ҳар як муаллиф мустақилона пешниҳод мешаванд ва то имрӯз ягон созмоне, ки ба ман барои гирифтани филм маблағ пешниҳод кардааст, нагуфтаанд, ки Маҳпора ин мавзуъ ба мо ҷолиб нест, аз паси мавзӯи дигар шав. Инхел набуд. То имрӯз мустақилона мавзуъҳоро пешниҳод кардам ва онҳо дахолате ҳам накардаанд.
Радиои Озодӣ: Интизори шумо аз ин филмҳо чист: шаъну шуҳрат, ҷоизаҳо дар фестивалҳо, розӣ будан аз худ, маблағ ё ҳалли мушкили мардум?
Маҳпора Киромова: Ҳали мушкили мардум. Агар пас аз нашр мушкилоти мардум ҳал нашавад, пас ман ба мақсад нарасидам.
"ТАҚДИРИ МАРДИКОРОН ДАР ФАРЗАНДОНАШОН ТАКРОР МЕШАВАД"
Радиои Озодӣ: Лоиҳаи “Нерӯи шумо дар чист, хоҳарон?”, ки пештар шумо аз он ёдовар шудед, асосан суҳбат бо занони муваффақро дарбар мегирифт. Филмҳои “Мардикор” ва “Селканда” бошанд, бештар дар бораи мушкилоти занон буданд. Ба назари шумо мушкилоти аслии занони тоҷик кадомҳо ҳастанд?
Маҳпора Киромова: Мушкилотҳо хеле зиёданд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо, афсус зан то ҳол дар зинаи поёнтар аст. Аз ҳар нигоҳ. Ҳатто агар дар мисоли занҳои мардикоре, ки дар бораи зиндагиашон филм гирифтам нигоҳ кунем, ҳамаи онҳо нохондаанд ва мардҳои хонаводаашон зарур нашумурданд, ки ин занҳо дар овони кӯдакӣ ба мактаб раванд ва таҳсил кунанд. Яъне, зан ҷойгоҳаш ҳамеша сад қадам дуртар аз мард аст. Занҳое, ки дар мардикорбозор ҳастанд, ҳамаашон тақрибан то синфи 4 мактаб хондаанд. Чихел ин имкон дорад, ман намедонам. Агар ин мушкил, яъне аз таҳсил дур мондан ҳал нашавад, фарзандони онҳо ҳам дучори ҳамин мушкилот мешаванд. Чунки онҳо вақт ва маблағ надоранд, ки фарзандонашон мактаб хонанд. Дар он мардикорбозор ҳамон духтаре, ки синфи 8 аст, мактаб намеравад. Чунки вақт надорад ва бояд барои зиндагӣ маблағ ёбад. Боз кӯдаконе ҳастанд, ки аз онҳо хурдтар, онҳо ҳам мактаб намехонанд. Ин мушкилот ҳеч гоҳ роҳи ҳали худашро намеёбад, агар имрӯз ҳамин масъалаи таҳсил ҳал нашавад. Яъне, тақдири ин занони мардикор, дар фарзандонашон, такрор меёбад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба нақши зан таваҷҷуҳ бештар зоҳир шавад ва нигоҳи мардум ҳам бояд дигар шавад. Баланд бардоштани мақоми зан бештар дар сатҳи шиор боқӣ мондааст. Як чизи сунъӣ аст, мо мегӯем, аммо дар амал дигар аст. Ҳар мушкилоте, ки имрӯз занҳо доранд, аз ҳамин вобаста аст. Яъне, ба ҳамин чиз рабт дорад, ки то вақте мо ҷойгоҳи занро аниқ накунему ҳуқуқи занро риоя накунем, мушкилотҳои дигар ҳал намешаванд. Мушкилотҳои дигаре, ки ба зан дахл доранд, аз қабили ҷойи кори сазовор ёфтан, дар баробари ҳама таҳсил кардан, хушунат надидан дар оила аз он сар мезанад, ки мо занро дар қатори инсон намедонем.
“МАН РӮЗНОМАНИГОР МЕМОНАМ”
Радиои Озодӣ: Шумо солҳои зиёд ҳамчун рӯзноманигор дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ кор кардед. Чӣ сабаб шуд, ки ба бардоштани филмҳои мустанад рӯ овардед?
Маҳпора Киромова: Филмбардорӣ идомаи кори журналистӣ аст. Миёни ҳарду ман фарқ намегузорам. Агар ман аз пайи сабти филм шудам, маънои онро надорад, ки ман дигар рӯзноманигор нестам. Ман рӯзноманигор боқӣ мемонам, мустанадсозӣ ҳамон нақли воқеият аст. Шумо ҳам воқеъиятро нақл мекунед, ман ҳам. Шояд каме шакли таҳияамон дигар бошад, аммо мақсади асосӣ ҳамон аст.
Радиои Озодӣ: Вазъи озодии баёнро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Маҳпора Киромова: То инки аз пайи филмбардорӣ шавам, фикр мекардам, ки пас аз пахш аз ҷониби баъзе сохторҳо мушкил эҷод мешавад. Шояд ман ҳоло ба иззати нафси ягон кас сахт нарасидам, ягон мушкил эҷол нашуд. Агар дар мисоли кори худам гӯям, хубтар аз он чи ки мо тасаввурашро дорем.
Радиои Озодӣ: Ин албатта назари Шумо аст, аммо расонаҳои касбӣ мисли хабаргузории “Азия Плюс” ба мушкилоти фаровоне рубарӯ ҳастанд. Сомонаи хабаргузорӣ шикаста шуд ва ахиран мехоҳанд кормандони ин хабаргузориро аз дафтари корӣ маҳрум кунанд. Ҳамкорони мо дар Радиои Озодӣ ҳам мушкили гирифтани парвонаи кор ё аккредитатсияро доранд.
Маҳпора Киромова: Ман дар мисоли худам гуфтам, ки то имрӯз пас аз нашри маводҳо ягон мушкилот эҷод нашуд. Аммо ин оғози роҳ аст.
Радиои Озодӣ: Шояд ҳоло хатти сурхро нагузаштед ва бештар дар доираи мавзуъҳои иҷтимоӣ маҳдуд шудаед?
Маҳпора Киромова: Шояд, аммо имрӯз мавзуҳои иҷтимоӣ ҳам хавфнок шудаанд. Масалан, шумо дар Радиои Озодӣ маводҳои зиёде дар бораи коронавирус нашр кардед, ки дар пайи он бароятон мушилиҳое эҷод шуданд. Ҳамкори мо дар “Азия Плюс” барои инъикоси ҳамин мавзуъ зери латту кӯб қарор гирифт. Барои ҳамин ман шояд ҳоло ба хатти сурх нарасидам. Дар маҷмуъ, баҳои умумии ман ин аст, ки вазъи озодии баён он қадар хуб нест. Алалахусус, аз мушкилоте, ки “Азия Плюс” дорад, бисёр нигаронӣ дорам. Чунки “Азия Плюс” барои ман ва шояд барои бисёриҳо расонаи хабарии тоҷикистонии рақами як боқӣ мемонад. Маҳдуд кардани имкониятҳои хабаргузорӣ бар зарари ҷомеа аст. Шояд мушкилотҳои аз ин бештар дар пеш бошанд, аммо бовар дорам, ҳамкасбон дар “Азия Плюс” мардонавор ин ҳамаро паси сар мекунанд.
ТО ВАҚТЕ "КӮРПА" ҲАСТ, МАҲДУДИЯТ МЕМОНАД"
Радиои Озодӣ: Имрӯз бештар калимаи тарсро мешунавем. Оё Шумо ҳам метарсед?
Маҳпора Киромова: Бале.
Радиои Озодӣ: Аз кӣ?
Маҳпора Киромова: Натарсидан дар замони имрӯз имкон надорад. Мардуми тоҷик як мақол доранд, ки “поятро ба андозаи кӯрпаат дароз кун.” То имрӯз ман поямро мувофиқи "кӯрпа" дароз мекунам.
Радиои Озодӣ: Маҳдудаи ин "кӯрпа" чӣ қадар аст? Чун журналист бояд барои худ маҳдудае муқаррар накунад, ҳар чизе ки воқеият аст, онро расонад.
Маҳпора Киромова: Бале, аммо мо медонем, ки мо дар кадом кишвар зиндагӣ мекунем. Барои ҳамин “кӯрпа” ҳаст, маҳдудият ҳаст. Ман кӯшиш мекунам, дар доираи он имконияте, ки дорам рисолати худро дуруст анҷом диҳам.
Радиои Озодӣ: Яъне, шумо қабул доред, ки барои худ як хатти муайян кашидаед ва аз доираи он берун намебароед.
Маҳпора Киромова: Бале, аз он зиёд пой намегузорам.
Радиои Озодӣ: Аз он фаротар чӣ аст?
Маҳпора Киромова: Соли оянда бояд як филми мустанади дигар омода кунам, ки каме аз доираи “кӯрпаам” дарозтар аст. Намедонам оқибаташ чӣ мешавад?
Радиои Озодӣ: Ин филм дар кадом мавзуъ аст?
Маҳпора Киромова: Мавзӯи терроризм. Дар ин бора танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки филми мустанад дар бораи воқеаҳои соли 2018, яъне ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара аст. Аз ин зиёд гуфта наметавонам.
Радиои Озодӣ: Нақшаҳои минбаъдаи Шумо чист, оё мунтазири филмҳои нав бошем?
Маҳпора Киромова: Аз моҳи январ силсила-мусоҳибаҳои видеоӣ омода мекунам ва ҳар моҳ бояд як мусоҳиба омода шавад. Баъдан, ҳар се моҳ сюжетҳои таҳлилӣ омода мешаванд. Ҳамон тавре, ки гуфтам, дар соли оянда нашри як филми мустанад дар бораи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар назар аст.